Хабарҳо аз ҷониби MTC
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

   ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам…
Тоҷикистон ҳамкорӣ бо давлатҳои минтақаро муҳимтарин воситаи рушди муштарак ва таъмини сулҳу субот мешуморад

   ДУШАНБЕ, 19.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва табодули таҷрибаи ғании Тоҷикистон дар муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ, барқарории сулҳу субот тавассути гуфтушунидҳо Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки давлати худро ба узвияти ғайридоимии Шӯрои Амнияти…
ВАЗЪИ ИМРӮЗАИ НАРХИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА ТАВАҶҶУҲИ МАРДУМ БА ОН
   Бештари коршиносони ҷаҳон бар он ақидаанд, ки дар соли 2023 эҳтимолияти баланд гардидани нархи маҳсулоти хӯроквории асосӣ, аз қабили ғаладонагиҳо, равған, шакар, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ аз эҳтимол холӣ нест. Ин маҳсулоте мебошанд, ки дар истеъмолоти ҳаррӯзаи аҳолӣ васеъ истифода гардида, барои…
ДАР ВАСФИ НАВРӮЗИ ДИЛАФРӮЗ

   Наврӯз дар ҳаёти маънавии мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон, мақому манзалати бузурге дорад. Аз ҳамин ҷост, ки на танҳо дар эҷодиёти шифоҳӣ, балки дар адабиёти китобӣ қариб ҳамаи суханварони форсу тоҷик, аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то шоирони муосир, ин ҷашни фархундаи миллиро васфу…
ИНЪИКОСИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТОҶИКИСТОН – ОСИЁИ МАРКАЗӢ: СИЁСАТИ ҲАМҶАВОРӢ, ҲАМЁРӢ, ДӮСТИИ АБАДӢ ВА РУШДИ МУШТАРАК» ДАР ВАСОИТИ АХБОРИ ОММАИ ВАТАНӢ ВА ХОРИҶӢ

   Санаи 10 марти соли 2023 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалиро дар мавзуи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» баргузор…
НАВРӮЗ – ҶАШНИ АҶДОДИИ ТОҶИКОН

   Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориётабор буда, наслҳои имрӯзро бо анъана ва расму ойинҳое, ки гузаштагони мо доштанд, мепайвандад. Чуноне ба ҳамагон маълум аст, ҳар халқияту миллат расму оине дорад ва ҳар қавмро одатест, ки онҳоро асрҳо нигоҳ медорад ва ин…
НАВРӮЗ – АЙЁМИ ОҒОЗИ КИШТУКОР

   Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст…
ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ НАВРӮЗ

   Рӯзи 16 марти соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки Наврӯз ҷашнест, ки тамоми инсону мавҷудоти оламро…
НАВРӮЗ БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ
   Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллию фарҳангии мардуми тоҷик маҳсуб гардида, ҳамасола дар остонаи оғози фасли баҳор ва эҳёи табиат таҷлил мегардад. Вожаи Наврӯз аз нигоҳи этимологӣ маънои рӯзи навро ифода карда, аз омадани соли нав огаҳӣ медиҳад. Бо ибораи дигар, ин…
Наврӯз ҷашни сулҳу Ваҳдат аст.

   Дар рӯйи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё, Ё ҳафт син бибояд ё ҳафт навдаи он. То боғи ҳафт иқлим рӯйи хазон набинад, То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон! Наврӯз аз бузургтарин ва бостонитарин ҷашнҳои мардумони ориёӣ, ки таҷлили он аз нахустин…