Санаи 10 марти соли 2023 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалиро дар мавзуи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» баргузор намуд. Дар кори  ҳамоиш роҳбарон ва коршиносони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ ширкат варзиданд.

Дар конфронс нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амният ва суботи минтақавию байналмилалӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар самти мазкур таҳлил гардиданд. Ҳамзамон, сиёсати ҳамҷаворӣ ва ҳолату дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун омили муҳимми таъмини субот ва рушди устувор дар шароити тағйироти куллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ  қарор гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамоиши мазкур ҳам аз ҷониби воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва ҳам хориҷӣ ба таври густурда инъикос гардид.

Рӯйхати  маводҳои иттилоотӣ дар бораи ҳамоиши мазкур  дар сомонаи  расмии МТС  ва  торнамои  “Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва  “Стратег”-и  фейсбуки шабакаи иҷтимоии интернет:

  1. Иттилоияи ҳамоиш (анонс) – 3 адад (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)
  2.  Варақаи матбуотии конфронси байналмилалӣ – 2  адад  (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ)
  3. Хабари мухтасари баргузории Конфронси мазкур – 2 адад (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ)
  4. Хабари баргузории конфронси номбурда дар АМИТ “Ховар” – 3  адад  (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)
  5. Хабари баргузории конфронси номбурда дар АМИТ “Ховар” – 3 адад  (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)
  6. Дар Душанбе сиёсати ҳамҷаворӣ, ва ҳамёрии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ карда шуд. АМИТ “Ховар” – 3  адад  (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)
  7. Хабари  ҷамъбасти ҳамоиши мазкур –  2 адад  (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ).
  8. аз суханронии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ: “У ЦА особое место в системе международных отношений” – 2 адад (бо забонҳои русӣ ва англисӣ)   
  9. Иқтибос аз  суханронии директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир  Норов: “Роль Таджикистана в деле укрепления взаимосвязанности и развития конструктивного сотрудничества на пространстве ЦА”–2 адад (бо забонҳои русӣ ва англисӣ).        
  10. Иқтибос аз  суханронии директори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода: “В ЦА усиливается конкурецияи за потоками идей и ценностей” –  2 адад (ба забонҳои русӣ ва англисӣ).
  11. Иқтибос аз  суханронии директори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода: “Таджикистан придает большое значение отношениям со всеми странами  Центральной Азии”–2 адад (ба забонҳои русӣ ва англисӣ).
  12. Иқтибос аз  суханронии директори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Усмонзода: “Центральная Азия в состоянии сформировать самостоятельно свою региональную повестку дня”–2 адад (ба забонҳои русӣ ва англисӣ).
  13. Иқтибос аз  суханронии директори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода: “Страны Центральной Азии вносят свой вклад в глобальную стабильность и процветание”–2 адад (ба забонҳои русӣ ва англисӣ).
  14. Иқибос аз конфронси байналмилалии номбурда: “Таджикистан придает большое значение отношениям со всеми странами Центральной Азии”- 2 адад (бо забонҳои русӣ ва англисӣ)
  15. Иқтибос аз суханронии муовини директори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода: ”Таджикистан лидер в борбье     с терроризмом и экстремизмом”–2 адад (ба забонҳои русӣ ва англисӣ).
  16. Иқтибос аз суханронии муовини директори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода: ““Душанбинский процесс” важной фактор противодействия терроризму и насильственному экстремизму”–2 адад (ба забонҳои русӣ ва англисӣ).
  17. Иқтибос аз суханронии муовини директори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода: “Государства ЦА обладают всеми ресурсами, чтобыи стать важным фактором обеспечения стабильности и устойчивого развития в общирной Евразии”–2 адад (ба забонҳои русӣ ва англисӣ).
  18. Иқтибос аз суханронии муовини директори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода: “Внешняя политика Республики Таджикистан всегда носила и носит мирный и бескорыистный характер”–2 адад (ба забонҳои русӣ ва англисӣ).
  19. Иқтибос аз суханронии муовини директори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода: “Таджикистан всегда подерживал международные инициативы, направленные на развитие и процветание Центральной Азии”–2 адад (ба забонҳои русӣ ва англисӣ).
  20. Иқтибос аз суханронии муовини директори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода: “Мир находиться в сложном периоде своего развития ”–2 адад (ба забонҳои русӣ ва англисӣ).
  21. Иқтибос аз суханронии муовини директори МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода: “Международные инициативы Лидера нации являются безальтернативной и важной плошадкой”–2 адад (ба забонҳои русӣ ва англисӣ).
  22. Иқтибос аз суханронии намояндаи минтақавиии Бунёди ба номи Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ Ранни Хайни: “Общая позизиция государств ЦА является залогом устойчивого развития региона”– 2 адад (бо забонҳои русӣ ва англисӣ)                     

Бояд гуфт, ки дар бораи кори конфронси байналмилали мазкур танҳо дар ин ду сомонаи интернетӣ 46 маводи иттилоотӣ ва таҳлилӣ  бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ интишор карда шуд. Ба ғайр аз ин, тавассути мактуб намояндагони 18 васоити ахбори омма  даъват шуда буданд, ки аксари онҳо дар конфронс иштирок намуданд ва дар расонаву нашрияҳои  худ ин ҳамоишро инъикос намуданд, аз ҷумла:

  1. Шабакаи “ТВ Тоҷикистон”
  2. Шабакаи “ТВ Сафина”
  3. Шабакаи “Ҷаҳонамо”
  4. Шабакаи “ТВ Душанбе”
  5. Шабакаи “Сайҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”
  6. Шабакаи “ ТВ илм ва табиат”
  7. Ширкати телевизионии байнидавлатии “Мир”
  8. Шабакаи “Радиои Тоҷикистон”
  9. АМИТ “Ховар”
  10. Радиои “Ховар”
  11. Радиои бурунмарзии Тоҷикистон
  12. Рӯзномаи “Минбари халқ”
  13. Рӯзномаи “Садои мардум”
  14. Рӯзномаи “Ҷумҳурият”
  15. Рӯзномаи “Народная газета”
  16. Рӯзномаи “Халқ овози”
  17. Хабаргузории “Азия-Плюс”
  18. Хабаргузории “Спутник”.

Бояд тазаккур дод, ки ба ғайр аз ин, намояндагони марказҳои таҳлилии  кишварҳои Осиёи Марказӣ  роҷеъ ба конфронси номбурда дар сомонаҳои расмии худ ба таври фаврӣ хабарҳо дарҷ карданд, аз ҷумла, намояндаи Агентии иттилоотии “дунё”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Ҳамзамон, дар рафти ҳамоиш мулоқотҳои дуҷониба бо ҳайатҳои намояндагони  давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Хабари мулоқотҳои мазкур дар сомонаи  МТС (www mts.tj), сомонаҳои “Маркази тадқиқоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Стратег” дар шабакаи иҷтимоии фейсбуки интернет бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузошта шуданд.

  1. Хабари мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисистон бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 3 адад (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)
  2. Хабари мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияи МТС бо ҳайати намояндагони Қазоқистон – 3 адад (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)
  3. Хабари мулоқоти дуҷонибаи роҳбарияти МТС бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон– 3 адад (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)
  4. Хабари мулоқоти роҳбарияти МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Туркманистон – 3 адад (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ).

Дар раванди конфронси байналмилалӣ  роҳбарон  ва коршиносони зерини  марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ мусоҳиба оростанд.

  1. Директори Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов;
  2. Директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Еркин Тукумов;
  3. Директори Пажӯҳишгоҳи  миллии тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Канатбек Азиз;
  4. Директори Маркази тадқиқоти стратегии Донишкадаи  муносибатҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон Шири Шириев;
  5. Муовини аввали директори Пажӯҳишгоҳи  тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акрам Неъматов суханронӣ намуданд.
  6. Коршиноси пешбари шуъбаи тадқиқоти осиёии Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Алия Мусобекова,
  7. Директори Маркази тадқиқоти ташаббуси “Маъно”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Эргашев;
  8. Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидумар Раҷабов;
  9. Сардори шуъбаи Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Хуррамов;
  10. Корманди илмии Пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Нурбек Мамитов,
  11. Ходими калони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хуршед Додихудоев.

Роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар бораи ҳамоиши мазкур мусоҳибаҳои телевизионӣ ва радиоӣ анҷом доданд, аз ҷумла:

  1. Директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода;
  2. Мувоини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода;
  3. Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Ҷӯрахонзода;
  4. Сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ Зубайдулло Давлатов;
  5. Котиби матбуотии Марказ Қиёмиддин Сатторӣ.

Умуман, Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак” аз тариқи матбуоти ватанӣ ва хориҷӣ  ҳамаҷониба инъикос гардид ва  онро журналистон ва коршиносон дар сатҳи баланд мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед