Бештари коршиносони ҷаҳон бар он ақидаанд, ки дар соли 2023 эҳтимолияти баланд гардидани нархи маҳсулоти хӯроквории асосӣ, аз қабили ғаладонагиҳо, равған, шакар, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ аз эҳтимол холӣ нест. Ин маҳсулоте мебошанд, ки дар истеъмолоти ҳаррӯзаи аҳолӣ васеъ истифода гардида, барои тавлиди неруи бадан ва калориянокии он нақши мӯҳим мебозад. Ин маҳсулотро метавон дар ҳолати кунунии истеъмолӣ истифода намуда, ё ин ки ба таври коркарди иловагӣ дар саноати хӯрокворӣ молу маҳсулоти нав омода намуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти номбаргардида (ба ғайр аз шакар) мавҷуд мебошад. Аммо барои таъмини пураи аҳолӣ ба он на танҳо аз истеҳсолоти дохилӣ, балки ба таври воридот аз кишварҳои ҳамсоя ва дигар давлатҳо ворид менамоем. Новобаста аз ҳамаи ин, бо кӯшишу талошҳои Ҳукумати кишвар дараҷаи мувозини нархҳо нигоҳ дошта мешаванд ва ҳатто баъзе аз онҳо нархашон пастар мегардад. Тибқи таҳлилҳои гузаронидашуда, дараҷаи тадҳиқоти мушоҳидавӣ ва назарпурсии аҳолӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе чунин мебошанд.
Дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва фурӯши маҳсулот дар ярмаркаҳо, арзиши маҳсулоти хурокворӣ як фоиз коҳиш ёфта, арзиши воқеии он дар фурӯши бозори каме баландтар аст. Аз сабаби он ки дар бозорҳои шаҳри Душанбе ярмаркаҳо ташкил гардида, тайи якчанд рӯз давом ёфтаистодааст, бештари тоҷирон мегӯянд, ки мо низ маҷбур шудаем молу маҳсулотро навобаста аз дараҷаи фоиданокияшон, ба фурӯш ва нархи паст пешниҳод намоем. Инчунин, харидорон низ аз дараҷаи нархҳо розӣ буда бештари онҳо чунин ақида баён намуданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон нигоҳ доштани чунин ярмаркаҳо бениҳоят барои аҳолӣ хуб ва манфиатовар мебошанд.
Мувофиқи таҳлили бозорҳои шаҳри Душанбе ба мо маълум гардид, ки арзиши баъзе аз маҳсулот дар моҳи марти 2023 на он қадар тағйир ёфтаанд. Баракс, бештари молу маҳсулот нархашон паст гардидааст, ки ҳамаи ин аз ҳисоби ярмаркаҳои фурӯш мебошад. Тавре ки дар таҳлилҳо маълум гардид, арзиши як халта орди якум 260 сомонӣ ва дар ду моҳи аввали соли 2023-ум 280 сомониро ташкил медод, ки нисбат ба ду моҳи аввали соли 2023-ум 8,2 дарсад коҳиш ёфтааст. Нархи равган вобаста ба навъҳои он аз 90 сомонӣ то ба 95 сомониро ташкил медиҳад ва дар ду моҳи қаблӣ низ чунин нишондоди нарх буд. Нархи як кг шакар бошад, 9 сомонӣ дар ярмаркаҳои фурӯш ва савдогарон низ бо чунин нарх 9,5 -10 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудаанд. Дар суҳбат баъзе онҳо иброз намуданд, ки то 90 сомонӣ низ дар фурӯши мо пешниҳод мегардад. Картошка ва пиёз низ дар ярмаркаҳо 4 сомониро ташкил медиҳад ва вобаста ба ниёзи аҳолӣ кам ё зиёд фурӯхта мешавад. Дар ин қатор равғани рустанӣ низ аз 105 сомонӣ ба 88 сомонӣ дар ду моҳи соли 2023 расидааст, ки ин нисбат ба моҳи декабри соли 2022-юм – 16,2 дарсад поин омадааст. Ҳамин тавр, шакар аз 12 сомонӣ ба 9-10 сомон, биринҷи маҳаллӣ аз 18-20 сомонӣ ба 14-18 сомонӣ, тухми мурғ аз 45-50 сомонӣ моҳи декабр ба 35-38 сомонӣ дар ду моҳи аввали соли 2023 баробар шуд, ки коҳишёбии он қариб ба 24 дарсад баробар аст. Сабзи бошад, нархаш дар ярмаркаҳо 3 сомониро ташкил медиҳад, ки миқдори харид бошад, вобаста ба талаботи лозимаашон харидорон дастрас менамоянд.
Дар натиҷаи суҳбат бо бештаре аз харидорон маълум гардид, ки аҳолии шаҳр вобаста ба чунин дастгириҳои давлат ва ҳукумат миннатдорӣ баён намуданд. Танҳо баъзе аз онҳо чунин пешниҳод намуданд, ки нархи биринҷи хуб каме дастнорас мебошад ва хуб мегардад, ки дар моҳи Рамазон чунин ярмаркаҳо идома ёбанд. Нархи биринҷ дар ярмаркаи фурӯш 8 сомониро ташкил медод ва ин сифатан каме нисбати биринҷҳои дигар пастар мебошад, баён намуданд харидорон. Нархи гӯшт дар ярмаркаҳои фурӯш 55 сомонӣ ва як кило гӯшти мурғи кушташуда 55 сомониро ташкил медод. Нархи бозории он бошад, 65-68 сомониро ташкил медиҳад, ки дар суҳбат бо фурӯшандагони ярмарка маълум гардид, ки агар харидор дар ҳақиқат ягон тӯй ё маърака дошта бошад, мо ба вай миқдори лозимаи гӯшт пешниҳод менамоем.
Нархи тухм дар ярмаркаҳо 35 сомонӣ ва нархи фурӯши бозории он бошад аз 38 то 45 сомониро ташкил медиҳад. нархи нахӯд ва лӯбиёгиҳо бошад дар доираи 15 то 19 ва сифати аълодоштаяш 25 сомонӣ мебошад. Дар натиҷаи суҳбат бо харидорон маълум гардид, ки каме арзиши чунин маҳсулот нисбати дигар маҳсулоти дигар баландтар мебошад. Хуб мегардад, ки дар ярмаркаҳо пешниҳод гардидани нахӯд ва дар як доиари миёна нигоҳ доштани арзиши он (аз 12 то 15 сомонӣ), чунки истеъмоли нахӯд дар моҳи пешомада зиёдтар мебошад.
Маълум гардид, ки дар ин моҳ танҳо нархи макарон нисбати ду моҳи аввала баланд гардидааст. Нархи як кило макарон дар ду моҳи қаблӣ 10 сомониро ташкил медод, ҳоло бошад, нархи як кило он 11 сомониро ташкил медиҳад. Нархи як литр шир 7 сомонӣ ва маҳсулоти ширӣ бошад (қаймоқ, ҷурғот) аз 5 сомонӣ то ба 8 сомониро вобаста ба сифат ва ҳаҷми қуттиҳои он, чака бошад, нархи як кило аз 15 то ба 18 сомониро ташкил медиҳад, ин вобаста сегменти бозор. Аз рӯйи назари савдогарон, нархи ин маҳсулот вобаста ба фасли баҳор коҳиш меёбад.
Мусаллам аст, ки навобаста аз фаслҳои сол дар бозорҳои кишвар тамоми маҳсулот, аз ҷумла навъҳои гуногуни меваҷот ба таври васеъ мавҷуд мебошад. Танҳо зарур меояд, ки нархи он мувозин нигоҳ дошта шаванду бо сифати хуб пешниҳод гарданд. Аммо дар натиҷаи нигоҳдорӣ ва то ягон фасл нигоҳ доштани онҳо хароҷоти иловагӣ лозим аст. Дар бозорҳои шаҳри Душанбе низ ҳам меваҳои истеҳсолии кишвар ва ҳам меваҳо аз ҳисоби воридот мавҷуд мебошанд. Бештаре аз меваҳои воридотӣ арзишашон баланд мебошанд. Мувофиқи ақидаи фурӯшандагон аз сабаби ба фурӯш пешниҳод гардидани алафҳои баҳорӣ ва маҳсулоти ватанӣ имконияти харидории меваҳо камтар гардидаанд. Нархи меваҳо аз 12 сомонӣ то ба 30 сомонӣ аз рӯйи навъи он ташкил медиҳад, ки нисбати дигар маҳсулот гаронтар мебошанд. Аммо мувофиқи андешаҳои одамон, аз ҷумла фурӯшандагон бештар хариди маҳсулоти ба монанди пиёз, картошка сабзӣ, равған, биринҷ ва аз он ҷумла гӯшт ба назар мерасад.
Ҷадвали 1
Ҷадвали муқоисавии молҳои ниёзи аввали мардум дар шаҳри Душанбе
Сарчашма: таҳлили бозори дохилӣ аз ҷониби муаллиф.
Тавре дар ҷадвали зер мебинед, дар натиҷаи ташкил намудани ярмаркаҳо нисбат ба фурӯши маҳсулоти бозорӣ фарқи калон дида мешавад ва аз назарсанҷии мардум маълум мегардад, ки аҳолӣ аз чунин иқдомҳои гирифташудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бениҳоят сипосгузор мебошанд. Бинобар ин, шаҳрвандону харидорон пешниҳод намуданд, ки дар ярмаркаҳои доиамалкунандаи назди бозорҳо, ки аз ҷониби Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва “Захираҳои модии давлатӣ” ҳадди ақал ҳар ҳафта як маротиба ба роҳ монда шавад бисёр хуб мегардад. Инчунин, он маҳсулоте, ки дар моҳи пешомад (яъне моҳи шарифи Рамазон) имконияти истеъмоли зиёдро доранд дар ярмаркаҳо ҷой дода, ташкил намудани ярмаркаҳои фурӯши меваҷот ва маҳсулоти қаннодӣ барои оростани дастархони идона ба манфиати кор мегардид.
Ҳамин тавр, бояд тазаккур дод, ки эҳтимолияти афзоиш ёфтани арзиши маҳсулот дар рӯзҳои баъдӣ ба назар намерасад ва аҳолӣ низ аз ин раванд бисёр шоду розӣ мебошанд. Баракс шод аз он мебошанд, ки дар оғози моҳи рамазон чунин иқдомҳо пеша карда шудаанд. Аз ин лиҳоз, барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ хуб мегардад, ки дар тамоми гӯшаю канори кишвар чунин иқдомҳо бо назорати ҷиддӣ (ба мисли шаҳри Душанбе) ба роҳ монда шавад. Зеро пайваста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки таъмини амнияти иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро дар мадди аввал қарор дода, дар ин замина тавонем, ки саҳми арзандаи шаҳрвандии худро гузорем.
Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода,
муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқотии стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон