Рӯзи 16 марти соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайриддин Усмонзода  ифтитоҳ намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки  Наврӯз ҷашнест, ки тамоми инсону мавҷудоти оламро рӯҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад. Ин ҷашни бостонии ниёгони мо, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин идҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама, ба кишоварзон неруву илҳоми тоза мебахшад. Наврӯз бо нақши созандаи хеш ба киштукори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хулоса, оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд. Аз ин хотир, мардуми тоҷик ин ҷашни азизу муътабар ва муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд. Тамоми ойинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, имрӯз низ барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун сарчашмаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд.

Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ботантана таҷлил карда мешавад. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки мардумони сайёра ба ин ойини  воқеан ва моҳиятан фарҳангиву  инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покию садоқат ва зебоию бедорӣ эътироф менамоянд. Мақоми байналмилалиро  соҳиб шудани Наврӯз ҳам имрӯз дар шароити ҷаҳонишавии мушкилоти башарӣ тамоми мардуми сайёраи Заминро ба иҷрои амалҳои волои инсонӣ раҳнамун месозад.

Мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни бузурги аҷдодиамон–Наврӯз бо тамоми расму суннатҳои дерини худ эҳё гардида, имрӯзҳо дар саросари мамлакат  бо шукӯҳу шаҳомати бесобиқа таҷлил мегардад.  Дар эҳё ва ҷойгоҳи баланди давлатӣ ва байналмилалӣ касб кардани ҷашни Наврӯз хидмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бузург  аст. Маҳз бо ташаббуси  ин шахсияти шинохтаи сиёсию фарҳангӣ ҷашни бостонии мазкур  на танҳо дар  дар кишварҳои  ҳавзаи тамаддуни  Наврӯз, балки дар сатҳи байналмилалӣ  ботантана таҷлил карда мешавад.

Наврӯзи имсола аҳаммияти хос дорад, зеро таҷлили он дар рӯзҳое сурат мегирад, ки мардуми ҳимматбаланду бунёдкори мо сохтмони иншооти барои Ватанамон тақдирсозро майдони кору пайкори созанда эълон карда, барои вусъати тоза бахшидан ба бунёди онҳо ҳама чун як тан камари ҳиммат бастаанд. Мардуми ватанпараст, бунёдкор ва заҳматпешаи Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсадҳои олии умумимиллӣ неруи худро дареғ нахоҳанд дошт ва мо бо истифода аз тамоми имкониятҳои молиявию моддӣ, азму иродаи қавӣ ва неруи тавонои халқи шарафманду ободгарамон ба ин ҳадафҳои олӣ ноил хоҳем гашт.

Имсол низ мо ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар фазои озод, дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем, ки ин неъмати бузург аст ва бояд аз он шукргузор бошем.  Ба хотири боз ҳам афзун намудан ва таҳким бахшидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар тақозо мегардад, ки бунёдкориву созандагиро сармашқи зиндагии ҳаррӯзаи худ намуда, минбаъд низ бо неруи дучанд барои ободониву пешррафти Ватани азизамон саъю талош  варзида, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфа ва дастовезҳои арзанда омода намоянд.

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар саросари кишварамон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, тантанаҳои наврӯзиро шукӯҳу шаҳомати тоза мебахшанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон Наврӯзро бо шукӯҳу тантана ҷашн мегиранд. Махсусан, деҳқонони асили  кишварамон дар баробари чорабиниҳои ҷашнӣ аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, барои киштукори баҳорӣ ва коштани донаи умед, ки файзу неъмати дастархони наврӯзии мо мебошад, кӯшишу талош доранд. Рӯёнидани ҳосили фаровон, истифодаи оқилонаи обу замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, тозаву озода гардонидани хонаву манзил ва хиёбону маҳалли зист аз ҷумлаи корҳое неке мебошанд, ки ҳар кадоми мо бояд онҳоро ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон анҷом диҳем,–гуфт Хайриддин Усмонзода  ва  дар фарҷоми суханронӣ аз номи роҳбарият тамоми аҳли кормандони Марказро ба муносибати  Наврӯз самимона  табрику муборакбод намуд.

Сипас ҷамъомади тантанавӣ таҳти раёсати муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Парвиз Муҳаммадзода идома пайдо кард. Дар назди ҳозирин муовини сардори Раёсати  таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Марказ Марҳамат Назирова дар мавзуи “Наврӯз–ҷашни аҷдодии тоҷикон”  маъруза кард.  Дар бахши музокираи маҳфили наврӯзӣ  сардори  Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Марказ Сайҳомид Шарипов,  муовини сардори Раёсати таҳлил ва ондабинии сиёсати  дохилии Марказ Исроил Баротов ва дигарон суханронӣ карда, дар бораи мақому манзалати Наврӯзи ҷаҳонафрӯз ибрози назар намуданд.

Дар охир ба таври тантавӣ ба чанд нафар кормандони Марказ барои фаъолияти назаррасашон сипосномаҳо  супорида шуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед