Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллию фарҳангии мардуми тоҷик маҳсуб гардида, ҳамасола дар остонаи оғози фасли баҳор ва эҳёи табиат таҷлил мегардад. Вожаи Наврӯз аз нигоҳи этимологӣ маънои рӯзи навро ифода карда, аз омадани соли нав огаҳӣ медиҳад. Бо ибораи дигар, ин ҷашнро соли нави аҷдодӣ низ мегӯянд, зеро дар фасли баҳор омадани ин ҷашн беҳуда набуда, аз оғози соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад. Наврӯз ҷашни эҳёи табиат ба шумор рафта, баъд аз сардиҳои тулонии фасли зимистон дубора рӯзҳои гарм оғоз мешаванд.

Иди Наврӯз таърихи хеле қадима дошта, якчанд давраи таърихиро аз сар гузаронидааст. Онро ҳамчун рамзи зебоии табиат низ мешиносанд.

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

Ҳангоми таҷлили ҷашни Наврӯз якчанд маросим иҷро карда мешавад ва иҷро шудани онҳо ҳатмӣ мебошад. Якчанд рӯз қабл аз омадани Наврӯз мардум дар зарфҳои махсус гандумро мегузоранд, то ин ки то фарорасии ин ҷашн ба сабза табдил ёбад. Ҳангоми баланд шудани ин сабза модарони тоҷик бо заҳмати зиёд аз он суманак омода менамоянд. Ин хӯрокро рамзи Наврӯзӣ низ меноманд. Ин таоми хушмаза хони Наврӯзиро оро медиҳад. Ҳамчун рамзи рӯзи нав табақи сабзаи гандумро низ дар дастурхон мегузоранд.

Суманак дар ҷӯш, мо дафча занем,
Дигарон дар хоб, мо кафча занем.
Сумалак буйи баҳор аст,
Сумалак авҷу барор аст,
Мелаи шабзиндадор аст,
Иди Новрӯзӣ муборак!
Суманак дар ҷӯш, мо дафча занем,
Дигарон дар хоб, мо кафча занем.

Дар шаби 21-22 март дар хонадони мардуми тоҷик ин суруд танинандоз мешавад, ки онро Зан-Модари тоҷик бо як услуби хосса дар назди деги суманак мехонад. Ин сурудро бо оҳанги басо дилкаши халқӣ месароянд. Суруд моли халқ буда, дорои умри чандасра мебошад. Тавре аз мисраҳои ин шеър бармеояд, дар он заҳмати модарон инъикос ёфта, аз шабзиндадории онҳо барои омода шудани ин таом дарак медиҳад. Баъди омода гаштани деги суманак дар назди он як орзуи нек карда, баъд ба дохили он чаҳормағз ҳаво медиҳанд. Агар нигоҳе ба осори гузаштагонамон андозем, ба мо  маълум мегардад, ки ин ҷашн дар тамоми давру замон дорои моҳияти амиқ ҳаст. Агар моҳияти ин ҷашнро бо дигар ҷашнҳо муқоиса намоем ба мо маълум мегардад, ки  тамоми анъанаҳои нек дар ин ҷашн пайдост. Ҳангоми фаро расидани ин ҷашн махсус сурудҳое вуҷуд дорад, ки танҳо ба ин рӯз бахшида шудаанду танҳо дар ин рӯз сароида мешаванд. Дар таърихи инсоният кам вомехуранд он ҷашнҳоеро, ки дар ҳама давру замон барои мардум аҳамияти худро гум накунанд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва ворид гардидани фарҳангӣ бегона таҷлили ҷашнҳои миллӣ, ки аз таърихи пурғановати миллати мо дарак медиҳанд, хеле бамаврид арзёбӣ мегардад.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд: “Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад”.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишварамон тамоми анъана ва суннатҳои миллию фарҳангӣ дубора аз нав зинда гардида, ба ҷаҳониён таърихи миллати моро муаррифӣ карда истодаанд. Яке аз ин анъанаҳое, ки дар субҳи содиқи ин ҷашн анҷом дода мешавад, корвони Наврӯзӣ мебошад. Субҳи содиқ корвони Наврӯзӣ, ки пурра бо нақш ва нигорҳои миллии тоҷикона оро дода шудааст, дар хиёбонҳои шаҳр гашта, ба мардум аз омадани Наврӯз мужда мерасонад. Дар ҳайати ин корвон Маликаи Наврӯзӣ қарор дорад. Дар атрофаш бо созҳои миллии тоҷикона сурудҳои Наврӯзӣ хонда мешавад, ки ин шукуҳу шаҳомати ҷашнро дучанд мегардонад. Дигар рамзе, ки аз ниёгони мо мерос омадааст, гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ дар шаҳру навоии кишвар ва қадрдонии ғолибон бо туҳфаҳои хотирмон мебошад. Инчунин оростани хони Наврӯзӣ бо таомҳои миллии тоҷикона низ яке аз расму оини тоҷикона ба шумор рафта, бонувони ҳунарманди мо дар он маҳсули омода кардаи худро ба тамошо мегузоранд.

Хони тоҷикро дар ҷашни бостонӣ «ҳафтсин» ва  «ҳафтшин» оро медиҳад. Дар он ҳафт маводе, ки бо ҳарфи “Ш” сар мешавад дохил мешавад, ки инҳоро дар бар мегирад: шакар, шарбат, ширинӣ шамъ, шона, шир, шароб. Ин маросимҳо асрҳои аср идома дошта, то замони мо омада расидаанд.

Ҷузъи муҳимми дигари ҷашни аҷдодӣ, ки онро «Хонатаконӣ» ном мебаранд, дорои умри чандасра мебошад. Одати мазкур чунин хосият дорад, ки дар он тамоми ҷиҳози хона покиза карда шуда, ашёи куҳнаю шикаста аз хона дур карда мешаванд, хонаҳо тоза карда шуда, тамоми ҷиҳозҳои матоъгин шуста мешаванд. Баъд аз иҷрои тамоми ин корҳо барои боз ҳам зебо гардонидани хонаҳо дар онҳо гулу хушбӯйи гузошта мешаванд. Ин анъана гувоҳи зебоипарастии мардуми тоҷик аст. Тамоми ин корҳо, ки анҷом дода шуд, баъд аз он хони идонаро омода мекунанд. Бозиҳои Наврӯзӣ чун унсури муҳими ҷашн ба шумор меравад. Онро дар мисоли гуштигирӣ, аспдавонӣ ва дигар бозиҳо  дида метавонем. Тавре муҳақиқони ватанӣ Қиёмиддин Сатторӣ ва Ҳасани Муҳаммадӣ  дар китобашон таҳти унвонӣ “Наврӯзи Ҷаҳонӣ” меоранд; “Дар ҳама деҳаю шаҳрак ва шаҳрҳои калони Тоҷикистон мусобиқаҳои наврӯзии гуштигирӣ барпо мегарданд. Пеш аз ҳама, ду муйсафед ба таври рамзӣ ба майдон меоянд ва бо рақсу чархзании гирди майдон мусобиқаро оғоз  ва ҷашни Наврӯзро некфол мегардонанд. Ба ғолибон туҳфаҳое, ба мисли куртаву ҷома, қолину палос, телевизору яхдон, мошини сабукрав, гусфанду буз, барзагову асп аз тарафи созмондиҳандагони ҷашни Наврӯз тақдим карда мешавад.”

Ин одатҳо дар ҳар маҳал ба таври гуногун доир мегардад, ҳамин нуқтаро дар китоби болозикр чунин овардаанд: “Дар гузашта дар Қаротегину Дарвоз дар маъракаи гуштигирӣ паҳлавони довталаб ба майдон омада, менишаст ва дар табақе назди ӯ хӯрок  мегузоштанд, ки онро “табақи паҳлавонӣ” меномиданд. Ҳар нафаре, ки бо ин паҳлавон зӯрозмоӣ кардан мехост, меомаду дар паҳлӯи ӯ нишаста, аз табақи паҳлавонӣ ҳамроҳи вай таом мехӯрд. Сипас ба ҳардуяшон дуо дода, ба майдон даъваташон мекарданд”.

Дар ин рӯз мардум ба аёдати якдигар рафта ин идро ба якдигар табрик гуфта, дар ин рӯз барои якдигар орзуву таманиёти нек менамоянд. Дар маҷмуъ, иди Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои аҷдодии тоҷикон ва халқи ориёӣ маҳсуб гардида, имрӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтааст. Наврӯз далели возеҳи фарҳангдӯсту таммадунофар ва қадими будани мо тоҷикон мебошад.

 Таварова Моҳира Шарифхоновна,
 мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед