Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст.

                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

 

Наврӯз ҷашни мардумӣ буда, ифодагари эҳёшавии табиат, оғози корҳои кишоварзию рустанипарварӣ, чорводорӣ, бунёди боғу токзорҳои нав ва умуман, фаъолгардии корҳо дар тамоми самтҳои фаъолияти ҷомеа мебошад. Наврӯз рамзи покизагӣ, равшанӣ, хушбахтӣ, фаровонӣ ва ҳосилхезӣ мебошад. Соҳаи кишоварзӣ ба иқлим вобастагӣ дорад ва дар айёми наврӯзӣ деҳқонон ба киштукори баҳорӣ баромада, аз ҳавои мусоиди баҳорӣ самаранок истифода бурда, барои дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти сифатноку аз ҷиҳати экологӣ тоза ва таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат менамоянд.

Соҳибкорон низ дар давраи Наврӯз саҳми худро дар ободониву созандагии давлат, бунёди иншооти моҳияти иҷтимоию иқтисодидошта ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ сол то сол гузошта истодаанд. Фароҳам овардани шароити мусоид, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, амалӣ гардонидани системаи ягонаи энергетикӣ, тақвият бахшидани раванди сармоягузорию қарздиҳӣ ва пешниҳод гардидани имтиёзҳо барои тараққӣ ёфтани ҳаматарафаи фаъолияти соҳибкориву кишоварзӣ вусъат мебахшад. Эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 “Солҳои рушди саноат” барои фаъолияти самараноки минбаъдаи соҳибкорону сармоягузоронро дар ин самт тақвият бахшида, барои ноил гардидан ба ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд.

Вазъи номуътадили ҷаҳони муосир водор месозад, ки дар ин раванд соҳибкорон фаъолияти худро сарфакорона, самаранок ва дар руҳияи созандагиву ободкорӣ равона намоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.12.2022) таъкид намуданд, ки “бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад”. Ҳамчунин, дар Паём қайд карда шуд, ки дар панҷ соли охир майдони кишти заминҳои такрорӣ аз 90 ҳазор гектар ба 213 ҳазор гектар расонида шуда, 13 ҳазор гектар замини нав аз худ ва 23 ҳазор гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба гардиш ворид гардид, ки ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуд. Ҳамчунин, дар самти рушди саноат тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд, ки ба 40 дарсад афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатӣ ва афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ то ба 43 миллиард сомонӣ мусоидат намуд. Яъне, барои рушди устувори иқтисодӣ дар давлати мо дастгирии фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ, барои дастгирии ҳаматарафаи фаъолияти соҳибкорӣ ва барои фароҳам овардани шароити мусоиди кор дар самти тақвият бахшидани ҳамкории байни соҳибкорон ва корхонаҳои истеҳсолӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва сармоягузорӣ ҷоннок карда шудаанд.

Замин манбаи асосии ҳаёт, сарчашмаи қонеъ гардонидани талаботи моддию маънавии инсон ва  асоси тараққиёти ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи олимону коршиносони ватаниву хориҷӣ ва сиёсатмадорон ба масъалаҳои экологӣ, ба монанди тағйирёбии иқлим ва пешгирии оқибатҳои он, истифодаи самараноки обу замин, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди иқтисоди “сабз” ва дигар масъалаҳои мубрам равона гардидаанд.

Аз ин лиҳоз, барои рушди ҳаматарафаи иқтисодиёти мамлакат ҳар яки мо фаъолияти худро бояд ба истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои ҳосилхез, таъмин намудани рӯёнидани се–чор ҳосил, пешгирӣ намуданӣ болобардории сунъии нархҳои маҳсулот, истифодаи самараноки обу замин равона намоем, инчунин, дар оростани дастархони наврӯзӣ сарфакор бошем ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳем, зеро сарфаю сариштакорӣ на танҳо ба болоравии буҷети оила, инчунин ба муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозор мусоидат хоҳад кард.

Содиқова А.Ф.,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи
бахши хусусӣ Маркази тадқиқоти стартегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед