Наврӯз дар ҳаёти маънавии мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон,  мақому манзалати бузурге дорад. Аз ҳамин ҷост, ки  на танҳо дар эҷодиёти шифоҳӣ, балки дар адабиёти китобӣ қариб  ҳамаи суханварони форсу тоҷик, аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то шоирони муосир, ин ҷашни фархундаи миллиро васфу тараннум намудаанд. Инак, чун муште аз хирвор намунае чанд аз ашъори наврӯзии шоирони маъруфи тоҷик ва форсизабонро манзури дӯстдорони Наврӯзи хуҷастапай менамоем:

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бихандад лола бар саҳро, ба сони чеҳраи Лайло.

Бигиряд абр бар гардун, ба сони дидаи Маҷнун.

Зи оби ҷӯй ҳар соат ҳаме бӯйи гулоб ояд,

Дар он шустаст пиндорӣ, нигори ман рухи гулгун.

Фаррухии Систонӣ

Марҳабо, эй Балхи Бомӣ, ҳамраҳи боди баҳор,

Аз дари Нӯшод рафтӣ, ё зи боғи Навбаҳор.

Эй хушо он навбаҳори хуррами Нӯшоди Балх,

Хоса акнун, к-аз дари Балх андарун омад баҳор.

Ҳар дарахте парниёни чинӣ андар сар кашид,

Парниёни хурднақши сабзбуми лаълкор.

Арғувон бинӣ чу дасти некӯвон пурдастбанд,

Шохи гул бинӣ чу гӯши некӯвон пургӯшвор.

Боғ гардад гулпарасту роғ гардад лолагун,

Бод гардад мушкбӯю абр марворидбор.

Боғбони баргирифта дил ба моҳи дай зи гул,

Пур кунад ҳар бомдоде аз гули сурӣ канор.

Балх бас хуш аст, лекин балхиёнро бод Балх,

Мар-маро бо шаҳрҳои Гузгонон аст кор…

Манучеҳрии Домғонӣ

Омада Наврӯз ҳам аз бомдод,

Омаданаш фарруху фархунда бод!

Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,

Мурд зимистону баҳорон бизод,

З-абри сияҳ рӯйи суманбӯй род,

Гетие гардида чу дорулқарор.

Рӯйи гули сурх биёростанд,

Зулфаки шамшод бипиростанд,

Кабкон ба кӯҳ ба тан тохтанд,

Булбулакон зеру сито хостанд,

Фохтакон ҳамбари биншостанд

Нойзанон бар сари шохи чанор.

Лола ба шамшод баромехтанд,

Жола ба гулнор даровехтанд,

Бар сари он мушк фурӯ бехтанд,

В-аз бари ин дур фурӯ рехтанд,

Нақшу тамосил барангехтанд

Аз дили хоку ду рухи кӯҳсор.

Саъдии Шерозӣ

Баромад боди субҳу бӯйи Наврӯз,

Ба коми дӯстону бахти пирӯз.

Муборак бодат ин солу ҳама сол,

Ҳумоюн бодат ин рӯзу ҳама рӯз.

Чу оташ дар рухат афканда гулнор,

Дигар манқал манеҳ, оташ наяфрӯз.

Чу наргис чашми бахт аз хоб бархост,

Ҳасад гӯ душманонро дида бардӯз.

Баҳори хуррам аст, эй гул, куҷоӣ,

Ки бинӣ булбулонро нолаву сӯз.

Ҷаҳон бе мо басе будасту бошад,

Бародар, ҷуз накӯномӣ маяндӯз.

Накӯӣ кун, ки давлат бинӣ аз бахт,

Мабар фармони бадгӯйи бадомӯз.

Манеҳ дил бар сарои умр, Саъдӣ,

Ки бар гунбад нахоҳад монд ин рӯз.

Ҳофизи Шерозӣ

Зи кӯйи ёр  меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Чу гул гар хурдае дорӣ, Худоро, сарфи ишрат кун,

Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзӣ.

Зи ҷоми гул дигар булбул чунон масти майи лаъл аст,

Ки зад бар чархи фирӯза сафири бахти фирӯзӣ.

Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам биафшонӣ,

Ба гулзор о, ки аз булбул ғазал гуфтан биёмӯзӣ.

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

Надонам навҳаи қумрӣ ба тарфи ҷӯйборон чист?

Магар ӯ низ ҳамчу ман ғаме дорад шабонрӯзӣ?

Мае дорам чу ҷон софеву сӯфӣ мекунад айбаш,

Худоё, ҳеҷ оқилро мабодо бахти бад рӯзӣ!

Май андар маҷлиси Осаф ба Наврӯзи Ҷалолӣ нӯш,

Ки бахшад ҷуръаи ҷомат ҷаҳонро сози наврӯзӣ.

Ҷавобаш порсоёнрост меҳроби дилу дида,

Ҷабинаш субҳхезонрост рӯзи фатҳу пирӯзӣ.

На Ҳофиз мекунад танҳо дуои Хоҷа Тӯроншоҳ,

Зи мадҳи Осафе хоҳад идиву наврӯзӣ.

Ба бӯстон рав, ки аз булбул тариқи ишқ гирӣ ёд,

Ба маҷлис ой, к-аз Ҳофиз сухан гуфтан биёмӯзӣ.

Иқболи Лоҳурӣ

 

Хез, ки дар кӯҳу дашт хайма зад абри баҳор,

Масти тараннум ҳазор,

Тутию дурроҷу сор,

Бар тарафи ҷӯйбор,

Кишти гулу лолазор,

Чашми тамошо биёр,

Хез, ки дар кӯҳу дашт хайма зад абри баҳор.

Хез, ки дар боғу роғ, қофилаи гул расид,

Боди баҳорон вазид,

Мурғ наво офарид,

Лола гиребон дарид,

Ҳусн гули тоза чид,

Ишқ ғами нав харид.

Хез, ки дар боғу роғ қофилаи гул расид.

Булбулакон дар сафир, сулсулакон дар хурӯш,

Хуни чаман гарми ҷӯш,

Эй, ки нишинӣ хамӯш,

Даршикан ойини ҳуш,

Бодаи маънӣ бинӯш.

Нағма саро, гул бипӯш,

Булбулакон дар сафир, сулсулакон дар хурӯш.

Ҳуҷранишинӣ гузор, гӯшаи саҳро гузин,

Бар лаби ҷӯе нишин,

Оби равонро бубин,

Наргиси нозофарин,

Лахти дили фарвадин,

Бӯса занаш бар ҷабин,

Ҳуҷранишинӣ гузор, гӯшаи саҳро гузин.

Дидаи маънӣ кушо, эй зи аён бехабар,

Нимаи оташ ба бар,

Лола камар дар камар,

Мечакадаш бар ҷигар,

Шабнами ашки саҳар,

Дар шафақ анҷум нигар,

Дидаи маънӣ кушо, эй зи аён бехабар.

Хоки чаман во намуд, рози дили коинот,

Буду набуди сифот,

Ҷилвагариҳои зот,

Он чӣ ту донӣ ҳаёт,

Он чӣ ту хонӣ мамот,

Ҳеҷ надорад субот,

Хоки чаман во намуд рози дили коинот.

Лоиқ Шералӣ

Эй ғунчаи хандида, Наврӯз муборак бод!

Эй чашмаи ҷӯшида, Наврӯз муборак бод!

Эй камдили тарсида, аз ишқ фурӯ бигзор,

Эй ошиқи шӯрида, Наврӯз муборак бод!

Эй шохаи хушкида, имсол ту нашкуфтӣ,

Эй пунбаи болида, Наврӯз муборак бод!

Эй ёри аламдида, имсол куҷо рафтӣ?

Эй ёри писандида, Наврӯз муборак бод!

Эй ҳусни барозида, Наврӯз муборак бод!

Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод!

Гирдоварӣ ва таҳияи
Қиёмиддин Сатторӣ

Чоп кунед