Рӯзи 4 июли соли 2024 ҷаласаи Шурои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ карда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос…