Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориётабор буда, наслҳои имрӯзро бо анъана ва расму ойинҳое, ки гузаштагони мо доштанд, мепайвандад. Чуноне ба ҳамагон маълум аст, ҳар халқияту миллат расму оине дорад ва ҳар қавмро одатест, ки онҳоро асрҳо нигоҳ медорад ва ин қавму миллатро маҳз бо ин урфу одат ва оин мешиносанд.

Имрӯз бо ба даст овардани Истиқлол Наврӯз дар кишвари мо шукӯҳу шаҳомати нав пайдо кард ва дар ниҳоят ба иди миллии мардуми тоҷик табдил ёфт. Вобаста ба ин, метавон гуфт, ки эҳё гардидани ҷашнҳои мардумӣ ба монанди Меҳргон ва Сада аз баракати Наврӯз аст, зеро Наврӯз яке аз ҷашнҳои хеле қадимаи мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, дар баробари дигар кишварҳои ориётабор, ки имрӯз иди Наврӯзро ҷашн мегиранд, тоҷикон низ бо тамоми шукӯҳу шаҳомат омад–омади ин ҷашни аҷдодиро интизор мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки Наврӯз ин як ҷашни ориёӣ ва миллӣ буда, дар заминаи вазъи табиии минтақа ва иқлими кишвари мо, бар пояи эътиқодҳою боварҳо ва ҷаҳонбинии фалсафии аҷдодони гузаштаи мо бунёд ёфтааст. Наврӯз намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим чун рамзи муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдат барои байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст.

Истилоҳи “Наврӯз” маънои “Рӯзи нав”-ро дошта, таърихи ташаккули он бо эҳё гардидани табиат дар фасли баҳор мавсими киштукор оғоз ва баробаршавии шабу рӯз фаро мерасад.

Соли равон тибқи маълумоти олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар кишвари мо Наврӯз 21 март, соати 02:30-и вақти маҳаллӣ фаро расида, тибқи ҳисобҳои астрономӣ Замин ҳангоми ҳаракат дар атрофи Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ мегузарад, ки лаҳзаи гузаштани Замин аз байни он нуқта ба як сония баробар аст. Барои мо, тоҷикон ин вақт ҳамчун айёми фаро расидани Наврӯз машҳур аст.

Дар мавриди чӣ гуна ҷашн гирифтани Наврӯз олимон дар минтақаҳои гуногуни кишварҳои олам бисёр гуфтаанд. Тибқи таърихи ҷашни Наврӯз яке аз ҳикматҳои он дар рӯзи чоршанбе низ ҷашн гирифтани Наврӯз мебошад, зеро дар тули таърихи инсоният дар шуури ҷамъиятӣ яке аз оинҳои неки наврӯзӣ поксозӣ, яъне аз гуноҳон худро пок сохтан ва аз гуноҳони дигарон гузаштан аст, ки ҳафтае пеш аз ҷашни Наврӯз шуруъ мешуд ва ҳатман дар рӯзи чоршанбе амалӣ мегардид. Дар ин ҳафта гулханҳо ороста, аз болои оташ ҳафт маротиба мегузаштанд  ва  дар  шаби  охир  ба  сари  якдигар  об  пошида, ҳатман аз болои оби ҷоришаванда ҳам мегузаштанд. Аз ин рӯ, ин рӯзро “Чоршанбеи хушбахтӣ” меномиданд.

Далели дигар он аст, ки амсоли Наврӯз чунин ҷашни бостонӣ дар олами ҳастӣ ва таърихи инсоният, ки бевосита инъикосгари табиат ва ҳаёти инсонӣ бошад, дигар  вуҷуд надорад, зеро замин одамиро мехӯронаду мепӯшонад ва зоҳири ин эҳёгарӣ зуҳури табиат аст ва ботинаш нумӯи он. Тавре мебинем, дар ин рӯз ҳаёт бар марг, садо бар сукунат ва гармӣ бар сардӣ ғалаба мекунад, ин боиси дилгармии инсон, пеш аз ҳама, марди деҳқон мегардад ва ӯ донаи умед бар киштааш мекорад.

Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки яке аз ҷанбаҳои асосии фалсафаи Наврӯз ба сифати ҷашни моҳиятан оммавию мардумӣ, дар тарғиби баробарӣ миёни инсонҳо зоҳир мегардад. Ин аст, ки дар ҷашни Наврӯз хурду бузург озодона ва баробар ширкат меварзанд ва хурсандӣ мекунанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки кишвари соҳибистиқлоли мо ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар марҳалаи нави таърихии худ ва шароити истиқлоли давлатӣ бо созандагиву бунёдкориҳо ва рушди устувори тамоми соҳаҳои ҷомеа ҷашн мегирад. Наврӯз бо ҳама таърихи ғанӣ ва рангинаш дар  кишвари мо маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардида, имрӯз ба рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ ва ваҳдату ҳамдилии мардум табдил ёфтааст.

Бояд зикр намуд, ки Наврӯз фарорасии рӯзи нав, айёми бедоршавии табиат ва оғози кори деҳқонону кишоварзон маҳсуб шуда, ин ҷашни аҷдодӣ аз ҷониби сокинони минтақаҳои гуногуни кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати тоза ва анъанаҳои хосси мардумӣ таҷлил карда мешавад. Зеро тарзи ҳаёт ва фарҳанги моддию маънавии мардуми ин сарзамин таърихан дар омезиш бо анъанаҳои наврӯзӣ ташаккул ёфта, тайи асрҳо бо шаклу мазмуни нав густариш ёфтааст.

Дар фарҳанги мо Наврӯз – рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адолату баробарӣ, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ буда, ин навшавӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимии мо мебошад, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба зиндагии шоиста даъват мекунад.

Ин аст, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд кишвари ҳавзаи Наврӯз масъалаи ҷаҳонишавии Наврӯз ҳанӯз солҳои 2009-2010 сурат гирифта, ҷашни Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ ворид гардид. Ҳамин тариқ, 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ҳоло тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз дар беш аз 13 кишвари ҷаҳон ҳамчун ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ҷашн гирифта мешавад.

Аз ҷумла, дар кишвари мо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 21-уми март то 24-уми март рӯзҳои истироҳатӣ эълон гардидааст. Ҳамин тавр, бо пешниҳод ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз  Созмони Милали Муттаҳид дар Маҷмааи умумии худ қарор қабул намуд, ки Наврӯзи Аҷам ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф  шуда, ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи он  тадбирҳо андешида мешаванд.

Албатта, ин ташаббусҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар қатори дигар арзишҳои муқаддаси ниёгони мо – Наврӯзи оламафрӯз, ки аз замонҳои пеш ба мо мерос мондааст, ба хазинаи ғании тамаддуни фарҳанги ҷаҳонӣ ворид гардидааст ва дар саросари ҷаҳон мавқеи кишвари азизамон – Тоҷикистонро баланд бардоштааст.

Бояд тазаккур дод, ки ҷашни Наврӯз маросимҳои хосси худро доро буда, ҳамчун суннати наврӯзӣ баҷо овардани онҳо ҳатмӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз маросими муҳимме, ки бе он тассавури ин ҷашни бошукӯҳ ғайриимкон аст, омода намудани сабза мебошад, ки аз он суманак тайёр карда мешавад. Аз ин рӯ, пеш аз он, ки ҷашни Наврӯз оғоз мегардад, занону бонувони калонсолу таҷрибадор ба лаълиҳо донаи гандумро тунук карда, он бо матои сафед ё дока пӯшонида шуда, ба он тибқи анъанаҳои ниёгонамон давоми се рӯз об мепошанд, то донаи гандум неш бизанад ва мисли сабза бидамад. Сипас сабзаи дамидаро бо корд реза мекунанд ва мекӯбанд, то шираи гандум ҷудо гардад. Баъдан, шираи гандумро полонида онро бо орд, об ва ба қадри имкон равған илова намуда, дар дег меҷӯшонанд, ки он қариб як шабонарӯз идома меёбад. Ҳамин тавр, то субҳ маросими суманакпазӣ идома меёбад, ки ин анъанаи ориёӣ асрҳои аср идома ёфта, то замони мо расидааст.

.

Дар айёми ҷашни Наврӯз, пеш аз ҳама, кӯдакон хурсандӣ намуда, бо баргузории маросими гулгардонӣ дар даст гулҳои сияҳгӯш ва бойчечакро гирифта, ба дигар нафарон пайғоми наврӯзӣ мерасонанд. Маросими гулгардонӣ бештар дар минтақаҳои шимоли кишвар сурат мегирад, ки дар он кӯдакон ба хонаводаҳои наздик бо сароидани сурудҳои баҳорӣ гулҳои баҳориро тақдим мекунанд. Хонаводаҳо дар навбати худ ба кӯдакон ягон ширинӣ ҳадя менамоянд.

Маросими дигар, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз анҷом дода мешавад, Хонатаконӣ мебошад, ки яке аз ҷузъҳои муҳим ва ҳатмии ин ҷашни миллӣ маҳсуб мешавад. Дар маросими хонатаконӣ тамоми ҷиҳози хона шуставу пок карда шуда, ашёи куҳнаю фарсуда аз хона берун карда мешавад. Асбобу анҷоми рӯзгор ба қадри имкон бо намунаҳои нав иваз карда шуда, дару девори хонаҳо таъмиру рангубор карда мешаванд, ки ҳамаи ин аз тозагию озода будани ин ҷашни фархунда дарак медиҳад.

Ҳамзамон, дар арафаи ҷашни аҷдодии Наврӯз дар минтақаҳои гуногуни кишвар бозиҳои гуногуни миллии варзишӣ, ба монанди гуштигирӣ, бузкашӣ, бандкашӣ, саққобозӣ ва ғайра аз тарафи сокинон мусобиқаҳо гузаронида мешаванд, ки ин бозиҳо аз ниёгонамон то ба насли имрӯз расидааст.

Ҳафтсину ҳафтшин дар оростани дастархони наврӯзӣ яке аз анъанаҳои дигари муҳим ба шумор меравад. Дар ин маросим рӯйи дастархони наврӯзӣ ҳафт адад анвои гуногун, ки бо ҳарфҳои “С” – себ, сабза, сирко, санҷид, сикка, сир, суманак ва “Ш” – шакар, шарбат, ширинӣ, шамъ, шона, шир, шакароб оғоз мешаванд, гузошта мешавад. Он ашё ё таоме, ки бо ҳарфҳои “С” ва “Ш” рӯйи дастархон гузошта мешаванд, маънои ба худ хоссеро ифода менамояд.

Ҳамин тавр, фарҳангу анъанаҳои ниёгони мо бар он кӯшидааст, то ҷашнеро ба ҷаҳониён пешкаш созад, ки бар пояи меҳру садоқат ва хираду заковат бунёд шуда, ақлу мантиқро бар ҷаҳлу зулмат пирӯз карда бошад. Ҷомеаи мутамаддини муосир беш аз пеш ба меҳру фарҳанг ва хиради созанда ниёз дорад ва Наврӯз ҳамчун оини меҳру фарҳанг дар самти ҳамгироии  мардуми сайёра, имрӯз низ метавонад нақши муассир дошта бошад ва инсониятро муттаҳид сохта, ба сӯйи хушбахтӣ ва саодати воқеӣ раҳнамуд созад.

Қадами тозаи Наврӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаву фирӯз муборак бошад.

Назирова М.Н., н.и.с.,
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ,
раиси Шурои занон ва духтарони
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед