Хабарҳо аз ҷониби MTC
Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳо – иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
   14 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳо - вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмонро ба ҳузур пазируфтанд.…
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И
   13 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории…
Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов
   13 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Дабири кулли ин Созмон Владимир Норовро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот рӯзномаи кори ҷаласаи…
Самтҳои такмили рушди соҳибкории инноватсионӣ
   Дар замони муосир гузариш ба роҳи инноватсионии рушд ин омили асосии тараққиёти устувори иқтисодиёт, таъмини рақобатпазирии давлат дар шароити ҷаҳонишавию рушди илмӣ – техникӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Фаъолияти инноватсионӣ асоси рушди ҷомеаи муосирро ташкил дода, самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии…
Гузориш оид ба вазъи соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
   Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи кишоварзии кишварамон таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омада бошад ҳам, новобаста аз ин, дар ин самт мушкилот ба назар мерасад. Бо дарназардошти мушкилот, тасмим гирифтем, ки бо усули муқоисавӣ рушди соҳаи пахтакориро мавриди арзёбӣ қарор диҳем. Соҳаи пахтакорӣ…
Ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
   5 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзоёни Шӯрои амният, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва…
Ваҳдати миллӣ – омили асосии пешрафти Тоҷикистон
   Ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорад ва дар кӯтоҳтарин муддат натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардад. Ба ҳама маълум аст, ки дар сарнавишт ва таъриху пешрафти Тоҷикистон,…
НАВОВАРИҲОИ ИЛМӢ – АСОСИ НАВСОЗӢ ВА РУШДИ СОҲАИ САНОАТ
   Ин матлаб дар доираи “Стратегияи миллии рушд то соли 2030” ва ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар бо усули муқоисавӣ, озмоишӣ, таърихӣ ва таҳлилӣ омода шуда, ҳадаф аз он бо диди экологӣ ошкор намудани муаммо, мушкилот ва дурнамои самтҳои саноатикунонии кишвар …
Мулоқот бо Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Аскар
   1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Аскарро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот густариш ва таҳкими бештари робитаҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталифи мавриди…
Мулоқот бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас
   1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Засро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар…