ДУШАНБЕ, 22.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Эътирофи давлат ва дӯст доштани он маънои эътирофи манфиатҳо, сохторҳо, қонунҳо ва сиёсатҳои он аст, изҳор намуд дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ.

-Дар урфият мегӯянд, ки бузургӣ ва шаҳомати кӯҳро дар наздаш истода тасаввур кардан ғайриимкон аст, — илова намуд дар идома З. Давлатов. — Аз назди кӯҳи баланд ҳарчӣ қадар дуртар равем, ҳамон андоза бузургӣ ва шаҳоматаш намоён мегардад. Инак, бо гузашти 30 сол аз соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон аҳамияту бузургии ин рӯйдоди муҳим барои тақдири давлату миллатамон бештару амиқтар дарк мешавад.

Ҷашни сисолагии Истиқлоли давлатӣ бояд фурсати мувофиқе бошад, ки миллати мо ба солҳои сипаришуда бо чашми таҳқиқ нигариста, бурду бохти истиқлолхоҳию истиқлолсозиамонро омӯхта, таҳлил намуда, барои таҳкими минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон сабақҳои дурусту мусбат бардорад. Ватандорӣ мансабу  вазифа нест, балки тафаккур, мавқеъ ва рисолат аст. Эътирофи давлат ва дӯст доштани он маънои эътирофи манфиатҳо, сохторҳо, қонунҳо ва сиёсатҳои он аст. Тавре Ҷалолиддини Балхӣ мефармояд:

 Боз бар рафтаю оянда назар бояд кард,
Ҳол бархез, ки андеша дигар бояд кард.

9 сентябри соли   2021 ба Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӣ сол пур мешавад. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар сохтмону таҳкими минбаъдаи давлати миллӣ, истиқлоли давлатӣ, ташкилу рушди минбаъдаи Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ ва ниҳодҳои идораи давлат дастовардҳои бузургеро ноил гардид.

Озодихоҳӣ ва истиқлолталабии тоҷикон ҳеҷ гоҳ аз дилу тафаккури ин миллат дур нашуда, балки ҳамеша тӯли таърих ин миллат дар талоши ба даст овардани истиқлол ва барпо намудани давлати миллии худ буд. Барои ин миллат набард баҳри Истиқлолу Озодӣ дар майдонҳои ҳарбу зарби пуршиддати ҷангҳо муқобили истисморгарони аҷнабӣ ва дар майдонҳои фарҳангу маърифат ва илму дониш ҳамеша давом мекард ва имрӯз низ идома дорад. Миллати тоҷик тӯли асрҳо бо роҳу воситаҳои гуногун талош меварзид, мубориза мебурд, исёну қиём мекард, то соҳиби тақдиру давлати худ бошад, зеро беҳуда нагуфтаанд:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Тоҷикон ҳанӯз аз умқи таърих миллати соҳибватан ва давлатсоз буда, аҷдоди мо дар сароғози давлатсозию давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои аввалини ҷомеаҳои мутамарказу давлатҳои муқтадири таърихиро барои башарият эҳдо кардаанд.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, ҷанги шаҳрвандии солҳои  1992–1997 дар Тоҷикистон ҳам давоми мантиқии муборизаи халқи тоҷик барои мавҷудият ва буду набуди давлаташ буд, зеро душманони дохилию хориҷӣ ташкили давлати тоҷиконро қабул надоштанд. Ин буд, ки дар Ватани азизи мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз ёфт.

Ноил шудан ба Истиқлоли давлатӣ дар охири асри XX бузургтарин ва муҳимтарин дастоварде буд, ки ормони ҳазорсолаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшонид. Ин истиқлол бе мубориза ва қурбонӣ ба даст наомадааст.

“Бо вуҷуди яке аз қадимтарин халқҳои дунё будан, саҳми бузурге дар илму фарҳангу адабиёти башарӣ доштан ин миллати куҳанбунёд тӯли беш аз ҳазор сол соҳиби давлати миллии худ набуд. Тӯли ҳазорсолаҳо давлатдории тоҷикон борҳо завол ёфтаву аз нав эҳё шудааст. Баъди шикастҳову инқироз боз эҳё шудаву нумӯ намудааст. Чунин рисолат дар таърихи давлатдории ҷаҳон назир надорад. Ин гуна фарҳанги давлатдорӣ ба ягон халқияту миллати дигари дунё хос нест.

Таърихи башар гувоҳ аст, ки давлатҳои зиёде завол ёфта, ба фаромӯшӣ рафтанд, халқҳои зиёде бе ному нишон гардидаанд, забонҳо аз байн рафтанд, ки дар саҳфаҳои таърих аз онҳо ёде ҳам намондааст.

Ҳамин аст, ки Истиқлоли давлатӣ муқаддастарин арзиш, асоситарин ҷашни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Барои давлати тозабунёди тоҷикон дарёфти роҳи дурусти рушди оянда, сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ роҳи ҳамвору осон набуд”,-мегӯяд Зубайдулло Давлатов.

Ба сарвари ҷавони давлат Эмомалӣ Раҳмон лозим омад, ки ҷон ба каф гирифта, бо душманони дохилию хориҷӣ муқобилат нишон дода, бо иродаи қавӣ, ҷавонмардию нотарсӣ хишт болои хишт ниҳода,  чун меъмори ҳақиқии давлатсоз бинои Истиқлоли давлатии тоҷиконро мустаҳкаму устувор бисозад.

Ҳанӯз аз замонҳои дури таърих ҳангоми пайдоиши давлат шахсияти Сарвар нақши калидӣ дошт. Дар замони мо низ чунин аст. Тӯли таърих давлате бе Сарвар барпо нашудааст. Ҷойи шубҳа нест, ки «маърифатнокию хирадмандӣ, фаросатбориву шуҷоатнокӣ ва саховатпешагиву ҷавонмардии шахсияти Сарвар яқинан тири паргорест, ки мардуми мамлакат дар атрофаш мечарханд. Дар он сурат маҷрои давлат рӯ ба беҳбудӣ меорад ва мардумро раҳнамун месозад, то ба соҳили мурод бирасанд (Қурбон Восеъ. Давлатсоз. Душенбе, 2012, саҳ. 9).

Дар вазъи бисёр ҳассосу нозук ва  тақдирсозу ҳалкунанда дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ–Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид. Дар он вазъияти тезутунди тақдирсоз ин ягона интихоби дурусти таърихӣ буд, зеро маҳз Эмомалӣ Раҳмон кишвару миллатро наҷот бахшид.

-Агар бо назари аниқу дақиқ  ба сӣ соли Истиқлоли давлатӣ нигарем, мебинем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз Тоҷикистони пароканда давлати воҳид созад, фирориёни иҷбориро ба ватан баргардонад, миллатро аз ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ то ба Ваҳдати миллӣ расонад ва таҳкурсии мустаҳками иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии истиқлоли давлатиро мустаҳкам намояд.

Агар дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ ба хотир оварем, муҳимтарини онҳо аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон, раҳоӣ аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ҳифзи тамомияти ҳудудии давлат, ба ватан баргардонидани ҳудуди як миллион гурезаҳо, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди заминаҳои иқтисодию иртиботии Ваҳдати миллӣ, аз буҳрони шадиди иқтисодӣ баровардани кишвар, гузариш ба иқтисоди бозорӣ, бунёди мактаби давлатдории миллӣ, қабули Конститутсия ва ташаккули низоми нави қонунгузории кишвар, рушди илму, маорифу фарҳангу тандурустӣ ба шумор мераванд. Ҳамаи ин дастовардҳо бо шарофати роҳбарии бевоситаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд,-иброз намуд Зубайдулло Давлатов.

Табиист, ки шаҳрвандон афкори мухталифи сиёсӣ доранд, сатҳи зиндагию вазъи иҷтимоиашон гуногун аст, аммо сарфи назар аз ҳамаи фарқияту мухолифатҳо ҳамаи моро бояд масъулияти ҳифзи истиқлоли Ватану Ваҳдати миллат муттаҳид намояд. Барои ҳар шаҳрванди ватандӯст ҳеҷ чиз муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нест!

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки “сиюмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳими таърихӣ хоҳад буд. Натиҷагирӣ ва бардошти сабақҳо аз ин роҳи тайшудаи давлати соҳибистиқлоламон, омӯзиши бурду бохт ва дастовардҳои ин марҳалаи муҳими таърихӣ барои таҳкими минбаъдаи Истиқлоли давлат ва Ваҳдати миллат аҳамияти ҳалкунанда дорад”.

Ҷашни солгарди истиқлол барои мо ҷашни одию муқаррарӣ нест, балки рӯзи ифтихору шукрона аз давлати миллию истиқлоли давлатӣ, рӯзи шукрона аз Ваҳдати миллӣ мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки Ваҳдати миллӣ пояи истиқлолро мустаҳкам менамояд. Дар суханронии худ дар маҷлиси ботантана ба ифтихори 11 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон ва 10 – умин солгарди таъсиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон 9  сентябри соли 2002 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизмат дар самти барқарории сулҳу ваҳдат чунин таъкид намуданд«Нуқтаи назаре ҳаст, ки сулҳи тоҷикон гӯё хизмати ин ё он шахс, гурӯҳ ё доираҳои муайяни сиёсӣ бошад. Лекин ман барқарор гардидани сулҳро дар Тоҷикистон хизмати таърихӣ ва қаҳрамонии беназири хурду бузурги халқи тоҷик медонам, ки сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати худро дастгирӣ намуда, дар тадбиқи амалии он бо дили гарм ва иродаи қавӣ заҳмат кашиданд».

Миллати тоҷик дар ибтидои Истиқлоли давлатӣ бори дигар аз як санҷиши сангини таърихӣ сарбаландона гузашта, бо заҳмати хеш Ватани азизашонро рушд бахшида, ба давлати ободу пешрафта табдил доданд. Истиқлол сарнавишти миллати тоҷикро тағйир дод ва дар таърихи ин миллат ба гардиши куллӣ оғоз бахшида, ба марҳалаи нави рушди давлати соҳибистиқлол суръат афзуд.

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ душманони давлату миллати тоҷик бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ, бо истифода аз усулҳое, ки аз онҳо ҳазор сол пеш давлати Сомониён завол ёфта буд, ин миллати ҷафокашидаро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, оқибат Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардониданд. Натиҷа ин шуд, ки беш аз 150 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон қурбон шуданд, ҳудуди як миллион нафар маҷбур шуданд, ки тарки манзилу Ватан карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намоянд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 млрд доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонид.

Бояд таъкид намуд, ки доираҳои сиёсии беруна ва ҳаммаслакони дохилии онҳо нияти қисмат намудани Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат, аз байн бурдани давлатдории тоҷиконро доштанд. Аммо қувваҳои солими ҷомеаи Тоҷикистон зери парчами нангу номус ба ҳам омада, ягона роҳи дуруст – Ваҳдати миллиро интихоб намуданд.

Мухолифати мусаллаҳона зиёда аз панҷ сол давом кард. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин дастоварди нодиртарини миллати тоҷик дар даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад. Ин дастовард бо шарофати мактаби таҷрибаи сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷод шуд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мактаби омӯзиш пазируфта гардид.

Аз  рӯзи Истиқлоли давлатӣ ба даст овардан (9 сентябри соли 1991),  тайи  даҳ соли минбаъда дар мамлакат зербинои сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангии истиқлоли давлатӣ мустаҳкам бино шуд. Низоми сохтмони ҳукумати конститутсионӣ ва ниҳодҳои идораи давлат ташкил карда шуданд. Дар Конститутсияи мамлакат, ки ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, муҳимтарин рамзҳои истиқлол ва давлатдории миллӣ – Нишону Парчам ва Суруди миллӣ қабул шуданд. Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, пули миллӣ ба муомилот баромад, ҷомеаи ҷаҳон шиносномаи миллии тоҷикиро пазируфт.

Ҷавонон дар ҳамаи давру замон неруи муқтадири ҷомеа ҳисоб меёфтанд, сарнавишти давлатҳо ва миллатҳо аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста буд, ки ҷавонон чӣ гуна мафкура, ҷаҳонбинӣ ва донишу хештаншиносӣ доранд. Бо дарназардошти нақши ҷавонон дар тақдири ояндаи ҷомеа идораи давлату миллат ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиму тарбияи насли наврас ба сифати яке аз ҳадафҳои марказии давлату Ҳукумат қорор гирифт. Ин буд, ки соли 2017 дар ҷумҳурӣ Соли ҷавонон эълон карда шуд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва пешбарандаи сиёсати мутавозини хориҷӣ эътироф шудааст. Ҳоло се ташаббуси глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об аз тарафи СММ дастгирӣ ёфт ва тадбиқ гардид.

Имрӯзҳо иқдоми чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028, ки аз ҷониби СММ қабул шудааст, дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди тадбиқ қарор дорад.

Пӯшида нест, ки ҷаҳон ҳамеша дар ҳоли таҳаввул аст. Дар даврони ҷаҳонишавӣ таҳдиду хатарҳои афзоянда шаҳрвандони ҷумҳуриро вазифадор менамоянд, ки ҳамеша ҳушёр бошанд, дастовардҳои истиқлоли давлатиро муҳофизат карда тавонанд. Ин таҳдиду хатарҳо барои давлатҳову миллатҳои дунё умумианд, ба мисли мубориза ба муқобили терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташакили фаромиллӣ.

Содиқона дӯст доштани Ватан, азиз шуморидани муқаддасоти миллӣ, ҳамеша омода будан ба хизмати халқ ва ҳифзи ин сарзамини меросии аҷдодӣ аз қабили вазифаҳое мебошанд, ки насли калонсолу собиқадор бояд ба насли наврасу ҷавон талқин намояд. Шак нест, ки маҳз сӣ соли Истиқлоли давлатӣ миллати моро бо таҷрибаю анънаҳои давлатдорию истиқлолхоҳии ниёгонамон пайваст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, онҳое, ки ватанашонро самимонаю фарзандона дӯст медоранд, баҳри умри бардавоми ин давлати соҳибистиқлол бояд пайваста  талош, меҳнат ва хизмат намоянд.

khovar.tj

Чоп кунед