Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 27-уми августи соли 2021 конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон яке аз бунёдгузорони СҲШ» баргузор мегардад. Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 ба нақша гирифта шуда, якҷо бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир карда мешавад.

Ҳадаф аз баргузории конфронс арзёбии нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис, ташаккул ва рушди СҲШ ва баррасии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар чаҳорчӯби созмони мазкур мебошад.

Дар чорабинӣ иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимони маъруфи ватанӣ ва коршиносони соҳа дар назар дошта шудааст.

Дар конфронс масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор дода мешаванд:

  • Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси СҲШ;
  • Ташаббусҳои Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби СҲШ:
    • ташаббусҳои сиёсӣ;
    • ташаббусҳои амниятӣ;
    • ташаббусҳои иқтисодӣ;
    • ташаббусҳои гуманитарӣ;
  • Нақши Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар тавсеаи СҲШ;
  • Ташаббус ва саҳми Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар баррасии масъалаи сулҳу субот дар Афғонистон дар чаҳорчӯби СҲШ;
  • Саҳми Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар рушди дипломатияи бисёрсамтаи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СҲШ;
  • Нақши Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули имиҷи мусбати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби СҲШ;
  • «Дипломатияи Шанхай» ҳамчун дастоварди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ;
  • Нақш ва мақоми СҲШ дар низоми нави байналмилалӣ;
  • СҲШ: 20 соли дастовардҳо ва дурнамои рушди ҳамкориҳо;
  • Нақши СҲШ баррасии масоили мубрами ҷаҳони муосир.

Конфронс рӯзи 27-уми августи соли 2021, соати 09:00 дар толори калони Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Чоп кунед