Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи муосири кишвар ба таври возеҳу равшан эҳсос карда мешаванд. Барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дастоварди калидии раванди соҳибистиқлолист.

Бо шарофати таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат сол то сол устувории иҷтимоӣ доштани сиёсати давлати мо бештар эҳсос карда мешавад.  Масалан, сатҳи ниёзмандии аҳолӣ дар соли 1997 дар Тоҷикистон 81 фоизро ташкил медод, дар соли 2016 бошад, 31 фоиз ва соли 2020 он ба 27,5 фоиз коҳиш дода шудааст.

Асосҳои қонунгузории низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва амалӣ наму­дани он аз меъёрҳои конститутсионию ҳуқуқӣ ва санадҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон маншаъ мегиранд. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷумҳурӣ давлати иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, барои ҳар як фарди ҷомеа шароити мусоид ва арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Аз ин рӯ, таъминоти иҷтимоӣ хусусияти умумиҷамъиятӣ дорад, ҳар як фарди дорои имкониятҳои баробар, дар сурати ба миён омадани зарурат ва доштани асос, аз навъҳои гуногуни таъминоти иҷтимоӣ истифода бурда метавонад.

Мутобиқи моддаҳои 35 ва 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ  ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад».

Барои татбиқи ин муқаррароти Конститутсия  бо  қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ҳамаи масъалаҳои вобаста ба ҳифзи иҷтимоии ин гуруҳи аҳолӣ танзим гардиданд. Дар Кодекси меҳнати ҶТ, қонунҳои ҶТ «Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ», «Дар бораи  нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ», «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва дигар қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ як қатор имтиёзҳо барои маъюбон дар муносибатҳои меҳнатӣ, шуғл, касбомузӣ, таъминоти нафақа, кумакҳо ва имтиёзҳои иҷтимоӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти ҳаётии онҳо пешбинӣ шудаанд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин қишри осебпазири аҳолӣ имтиёз ва афзалиятҳои зиёдро пешбинӣ намудааст, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо таъсири мусбӣ мерасонад, аз ҷумла:

-табобати санаторию курортии ройгон;

-таълиму тарбияи ройгон дар муассисаҳои давлатӣ (дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот);

– ба тариқи ройгон истифода бурдан аз нақлиёти ҷамъиятӣ;

– дар ҳаҷми 50 фоиз пардохт намудани хизматрасониҳои коммуналӣ (ба ғайр аз қувваи барқ, гази табиӣ) ва ғайраҳо.

Воқеан ҳам, устувории низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз омилҳои муҳимми рушди иқтисодӣ ва суботи сиёсии ҳар кишвар маҳсуб меёбад. Дар ҳар давру замон сатҳи пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҳар як кишвар маҳз аз рӯйи дараҷаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, махсусан, таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон ва аз сатҳи зиндагии аҳолӣ баҳогузорӣ мегардад.

Дар даврони 30 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар муваффақиятҳои назаррасе ба даст омадааст. Аз ҷумла:

– қариб то 500 адад афзудани теъдоди муассисаҳои тандурустии давлатӣ, ки соли 1991 ҳамагӣ ба 374 адад мерасид ва то қариб 1750 адад расонидани бунгоҳҳои саломатӣ аз 1510 адад;

– 1,8 баробар кам кардани нишондиҳандаи фавти модарон ва 2,7 баробар кам кардани фавти кӯдакон;

– ба 10220 расонида шудани иншооти варзишӣ дар мамлакат, ки аз соли 1991 беш аз 9 баробар зиёд мебошад.

Инчунин, буҷети соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳашт соли охир аз 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ (соли 2013) ба 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (соли 2020) расидааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмома­лӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021, бо дарназардошти муҳиммияти нақши соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар рушди иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва боло бурдани сатҳи маърифатию фарҳангии ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқ­лол таъкид карда мешавад: «Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, илму маориф ва масоили гендерӣ афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодааст. Аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, алалхусус,  вазъи маъюбиятро ба эътибор гирифта, онро дар “Стра­те­гияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ворид намудааст. Ҳадафи қабули стратегияву барномаҳои давлатӣ, ин дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, бахусус маъюбон мебошад. Бояд гуфт, ки тайи солҳои Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ вазъи зиндагии шахсони дорои имконияти маҳдуд ба таври назаррас беҳбудӣ ёфта, пайваста андозаи пардохтҳои иҷтимоии онҳо зиёд мегардад.  Ҷиҳати боз ҳам бештар боло бурдани сатҳи  зиндагии ин табақаи ниёзманд Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ пешниҳод карданд, ки аз 1 сентябри соли равон нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ ва нафақаи кӯдакони маъюби то 18 – сола ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум ба андозаи 50 фоиз зиёд карда шавад. Иқдоми Сарвари давлат имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.

Барои тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии ин категорияи шаҳрвандон Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ба имзо расонид.  Дар Конвенсияи мазкур  ба масъалаи ҳуқуқи маъюбон ба меҳнат диққати асосӣ дода шудааст. Татбиқи ин ҳуқуқҳо ба принсипҳои пешгирии табъиз дар бозори меҳнат нисбати маъюбон,  дастрасии онҳо ба шуғл,  мутобиқшавии боақлона ва  амалҳои мусбат, аз қабили квотаҳо, имтиёзҳои андозӣ ва дигар ҳавасмандкуниҳо асос ёфтаанд. Мавриди зикр аст, ки  аллакай дар ҷумҳурӣ барои тасвиби пурраи ин конвенсия иқдомҳои фаъолона пеш гирифта шудаанд.

Имрузҳо дар тамоми дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои таълими калонсолон фаъолият менамоянд, ки барои ба касбомузӣ фаро гирифтани шаҳрвандони маъюб дар онҳо афзалият дода шудааст. Аз ҷумла, шуруъ аз соли 2018 бо дастгирии Намояндагии Институти хамкории байналмилалӣ Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон дар Тоҷикистон (DVV Interna­tional) лоиҳаи “Пешбурди тағироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир (инклюзивӣ)” дар Тоҷикистон амал мекунад, ки дар доираи он барои муаяйнсозии эҳтиёҷоти ҷавонони маъюб ба касбомӯзӣ ва мувофиқа­ти иншоот ва биноҳои марказҳои таълимӣ барои нафарони дорои маъюбият дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва ноҳияи Рашт тадқиқотҳо гузаронида шуд. Дар асоси тавсияҳои ин тадқиқот бино ва иншооти таълимии ин муассисаҳо барои касбомӯзии ҷавонони маъюб мутобиқ гардонида шуда, якчанд таълимгоҳҳо аз рӯи ихтисосҳои “Қаннод”, “Занбӯриасалпарвар”, “Гулпарвар» ва «Таъмири асбобҳои рӯзғор” барои маъюбон ташкил карда шуданд.

Ҳифзи иҷтимоии мардум яке аз масъалаҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки тайи солҳои охир мунтазам ҳаҷми умумии маблағҳои ҷудошаванда ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ батадриҷ меафзояд.

Мо шаҳрвандони кишвар дар таърихи начандон тулонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромадем ва эътимод дорем, ки ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашем.

Насриддинов Ф.,
сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои соҳавии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед