Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) – созмони байналмилалӣ буда, 15 июни соли 2001 аз ҷониби сарони давлатҳои Россия, Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ташкил карда шудааст. Соли 2017 давлатҳои Ҳиндустон ва Покистон низ аъзои комилҳуқуқи СҲШ шуданд.
Яке аз ҳадафҳои асосии Созмони Ҳамкории Шанхай ҳавасмандкунии ҳамкориҳои самараноки минтақавӣ дар сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ, экология, фарҳанг, илм, техника, маориф, энергетика, нақлиёт, молия, қарз ва дигар соҳаҳо мебошад.
Сарфи назар аз он, ки СҲШ барои ҳифзи ҳудуди давлатҳои ҳамсоя таъсис дода шуда буд, масъалаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии давлатҳои аъзо дар ҷаласаи аввалини СҲШ, ки дар шаҳри Алмаато баргузор гардида буд, баррасӣ гардид ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳадаф ва самтҳои асосии ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ ва оғози ҷараёни фароҳам овардани шароити мусоид барои савдо ва сармоягузорӣ ба имзо расид.
Моҳи сентябри соли 2003 роҳбарони Ҳукумати давлатҳои аъзои СҲШ барномаи 20-солаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо расониданд. Ҳамчун ҳадафи дарозмуддат, таъсиси минтақаи озоди савдо пешниҳод карда шуд ва ҳамчун ҳадафи кӯтоҳмуддат афзоиши гардиш дар минтақа интихоб гардид. 10 октябри соли 2008 аз ҷониби роҳбарони Ҳукумати давлатҳои аъзои СҲШ таҳрири (версияи) нави Нақшаи татбиқи амалигардонии Барномаи бисёрҷонибаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии СҲШ тасдиқ гардид.
Нақшаи корӣ самтҳои муҳимтарини ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ ва гуманитарии шаш давлатро дар соҳаҳои зерин дар бар мегирад:
- тиҷорат ва сармоягузорӣ;
- гумрук;
- қоидаҳои техникӣ, стандартҳо ва тартиби баҳодиҳии мутобиқат;
- бахши молиявӣ ва андоз;
- нақлиёт;
- комплекси сӯзишворию энергетика;
- комплекси агросаноатӣ;
- илм ва технологияҳои нав;
- технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ;
- идоракунии экологӣ ва ҳифзи муҳити зист ва ғ.
Чораҳои мувофиқашуда аз ҷониби давлатҳои аъзои СҲШ бо роҳи бастани созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байнимақомотӣ ба расмият дароварда мешаванд, лоиҳаҳои муштарак бошад, дар асоси қарори мақомоти СҲШ дар бораи тасдиқи лоиҳаҳои муштарак татбиқ карда мешаванд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои СҲШ дар шаш моҳи аввали соли 2021 то 1753,56 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод (ниг.ба ҷадвали 1.). Аз ҷадвал маълум мегардад, ки гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Қазоқистон, Россия, Чин, ва Ӯзбекистон афзоиш ёфта, бо Ҳиндустон, Қирғизистон ва Покистон коҳиш ёфтааст.
* Дар асоси маводҳои оморӣ “Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” январ-июни 2021, саҳ.116-117 .
Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ноябри соли 2020 раёсати Созмони Ҳамкории Шанхайро аз Федератсияи Россия қабул кард. Раёсати Тоҷикистон дар СҲШ ба 20-солагии ташкилёбии созмон рост омад. 15-16 сентябри соли 2021 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай ҷашн гирифта мешавад. Раиси Шӯрои сарони Шӯрои давлатии СҲШ, Асосгузори ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 25 феврали соли 2019 Нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ва баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ ва моҳи декабри соли 2020 рамзи 20-солгарди СҲШ-ро тасдиқ намуд. Шиори раёсати Тоҷикистон дар СҲШ: “20 соли СҲШ: Ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ” мебошад.
Дар рӯзномаи Созмон барои татбиқи ҳадафҳои раёсати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи иқтисодиёт вазифаҳои зерин ба назар гирифта шудаанд:
- таҳия ва қабули Нақшаи чорабииниҳои афзалиятнок барои рафъи оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, молиявӣ ва ғизоии паҳншавии COVID-19 дар минтақа;
- таҳия ва қабули Консепсияи ташкили минтақаҳои рушди иқтисодӣ дар фазои СҲШ;
- тарғиби истифодаи васеътари иқтидори транзитии давлатҳои аъзо;
- мусоидат ба васеъ намудани ҳамкориҳои Шӯрои тиҷоратии СҲШ ва Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ, ҳамкориҳои байнибонкӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, такмили заминаи қонунгузорӣ;
- пешбурди рушди бизнес-инкубаторҳо дар минтақаи СҲШ барои дастгирии start-up-ҳо.
Бахшида ба ин чорабинӣ дар Тоҷикистон, як қатор чорабиниҳо – ҷаласаҳои вазирони фарҳанг, адлия, тандурустӣ, баргузор намудани Форуми сайёҳӣ, Форуми занон, инчунин як қатор мулоқотҳо ва машваратҳои соҳавӣ ба нақша гирифта шудаанд. Ҳамзамон, ҷаласаҳои вазирони кишоварзӣ, энергетика, ҳифзи муҳити зист, мудофиа ва Фестивали хурокҳои миллии СҲШ дар арафаи ҷашнгирӣ баргузор гардид.
Ҳамин тариқ, нақши Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳалли дастаҷамъонаи масъалаҳои мубрами рӯз дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсати давлатҳои аъзо басо назаррас буда, барои рушди ҳамаҷонибаи минтақа дар оянда низ саҳм мегузорад.
Содиқова А.Ф.,
корманди Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи
бахши хусусии МТС-и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон