ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ…