Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимоамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок доир ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар 26 октябри соли 2023 мизи гирди илмию амалиро дар мавзуи “Омилҳои боздорандаи рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баргузор намуд. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва коршиносон ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ аз ҷумла қайд кард, ки ҳадафи олии рушди дарозмуддати кишвар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дар заминаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо яке аз ҳадафҳои муҳимми рушди стратегии мамлакатро муайян менамояд. Дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи мазкур вазифаҳои асосӣ гузошта шудааст, ки ҳалли онҳо дар шароити кунунӣ хеле зарур мебошад. Барои расидан ба ҳадафи мазкур зарур аст:

–суръати нисбатан баланди рушди саноат ва зиёд намудани ҳиссаи он дар сохтори ММД-и кишвар таъмин карда шавад;

–самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва зиёд намудани саҳми он дар таъмини амнияти озуқаворӣ бо назардошти ғизои комил баланд бардошта шавад.

Дар ин самт то имрӯз корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд ва тибқи натиҷаҳои қаблии ҷамъбасти рушди соҳаи агросаноатӣ дар соли 2023 истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ беҳтар мебошад. Бо заминаи таъмини рушди агросаноатии мамлакат чандин соҳаҳои дигар, аз ҷумла соҳаи иҷтимоӣ низ метавонанд пеш раванд, сатҳи бекорӣ коҳиш ёфта, зарфияти содиротии кишвар, истифодаи захираҳои инсонӣ ва ғайра баланд гардад.

Яъне фароҳам овардани рушди муштараки соҳаҳои кишоварзиву саноат яке аз ҳадафҳои муҳими татбиқи СМР–2030 ба шумор меравад. Барои роҳандозии чунин тарҳҳои бузург аз ҷониби коршиносону мутахассисон кластеркунонии соҳаи кишоварзӣ яке аз заруратҳои таъхирнопазир дониста мешавад. Ин заминаи муҷаҳҳазсозии технологӣ ва инфрасохтории соҳаро муносиб ба талаботи имрӯзаи бозори дохилию берунӣ фароҳам месозад.

Бино ба таҳлилҳо, бо ин усул Тоҷикистон танҳо аз ҳисоби тавлидоти пахтагӣ метавонад солона ками кам 1,5 миллиард доллар ва бо ҳамбастагии дигар имкониятҳо ҳадди аксар беш аз 3 миллиард доллар, яъне зиёда аз даҳ баробар бештар аз имрӯз содирот кунад. Ба ин хотир, ҳамасола дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузург сохта мешаванд, корхонаҳои бузурги саноатӣ, ба монанди корхонаи “Азот” ва ғайра бо фанновариҳои ҷадид муҷаҳҳаз мегардад. Чанде пеш Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарашон ба вилояти Хатлон боз якчанд корхонаҳои саноатии соҳаро ба истифода доданд.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 (бидуни соҳаи энергетика) ба 120% расида, истеҳсол 43 миллиард сомонӣ, ё 5, 7 миллиард сомонӣ (15,4%) бештар аз соли 2021 будааст. Тоҷикистон аз рӯйи суръати рушди саноат дар миёни кишварҳои собиқ Шуравӣ пешқадам аст. Тибқи маълумоти оморӣ, фақат дар соли 2022-ум 505 корхонаи нави саноатӣ (306 – соли 2022, 269 – соли 2020) дар кишвар эҷод шуда, 2 миллиард сомонӣ (муодили 200 миллион доллар) ё 5% аз ҳаҷми умумии тавлидоти саноатиро таъмин кардаанд. Шумораи кормандони ин корхонаҳо 5475 нафарро (соли 2021-ум – 4957, соли 2020-ум – 3718) ташкил додааст.

Бинобар ин, дар баробари дарки ҳадафҳои рушди соҳа, таъкиди дастовардҳои он, инчунин, баррасии омилҳои боздорандаи рушди соҳаи агросаноатии мамлакат яке аз он заминаҳоест, ки таваҷҷуҳро ба ҷустуҷӯйи омилҳои дохилии рушди миллӣ зиёдтар мекунад. Яъне ин мавзуи мубрам мавриди андешаронӣ ва муҳокимаи аҳли назар, аз ҷумла, коршиносону мутахассисони ҷуяндаи соҳа қарор дода мешавад. Дар маркази таваҷҷуҳи мизи гирди илмию амалии имрӯза гузоштани ин масъала аз ҳамин иборат аст, –гуфт дар охири суханронӣ Хайриддин Усмонзода.

Сипас дар назди ҳозирин депутати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиноси Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Рустам Раҳматзода дар мавзуи Таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва институтсионалиии рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҷ. Пиризода дар мавзуи “Ҳадафҳо ва омилҳои таъсиррасон ба рушди комплекси агросаноатии Тоҷикистон”, коршиноси Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ихтиёр Ашӯров дар мавзуи “Самтҳои асосии рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Шуъбаи муассисаҳои илмию таълимии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ҳ. Рӯзизода дар мавзуи “Омилҳои боздорандаи рушди саноати хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Раёсати дастгирии соҳибкорони кумитаи давлатиии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Некрӯй Забирзода дар мавзуи “Дастгирии давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муовини сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Сатторова дар мавзуи “Таъмини амнияти озуқаворӣ ва монеаҳои рушди соҳа”, сармутахассиси КВД-и “Хӯрокворӣ” Махсумҷон Саидов дар мавзуи “Корхонаҳои истеҳсолиии КВД “Хӯрокворӣ” дар рушди комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназар Каримиён дар мавзуи “Мушкилот ва масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ” суханронӣ карда, ба саволҳои иштирокчиёни конфронс посухҳои қаноатбахш доданд.

Баъдан иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни маърузаҳои ироашуда фикру андешаҳои муфид ва арзишманд баён намуданд.

Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона ва ибрози андешаҳои судманд изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

 Хадамоти матбуотии МТС-и
 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед