Таърих гувоҳ аст, ки ислом дар умқи пайдоишаш нахуст сиёсӣ набуд. Нахуст хондан ва сипас, имон ба Худовандро таблиғ намуд. Паёмбари гиромӣ (с) аз ибтидо танҳо рисолати даъвати мардум ба роҳи рост ва шинохти Ҳақ намуданд. Кулли оятҳои маккӣ гувоҳи ин гуфтаҳост. Агар дар сурате ки ҷоҳилони Макка ба муқобили ақида ва даъвати Паёмбари ислом намебаромаданд, ба ҳаёти ӯ хатар намеоварданд, оё зарурати ҷангу ҷидолҳо ва сиёсишавии ислом пайдо мешуд? Оё зарурати муборизаи сиёсӣ ва хунрезиҳо ба миён меомад? Оё агар касе дар замони Паёмбар исломро қабул мекард ё намекард, ӯро ҷазо медоданд?. Албатта, саволҳо зиёданд, ки ақл, виҷдон ва имони ҳар ватандӯстро ором намегузоранд…
Яқин меравад, ки даъвати ибтидоӣ ва асили ислом шинохти соҳиби Худои якка, ибодат ба Ӯ, адл ва инсофи умум буд, на гирифтани қудрат. Чун ин замон ин имкониятҳоро давлат ба пуррагӣ кафолат додааст, бо тобиши сиёсӣ додани дин ҳеҷ зарурат нест. Ҳар нафаре, ки таърихи динро медонад, қонунияти рушди таърихии падидаҳоро аз худ кардааст, таъсири замону маконро ба ташаккул ва рушди ҳодисоти иҷтимоӣ дарк кардааст, диалектикаи табдилу такмили ҳодисоти статикию динамикиро фаҳм намудааст, барои ӯ равшан аст, ки сиёсисозони муосири ислом ҷонибдорони эътиқоди асл не, манфиати давлату миллат не, балки хизматгорони хоҷагони чоплусу душманони дину давлатанд. Бадбахтии сангинтар он аст, ки ин тамоюлу равишҳои носолими эътиқодиро зери парчами озодиҳо ва ҳуқуқҳо давлатҳои бузурги олам бо ҳар роҳу воситаҳо дастгирӣ менамоянд. Зеро аз нооромии кишварҳои олам – фоидаи онҳо бештар мешудааст. Манфиат на танҳо ба «забони гуфтугӯи давлатҳо» (ибораи С. Ятимов), ҳамзамон, ба ҳадафи марказии амалкардҳо табдил ёфтааст.
Албатта, дар навбати худ ҳокимияти давлатӣ ва аҳли илми ҷомеаҳои шаҳрвандӣ ва давлатҳои дунявиро дар чунин шароит зарур аст, ки сари масъалаҳои озодии виҷдон андеша намуда, вазъи мусоиди амалишавии озодии виҷдонро таъмин сохта, нагузоранд, ки ба тори имон ва эътиқоди мардум гурӯҳҳои ғаразнок чанг зананд. Душманони давлату миллат мехоҳанд, ки амалкардҳои моро мухолифи дину мазҳабамон шарҳ дода, моро ба муноқишаи дину қудрат кашанд. Биноан, мо набояд ба осиёби онҳо об резем.
Мазҳаби аҷдодии мо ҳанафия амри подшоҳро фарз дониста, ба муқобили ӯ исён намуданро манъ кардааст. Муҷтаҳиди бузурги замони Сомониён Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ навиштааст: «Тоат доштани султон фариза аст ва тарки вай осӣ шудан ва маъсият аст ва бидъат. Ва ҳар кӣ султонро тоат надорад, он ҳаводор бошад, зеро, ки Ҳақ таоло фармуда дар китоби худ, ки «Ё аййуҳал-л-лазина оману, атиъуллоҳа ва атиъу-р- расула ва ули-л-амри минкум». Эй муъминон! Худои азза ва ҷалларо тоат доред ва Расулро тоат доред! Ва амиронро тоат доред… Ва ба ҳама ваҷҳҳо султонро тоат бояд дошт». Итоат ба подшоҳ итоат ба низом ва эҳтиром ба тартиботу амнияти ҷоринамудаи Роҳбари давлат аст. Ҳамин барои мо гӯё аст, ки мазҳаби бобоии мо бо низоми идораи давлати мо таърихан мушкилӣ надорад. Мушкилиҳои эҷодшудаистода аз таълимоти бегонагон аст, инро мо бояд донем ва ҳамчун таҳдиди дар остонаи дар истода дарк намоем.
Дар баробари ин ҳама дар фазои динии давлати миллии мо саволҳо ва масъалаҳои ҳалталаб кам нестанд. Аз ҷумла, оё дар кишвари мо метавон исломро ба таври оқилона танзим сохт? Оё намояндагони навбаромади ифротагароро, ки кӯзаи андешаашон бо дигар арзишҳои орӣ аз манфиатҳои миллӣ пур шудааст, ба таҳаммул ва тағйири андеша метавон даъват кард (?) ҷавобҳои худро интизоранд. Вале ҳоло ҳаминро таъкид бояд кард, ки ҳар фишор, ҳар маҳдудияти ноҷо ва ҳар зиёдаравии беҷо дар ин самт ба манфиати мо нахоҳад буд. Чи тавре ки Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллати мо борҳо таъкид доштанд, дин ва оини моро касе ҳаққи маънавии ба муқобили ормонҳои мо гузоштан надорад, давлат ба иттиҳодияҳои динӣ шароит муҳайё мекунад, ҳуқуқ ба озодии виҷдонро таъмин мекунад ва дар як вақт назорати риояи қонунро аз ҷониби онҳо таъмин менамояд.
Дар заминаи сиёсисозии ислом масъалаи ифротгароии динӣ ва терроризми байналмилалии динӣ аз ибтидои солҳои 90 асри гузашта ба як воситаи муҳими таҳдид ба давлатҳои миллии дорои мардуми мусулмон гашт. Зарбаи нахустини худро ин зуҳуроти манфӣ дар ҳудуди кишварҳои пасошуравӣ дар шакли ғояҳои тундрави ваҳҳобия зери ниқоби сиёсисозии ислом ба Тоҷикистони соҳибистиқлол расонд. Таҷрибаи ҷанги шаҳрвандӣ равшан собит сохт, ки сиёсисозии дин дар таркиби худ зуҳуроти ифротӣ ва террористии либоси динӣ пӯшидаро дар ҳолатҳои зарурӣ омода менамояд.
Мушкилии ин раванд бинобар авомили мухталифи замони нав ва ҷаҳонишавии манфиатҳо бамаротиб печидатару чолишхӯрда гаштааст.
Таҷрибаи давлатҳои миллӣ гувоҳи он аст, ки бо рӯбарӯшавӣ бо ин таҳдидҳои полудаи эътиқод ва сиёсати тундравонаи динӣ таваҷҷуҳи муҳаққиқон аслан ба се гурӯҳи масъалаҳо ҷалб мегардад: масъалаҳое, ки сарчашмаи зуҳури ифротгароӣ ва терроризми динӣ мегарданд (1); мавзуоте, ки паҳноҳои сиёсӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иттилоотии ин равандҳоро дар ҳамоҳангӣ бо таҳдидҳо ба амнияти давлати миллӣ инъикос менамоянд (2); ба мабонии маънавии эътиқодии чунин ҷараёнҳои тундрав таваҷҷуҳ менамоянд (3).
Илова бар ин, се тамоюли шинохти ҳаракатҳои ифротию террористии динӣ, дар кишвари мо масъалаҳои зерини кӯшиши баррасии ин авомили зишт ва шинохти он дар фазои илмӣ, амалӣ ва иттилоотӣ эҳсос мегардад: чорум, дар зовияи тазоди мазҳабӣ ва муқовимат бо арзишҳои анъанавии ислом, агар масъалаи мазкур дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиддӣ ва оштинопазир аз ҷониби пайравони мазҳаб ва зиёиёни меҳангаро баррасӣ мешуд, акнун солҳои охир ин рисолатро мақомоти давлатӣ бар дӯш гирифтааст.
Зиёиёни мамлакат ба ин масъалаҳо зери таъсири авомили мухталиф таваҷҷуҳи ҷиддӣ надоранд; панҷум, таҳлил ва баррасии ин тамоюли зишт ва фасодовари иҷтимоӣ маҳз аз кунгураи амнияту оромии кишвар ҳамчун ҳодисаи таҳдидкунандаи динӣ ба амнияти миллию соҳибихтиёрии давлат (мутаассифона, бештар тариқи супоришӣ, на ихтиёрӣ) мавриди муҳокима ва баррасиҳо қарор мегиранд; шашум, тибқи нақшаю дастурҳои расмӣ, дар семинару конфронсҳо ва мавзуоти қироатии ходимони динӣ аз табиати зишти ин ҳодисаҳои номатлуб иттилоъ дода мешавад. Агар дар се омилу асосҳои ибтидоии кӯшиши шинохти ифротагароию терроризми динӣ, мо то ҷое унсурҳои ақлонию иродавии ҷомеаро дар шинохти ин беморӣ эҳсос намоем, дар сеи охирӣ мо фаъолнокии мақомоти давлатиро эҳсос карда, нақши иродавию ақлии ҷомеаи зиндаро дар мубориза бо ин таҳдидҳо камранг мебинем.
Ба назари муҳаққиқон, дар давлатҳои миллӣ дар қаринаи омӯзиши илмии равандҳои манфии ифротгароӣ ва терроризми динӣ баъзе аз усулҳои номуносиб низ эҳсос мегарданд, ки ба шинохти комил ва ташкили муборизаи дурусти мафкуравӣ ба муқобили ин зуҳуроти таҳдидовар монеаҳо эҷод менамоянд. Мисол, дар Федератсияи Россия, ки бо ин зуҳуроти манфӣ на як бору ду бор рӯ ба рӯ шудааст, таваҷҷуҳи аҳли илм ба таҳлил, омӯзиши гурӯҳҳои ифротӣ ва табиати ташкилотҳои онҳо бештар равона шудааст (И. П. Добаева, Б. В. Долгова, А. А. Игнатенко, Р. Г. Ланды, Д. В. Макарова, Р. М. Мухаметова). Вале дар баробари ин омили асли зуҳури тундравии динӣ ва табдили ин чараён ба ифротгароию терроризми динӣ диққати аҳли илмро камтар ба худ ҷалб кардааст. Ҳол он ки дар шинохт ва пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб маҳз омӯзиши ҳамин омилҳои зоянда муҳим ва тақдирсозанд.
Дигар аз мушкилӣ он аст, ки онҳое, ки ба ҳамин мабонии зуҳури ҳаракатҳои ифротию террористӣ таваҷҷуҳ менамоянд, аслан дар усули кашфи масъала мушкилӣ доранд. Онҳо дар силсилаи авомил бештар ба яке аз онҳо банд шуда, тамоми дигар аз омилҳои ғизодиҳандаи ин раванди номатлубро аз мадди назар дур мемонанд. Мисол, муҳаққиқ А. М. Василев ифротгароии диниро хамчун аломати буҳрони тамаддуни исломӣ шарҳ медиҳад. Ва ё А. Ю. Юмнов терроризмро бо либоси динӣ аксуламали ҷаҳонишавӣ медонад. Муҳаққиқ А. Ю. Другов бошад, ифротгароии диниро ҷанбаи дигари ҷаҳонишавии манфиатҳо мешуморад. Албатта, дар навиштаҳои ин олимон нуктаҳои ҷудогонаи ҳақиқат вуҷуд доранд, вале ҳақиқати комил ва фарогири зуҳури ин ҷараёнҳои номатлуб не. Аз ин хотир, муҳаққиқон солҳои охир ба дигар авомилу решаҳои ин зуҳуроти манфӣ таваҷҷуҳ намуда, решаҳои зуҳур ва рушди онро дар дигар ҷараёнҳо, равандҳо ва амалкардҳою ғояҳои мафкуравӣ кашф карда, барои ақли солим маслиҳату равишҳои муносибро пешниҳод карда истодаанд.
Мисол, муҳаққиқи шинохта Л. Р. Сюкияйнен андеша дорад, ки барои дуруст омӯхтани решаҳои ифротгароӣ ва терроризми мусулмонӣ моро зарур аст, ки ба бисёр омилҳои иҷтимоӣ ва таърихӣ дуруст назар намоем. Аз ҷумла, зарур аст, ки ба ҷойгоҳи ин зуҳурот дар олами ислом ва таърихи он, ҳолати муосири ислом, нақши ислом дар ҷаҳони муосир диққат диҳем. Ҳамчунин, аз хотир набарорем, ки дар муддати асрҳо Шарқи наздику Миёна ва Шимоли Африқо ва, умуман, кулли олами исломӣ майдони муборизаҳои сиёсӣ буданд, ки дар худ ҳам ифротгароии динӣ ва ҳам терроризми диниро доро буданд. Имрӯз бошад, вазъи нобасомони сиёсӣ – иҷтимоӣ бо мушкилиҳои иқтисодӣ фаъолшавии ташкилотҳои тундрави исломиро рӯи кор оварда, ба ифротгароию терроризми динӣ шаклҳои нав ва фарогиртар мебахшанд.
Ҳарчанд ҳукми қатъии муаллиф дар масъалаи он, ки садсолаҳо дар кулли олами ислом аломатҳои ифротгароӣ ва терроризми динӣ мушоҳида мешуданд, аз назари таърихнигорӣ сахт ва аламовар аст ва банда онро комилан ҷонибдор нестам, вале ҳақиқат зуҳури амалҳои ҷудогонаи ифротию террористиро дар ин давраҳо комилан инкор кардан намемонад. Ва ин омилро мо ба сифати омили марказии вуҷуд ва ирсияти ифроту террор дар ислом қабулдор ҳам нестем, балки онҳо аз амалҳои зиштеанд, ки дар шарту шароити муайяни таърихӣ нодуруст бо тундравии хосаи инсонӣ рӯ задаанд. Дигар ин, ки ин навъ тундравию ифротгароӣ дар таърихи Аврупои асрҳои миёна дар шакли ордендорону муборизони мазҳабӣ низ кам набуданд ва мо наметавонем, ки бо ҷурми чанд тан аз тундравону террористони динии насрония кулли фарҳанги насронияро маҳкум намоем. Аммо дар масъалаҳои дигари дар иртиботи таърихӣ омӯхтани зуҳуроти ислом ва амалҳои номатлуби ифроту террор, таҳлил ва таснифи авомили зуҳури онҳо бо гурӯҳҳо ба далоили овардаи муаллиф мо комилан ҳамфикр ҳастем.
Л. Р. Сюкияйнен омилҳои зуҳури ифротгароиро дар шароити муосир дуруст тасниф намуда, ба чунин навъҳои ҳудудӣ онҳоро тақсим менамояд: омилҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ. Сипас, ҳар як гурӯҳи омилҳоро аз назари илмӣ таҳлил намуда, хулосаи худро пешниҳод менамояд. Ба омили дохилӣ-миллии зуҳури ифротгароӣ ва терроризм дар натиҷаи таҳлили кишварҳои мусулмоннишини олам (Тунис, Судон, Либия, Миср, Ироқ, Сурия, Афғонистон ва ғ.) муаллиф вуҷуди чунин ҳолатҳоро асос медонад: якум, қафомонии иқтисодӣ-иҷтимоии кишварҳои минтақаи муайяни исломӣ бо пасманзари афзоиши бекорӣ, камбағалӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, ноодилона тақсим намудани сарватҳои иҷтимоӣ; дуюм, омили сиёсӣ. Аксари кишварҳое, ки дар онҳо ифротгароӣ ва терроризми динӣ рушд менамояд режими сиёсии онҳо, аслан демократӣ нестанд, ислоҳотҳои маҳдуди сиёсии дар ибтидои ҳазораи се баргузор намудаи онҳо, низоми марказондашудаи идориро дигар накарда, режимҳои худкомаи сиёсиро маҳдуд нанамуданд.
Гузашта аз он, дар ин кишварҳо ба андешаи муаллиф, чунин падидаҳои фаҳм ва дарки набзи ҷомеа: плюрализми сиёсӣ, табдилёбии қудрат ва рақобати сиёсӣ рушд накарда, ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ дар сатҳи паст қарор гирифтаанд. Дар баробари ин, лоиҳаҳои дунявии идораи ҷомеа дар ин кишварҳо, ки дар шакли моделҳои ба идеологияи марксизм, сотсиализм ва миллатгароии арабитакякунанда рӯи кор омад, натиҷае надод. Ин ҳама ҳолатҳо вазъи ҷомеаҳоро муташанниҷ намуда, ба эътирозҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ либоси динӣ пӯшонд.
Муаллиф дар ҳамин сарҳад авомили зуҳури ифротгароии исломиро бо далоили шароити воқеӣ маҳдуд накарда, яке аз шоҳроҳҳои асли ҳувият ва рушди онро дар ду раванди дар як шоҳроҳи сиёсӣ ҳаракаткунандаи мафкураи сиёсии мусулмонон ишора менамояд: «Ба ин раванди ифротгароӣ ва терроризми динӣ дар олами исломӣ «исломикунонии сиёсат» ва «сиёсисозии ислом», ки бештар дар шакли исломи сиёсӣ ва радикализми динӣ зуҳур менамоянд, мусоидат мекунанд. Мақсади ин тандем ҳамагуна амалҳои сиёсиро ба таълимоти исломӣ тобеъ кардан аст. Исломро мутобиқ ба шароитҳои муосир шарҳу тавзеҳ дода, тундравони динӣ, аз таълимоти исломӣ дармонҳои ҷомеаи (аз назари онҳо иллатманди-А.Х.) муосирро ҷустуҷӯ менамоянд. Бо ин ҳадаф, онҳо мақсади ташкили Хилофатро бо меъёрҳои шариатӣ пеш гузошта, ҷиҳодро ҳамчун шакли ягонаи мубориза дар ин роҳ қабул мекунанд».
Дар баробари ин, Л. Р. Сюкияйнен омили тундравии исломиро танҳо ба ҳодисаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ маҳдуд накарда, вайро ҳамчун як раванди гузариш аз буҳрони худшиносии динӣ низ номидааст. Яъне, ҷомеаи исломӣ дар ҷустуҷӯи роҳҳои рушд ва худмуайянкунии мақоми хеш дар замони муосир дар баробари амалҳои солим, амалҳои носолимро низ, бинобар камҳавсалагии иддае аз тундравони мазҳабӣ истифода мебарад.
Ҳамин тавр, муаллиф батадриҷ омилҳои минтақавӣ (ҳодисаҳои ноороми кишварҳои Шарқи Миёна ва Африқои Шимолиро), ки баъзе ноуҳдабароии ҳокимони миллӣ ва сиёсати нодурусти кишварҳои абарқудрати ғарбӣ ба чунин варта гирифтор шудаанд; ва байналмилалии (ҷаҳонишавӣ, вестернизатсияи қонунгузорӣ, интиқоли иҷбории арзишҳои демократӣ) зуҳур ва тавсеаи амалҳои зишти ифротгароӣ ва терроризми диниро дар асосҳои таҳлилҳои шахсӣ пешниҳод менамояд, ки аксарашон бо далелҳои баҳснопазир вуҷуд доранд.
Як нуктаи муҳими таҳлили муаллиф дар омилҳои дохилии зуҳури ифротгароӣ дар он аст, ки вай вуҷуди нуктаҳои иллатманди зуҳури тундгароӣ ва ифротгароиро дар таълимоти динӣ инкор наменамояд. Ӯ вуҷуди ғояи тарғибгари ифротгароиро дар сарчашмаҳои ҷудогонаи динӣ инкор наменамояд. Ифротгароён ба ин сарчашмаҳо такя карда, амалҳои ифротии худро иҷро менамоянд. Ҳарчанд масъалаи мазкур аз назари сирф ғоявӣ ва рисолати эътиқодӣ баҳснок аст, вале масъалагузории муаллиф аз назари усулӣ ва воқеияти зуҳури амалҳои зишт, ки ба сарчшамаҳои динӣ дар асосҳои гуногунфаҳмӣ такя мекунанд, то ҷое воқеият дорад. Вале муаллиф, таваҷҷуҳ намекунад, ки ин ҷо ду масъаларо бояд ба инобат гирифт: Мушкилии аввал он аст, ки ифротгароёну террористон ба фаҳми худ ба навиштаҷоти аҳкоми динӣ муносибат карда, дар доираи фаҳми худ аз онҳо маънӣ мебардоранд. Дуюм, мушкилӣ он аст, ки сарчашмаҳои тақлидии ифротгароёну террористон якзайл ба ҳама ҷараёну мазҳабҳо, яъне дигар мусулмонони олам хусусияти меъёрӣ надорад. Ҳарчанд ки ӯ тезиси «терроризм миллат ва дин надорад»-ро зери савол мекашад, вале худаш таъкид мекунад, ки шартан гуфтан мумкин аст, ки «дини ислом бевосита бо терроризм рабте надорад, агар, албатта, мо исломро ҳамчун дин ва эътиқод қабул намоем».
Ҳамин тавр, Л. Р. Сюкияйнен асосҳои ғоявии зуҳури ифротгароиро дар шакли мафкураи тундрави дар таълимоти динӣ воридгашта инкор накарда, воситаи муқовимат бо онро ҳамчун навъи ғоявии мубориза бо он дар паҳнои таълимоти динӣ меҷӯяд. Ин навъ масъалагузорӣ зери принсипҳои илмии он ки «бо душман бо усули ӯ мубориза бояд бурд» ва ба «муқобили андешаи носолим бояд андешаи солимро гузошт, на танку тӯпро», комилан қобили қабул аст.
СИЁСИСОЗИИ ДИН ВА ОМИЛҲОИ ЗУҲУРИ ИФРОТУ ТЕРРОР
Маъмур MTC / / Хонанда: 585
Воқеан, мо чи қадаре даъво кунем, ки дини мубини ислом тоза аз ифроту террор аст, воқеият мухолифи ин аст. Зеро ҳамон амалҳои зишт, ки дар олам зоҳир мегарданд бо ин ё он тарз худро бо номи ислом васл менамоянд. Онҳо бидуни такягоҳи маънавӣ ва руҳонӣ имкон надоранд, ки субъектро то зинаи худкушӣ бароранд.
Муҳаққиқон дуруст андеша доранд, ки агар алоқаи ғоявии тундравони динӣ бо идеологияи исломӣ гуногун васл гарданд, ҷое ба осонӣ ҷое ба мушкилӣ ва гоҳо инкор шаванд ҳам, вале онҳо ҳамеша ба асосноккуниҳои вижаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ тобеанд. Пас, моро зарур аст, ки ё ҳамин ғояҳоро аз ислом ҷудо намоем, бепоягии ҳамин асосноккуниро равшан созем ва ё андешаҳои солими исломро, ки ин навъ амалҳои номатлубро бо далелу рақамҳо қатъиян инкор менамоянд, пешниҳод созем.
Бино бар таҳлили вазъи мафкураи ифротиёну террористон, равшан мегардад, ки барои онҳо муҳим шакли идораи демократӣ, табиати низоми идора набуда, табиати исломӣ надоштани давлат ва созиши он бо андешаҳои атеистӣ аст. Ҳатто, вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки обрезанда ба осиёби тундравиҳои ҷомеа аст, барои онҳо он қадар муҳим нест. Аз ин хотир, роҳбарони ифротиён бештар ба асосҳои ғоявии амалҳои ифротӣ ва сарчашмаҳои динӣ (муҳим нест, ки онҳо дуруст маънӣ мебардоранд ва ё не, муҳим он аст, ки онҳо дуруст ба манфиати худ шарҳу тавзеҳ диҳанд) такя мекунанд.
Ин аст, ки ба қавли муҳаққиқон ифротгароии муосири исломӣ, аслан – зуҳуроти ғоявӣ аст. Чунки нуктаи аслӣ ва омили марказии асоскноккунандаи он ғоя ва консепсияи исломӣ баромад мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир, яке аз самтҳои асосии мубориза бо ин зуҳурот ҷанбаи ғоявӣ ва мафкуравӣ мебошад. Бояд ҷанбаҳои солиму таҳаммулгарои исломӣ ҳамчун ғояи марказӣ ба майдони мубориза кашида шаванд. Ин корро бояд ходимони динӣ ва муҳаққиқони исломшинос роҳандозӣ намоянд. Мутаассифона, эҳсос мешавад, чун рисолати худро ин қишри ҷомеа иҷро наменамояд, гурӯҳи дигари ғайрикасбиён дар раванди мубориза бо ифроти динӣ ба асосноккунии ғояҳои ифротии террористон бештар машғул шуда, «мӯйро аз хамир ҷудо накарда», динро дар умум ҳамчун рақибу душмани ҷомеаи солим муаррифӣ менамоянд. Ҳатто, дар фазои илмӣ бештар ба кашфи асрори ифротию терроризми динӣ таваҷҷуҳ мешавад, аз он ки ҷанбаҳо ва ғояҳои муқобили онро таҳлил ва ба муқобили ин андешаҳои носолим гузоранд.
Эҳсос мегардад, онҳое, ки майли бештар ба кашфи асрори вуҷуди террору ифрот дар заминаи арзишҳои динӣ менамоянд, тарс аз тарғиби мафкураи динӣ ва афзоиши нақши он дар ҷомеа доранд. Албатта, ин эҳсосот воқеан дар ҷомеаи анъанавӣ ҷо дорад, вале воқеияти аз ин вазнинтар он аст, ки агар мо неруи солиму алтернативии диниро ба муқобили ин неруи бади тавлидкардаи душманони дину миллат нагузорем, ғалаба бар ин фасоди ботинӣ ва руҳӣ ғайриимкон мегардад. Гузашта аз ин, ҳолат муносибати мардуми фикркунандаро нисбат ба дин ё ба сифати сарчашмаи ифроту террор табдил медиҳад ва, ё ҷонибдорони ғояи чунин равишро аз бунёдаш инкор менамояд. Аз назари қоидаҳои объективияти илмӣ, ҳар ду ҳолати негативӣ дар муносибат бо дин муқаррарӣ ва қобили қабул нест.
Ба андешаи муҳаққиқони шинохтаи фарҳанги исломӣ, иллати рушди ифроти динӣ дар он аст, ки давлату ҷомеаҳо усулҳои ҳарбӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва, ҳатто, иттилоотии мубориза бо террору ифроти диниро дар даст гирифтаанд, аммо муборизаи маънавӣ ва мафкуравиро, ки ҷавҳари ин зуҳуротро ташкил медиҳад, то ҳанӯз дуруст роҳандозӣ накардаанд. Ин ҳолат неруи андешаю ғояҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии исломро на дар дасти давлат, ҳатто ходимони иттиҳодияҳои динӣ, балки дар ихтиёри ифротиёну террористони динӣ вогузор кардааст.
Корпуси ходимони динӣ ва иттиҳодияҳои динӣ бояд дар ин самт фаъол бошанд. Динро аз ифротиён дифоъ намоянд, ҳамон тавре, ки М. Лютер, Калвин ва дигарон дар Аврупо динро аз сиёсат ва бозиҳои сиёсии қудратхоҳона наҷот доданд. Дар ин самт на бо таърифҳои хушку холии подарҳаво, балки бо далелу рақамҳои мушаххас парда аз асрори асосҳои ғоявии ифротгаро, ки ба дин такя мекунанд, бояд бардошт. Бо ин мақсад, мутобиқи матлаб аст, ҳамон ояту ҳадисҳоеро, ки онҳо ба сифати асосҳои идеявӣ ҳастанд, дар асосҳои илмӣ мутобиқ ба принсипҳои инсондӯстии исломӣ шарҳ ва тавзеҳи дуруст дода шавад. Яъне, яроқи маънавии онҳоро бояд хунсо сохт. Ин корро на бо тиру тӯп, балки бо ғояи солим кардан имкон дорад. Принсипҳои таҳаммулгароёнаи мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти ақлгароёнаи исмоилия дар ин самт метавонанд барои мо хизмат намоянд. Албатта, омӯзиши дигар таҷрибаи олами исломӣ низ дар ин самт мувофиқи матлаб аст.
Таҳлили маводи ба ифроту низоъ даъваткунанда ва ба террор ҳидоятшавандаи ифротагароёну террористон ва назари олимони соҳаи исломшиносӣ гувоҳи он аст, ки заминаҳои ғоявии такяи онҳо ба мабонии исломӣ якранг нест. Як гурӯҳ ояту ҳадисҳое ҳастанд (онҳо зиёд нестанд), ки онҳо аксаран дар давраҳои аввали густариши ислом, дар аснои муқовимати ҳарбии ҷонибдорони ислом ва мухолифини онҳо, дар шароитҳои таърихии ҷанг нозил ва ташккул ёфтаанд. Ин муқаррарот дар айёми ҷангу ҷидолҳо, тартиби пешбурди ҷанг, муносибат бо мухолифин, бо душманони майдони ҷанг, муносибат бо амволи душманон ва ғайра дар бар мегирад. Ба ин оятҳо сураҳои “Тавба” – оятҳои: 5, 14, 29,73; “Бақара” – оятҳои 190, 191, 217; “Нисо” – ояти 141; “Анкабут” – ояти 6; “Таҳрим” – ояти 9; “Оли Имрон” – ояти 142 ва Ҳуҷурот – ояти 15 мисол шуда метавонад. Бо кадом тартибе, ки ифротиён ин теъдодро афзоиш надиҳанд, ҳамагӣ шумораи онҳо 1 дарсади оятҳои қуръониро ташкил намекунанд.
Мазмуни на ҳамаи оятҳои ишорашуда бевосита тарғиб ба ҷанг дошта, дар онҳо шарту шароити ҷанг, ҳолатҳои имконпазирӣ, зарурати он ва дигар асосноккуниҳо атрофи муноқишаҳои имконпазир омадааст, ки вобаста ба шароити таърихӣ ва тағйирёбии шароит, сатҳ ва фаҳми субъекти мулоҳизакунанда табдили фаҳми мазмуни онҳо имконпазир аст. Ин ҳолат гувоҳи он аст, ки ба замми маҳдудияти таърихӣ ва ҳукми ом надоштани иддае аз онҳо чанде аз ин такягоҳҳои ғоявии ифротгароён қатъӣ ва устувор манфӣ набуда, фаҳмҳои дигаргунаи муқаррароти онҳо дар назария ва амалия вуҷуд дорад.
Гурӯҳи дигар ояту ҳадисҳое ҳастанд, ки онҳо комилан маънои ифроту террорро надоранд, вале аз роҳи тафсири шикаста ва маънидодкунии ғаразнок ифротиён онҳоро ба такягоҳи маънавии худ табдил додаанд. Мисол, ояти 3-и сураи “Оли Имрон”, ояти 59-и сураи “Нисо” ва ё ҳадиси машҳури паёмбари ислом, ки «касе амали ғайришаръиеро дид, бигузор бо дасташ, агар натавонист бо забонаш, агар натавонист бо қалбаш ба дигаршавии он мусоидат намояд». Ҳол он ки айнан ҳамин ояту ҳадисҳоро пайравони мазоҳиби таҳаммулгаро ҳамчун манбаи рафтори шоиста тарғиб ва ташвиқ менамоянд.
Дар баробари ин ҳолатҳо, чанд мавзуе ҳаст, ки баҳс атрофи онҳо бидуни риояти ҳадди эътидол ҷаҳонбинии тундравона ва ифротиро дар адабиёти динӣ ва муҳокимаҳои мазҳабӣ тавлид сохтанаш имконпазир аст. Ба андешаи муҳаққиқон, ин баҳсҳоеанд, ки атрофи мавзуоти тавҳид, имон, такфир, ҷиҳод, ҳалолу ҳаром, ба расмият шинохтани ҳокимияти давлатӣ, муносибат бо ғайримусулмонон ва роҷеъ ба мақоми шаҳид ба миён меоянд.
Ва ниҳоят, хатти марказии роҳи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризми диниро аксари муҳаққиқони олам дар хазинаи арзишҳои маънавии сарчашмаҳои исломӣ мебинанд. Дарвоқеъ, 99 дарсади Қуръон аз ояту муқаррароти иҷтимоие иборатанд, ки онҳо хосияти ташкилӣ, танзимӣ, ахлоқӣ, эътиқодӣ, иттилоотӣ, таърихӣ ва дигар масъалаҳо доранд ва ба ифроту террори ҷоҳилон васлнашавандаанд. Гузашта аз он, дар қатори 500 аҳкоми ҳуқуқӣ Қуръон ҳазорҳо муқаррароти инсондӯстӣ, тарғиби адлу инсоф, баробарӣ ва некукирдориро дорост. Истифода ва муқобилгузории онҳо ба андешаҳои ифротӣ ва такягоҳи ғоявии динии ифротиёну террористон беҳтарин тариқати муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризми динӣ мебошад. Дар ин роҳ шарҳу тавзеҳи оятҳое, ки ифротиён нодуруст ва ғаразнок истифода мебаранд, оқилона ва хирадмандона бо риояти принсипҳои илмӣ ва таърихият дар доираи талаботи қонунгузории муосир ва манфиати амнияти ҷомеаҳо шарҳу тавзеҳ гарданд, ба мақсад мувофиқ аст.
Дар ин тариқат ба се нукта бояд таваҷҷуҳ кард: замони нозил шудани оёти аҳкомӣ ва маҳдудияти татбиқи он ба замони муайян (1); дар муқоиса бо таъкиду меъёрҳои дигари инсондӯстонаи аҳкоми шаръӣ, ки мавҷудияти ҳар гуна ифроту тундравиро маҳкум менамоянд, ба инобат гирифта шаванд (2); принсипи тағйирпазирии меъёрро бо тағийри ҳолат ва вақт ба роҳбарӣ гиранд (3).
Дар ин самт истифода аз раҳмату шафоати Худованд, меҳру муҳаббати Ӯ нисбат ба бандагонаш, ғамхорию адолаташ нисбат ба башарият, ки дар аҳкоми раббонӣ оварда шудааст, ба мақсад мувофиқ аст. Як худи маънии пораи ояти 7 сураи “Ғофир” чи ҳикмати фарогир дошта, пӯшандаи дарвозаи асли ифроту террор дар ислом буда метавонад: «Эй Парвардигори мо, ба бахшоишу дониш ҳама чизро фаро гирифтаӣ…». Ва ё талаботи ояти 54 сураи Анъом: «Парвардигоратон меҳрубониро бар Худ навиштааст, ки ҳар кас аз шумо ба нодонӣ кори бад кунад ва баъд аз он тавба кунад ва некукорӣ намояд, албатта, Худо омурзандаи Меҳрубон аст». Пас, хулосаи каломи ин оят он аст, ки Худованд ба амали бад моро ҳидоят намекунад, куштору фитнаву таркондан аз амалҳои ҳидояткардаи Аллоҳ буда наметавонад. Ин ҳама амалҳои ифоротиён таҳти мақсаду ғаразҳои молию сиёсии эшон сурат мегирад, ки донишмандони улуми динӣ бояд инро ба мардум фаҳмонанд.
Омӯзиши вазъи мушкили давлатҳои миллӣ дар муносибат бо ҷаҳонбинии динӣ касро ба хулоса меорад, ки таносуби давлату дин дар шароити муосири рушди давлатҳои миллӣ дар мисоли ислом, дар шароити ноҳамвори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, зери таъсири неруҳои мухталифи дохилию башарӣ бо тамоюли афзоиши манфиатҳо, бо олудаи ғаразу ҳадафҳои муайян сурат мегирад. Омили зояндаю нерубахши мушкилот дар чунин лаҳзаҳои буҳронӣ гуногунрангу гуногунмаъност. Он аз дуруст нашинохтани мушкилӣ то фаҳми нодурусти неруҳои ҳаракатдиҳандаи зуҳурот доман густурда, дар табиати ҳар халқу миллат бо вижагиҳои худ, вобаста ба равиши мафкураи иҷтимоӣ, хотираи фарҳангӣ ва коди генетикии миллат зуҳур менамояд. Таҳлил, омӯзиш ва муқовимат бо он кори як рисола ва ё як муассисаи илмӣ набуда, заҳмати дастаҷамъонаи неруҳои илмӣ ва кори содиқонаи ходимони динро дар роҳи рушди дурсти маънавии ҷомеа талаб менамояд.
Муҳимтарин нуктаи фаҳми амиқи ин рисолат дар он аст, ки дин ҳамчун неруи таъсиррасон ба мафкураи инсон ва яке аз неруҳои алтернативию ботинии инсонсоз аз ҷониби ҷомеаҳои муосир дарк гардад, олудагии он дар шароитҳои таърихӣ бо ғаразу мақсадҳои нопок фаҳм шавад ва роҳҳои ақлонии мубориза бо ин иллату бемориҳо, на бо дин ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ, коркард гардад.
Дар ибтидо ҳама манфиатдорон, аз ходимони ислом сар карда, то неруҳои давлатӣ, аз шаҳрванди одӣ то имомхатибони рӯз, аз мақомоти давлатӣ то иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд дуруст фаҳманд, ки агар дин ҳамчун таълимоти эътиқодӣ аз олудашавӣ бо сиёсат, аз такягоҳи андешаҳои носолиму тундрав, ифротию террористӣ, ки мисли бемории ирсии хуруҷгирифта мушкилзо шудааст, бо қонуниятҳои илмӣ, таърихӣ, хирадмандона бо риояи одоби таҳаммул ва ахлоқи башарӣ ҷудо карда нашавад, кори эътиқодӣ ва диндории насли имрӯзу фардои мо ба мушкил мувоҷеҳ хоҳад буд.
Ҳамин тавр, таҳлили вазъи ифротгароӣ ва терроризми динӣ, ки бо авомили дохилӣ-динӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар рӯбарӯи мушкилиҳои ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва равандҳои демократикунонии давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо ба мушкилии фарогири ҷомеаи муосир табдил ёфтааст, воқеан, таҳдиди ҷиддӣ ба соҳибихтиёрии давлатҳои миллӣ ва ҷавон аст.
Дар баробари ин, омӯзиши таркиб ва мазмуни зуҳури ифротгароии динӣ ва такягоҳҳои ғоявии онҳо дар паҳнои дини ислом ва сарчашмаҳои он ба мо имкон медиҳанд, ки муборизаи беамони маънавӣ ва ғоявиро бо усули муқобил гузоштани арзишҳои ахлоқӣ ва башарии ислом ба такягоҳҳои маънавию эътиқодии ифротиёни исломӣ роҳандозӣ намоем. Ислом ва таҷрибаи назарию амалии он ба мо имкон медиҳад, ки бо дастрасии андешаҳои солими динӣ ифротгароӣ ва терроризми диниро маҳкум намуда, онро аз майдони тафаккури динӣ берун созем. Моро зарур аст, ки дар баробари усулҳои нави коркарди муқовимат бо ифротгароӣ ва терроризм усулҳои таърихӣ ва мазҳабии муқовимат бо ифротгароии диниро аз қабили эҳёи оинҳои футувватмандӣ, илмомӯзӣ, озодипарастии риндӣ, сӯфигароӣ ва амсоли инҳо аз нав бо шароитҳои мусоид фазои мафкураи диниамонро ислоҳ намоем.
Мо бояд хуб дарк намоем, ки фактори ифротгароии динӣ ва терроризми сиёсӣ бо тобиш додани эътиқоди шаҳрвандон зери шиори озодиҳои шахсӣ, дар ҳар лаҳзаи вуҷуди мушкилиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ имкон дорад, амният ва истиқлоли давлатҳои ҷавони миллиро ба муҳлати дуру дарози таърихӣ халалдор созад. Ҷиҳати истодагарӣ намудан ва муқовимати оқилона доштан бо ин зуҳуроти манфӣ зарур аст ба чунин нуктаҳо диққат диҳем.
Якум, ҳодисаи мазкур, яъне ифротгароӣ ва терроризми динӣ бояд аз назари илмӣ пайваста дар иртибот бо вазъи ислом дар шароити муосири олам аз ҷониби аҳли илм мавриди омӯзиш қарор гирифта, шаклҳои зуҳури он ва решаҳои нерудиҳандаи он доимо таҳлил гардида, усул ва тариқати мубориза бо он бо асосҳои илмӣ коркард гардад.
Дуюм, факторҳои миллии зуҳури ифротгароӣ бо роҳи ислоҳоти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар партави Конститутсияи кишвар ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсию сиёсӣ пайваста пешгирӣ шаванд.
Сеюм, масъалаи робитаи андешаи ифротгароӣ ва терроризм бо дин дар заминаҳои илмӣ ва ахлоқӣ тавассути неруи мафкуравии зиёиён ва диндорони анъанавӣ пешгирӣ гардида, андешаҳои солими динӣ ба муқобили он дар фазои иттилоотӣ ва илмӣ дастгирӣ, тарғиб ва ташвиқ шаванд.
Чорум, неруи динии муқовимат бо ифротгароии динӣ аз ҳисоби ходимони дин пурқувват гардад. Дин ҳамчун эътиқод майдони зуҳури эътиқоди шахсӣ буда, ба корҳои давлатдорӣ тибқи талаботи мазҳаб, дахолат нанамояд. Дин ҳамчун ҷаҳонбинии динӣ паҳнои тарбияи инсони комил гардад. Дин ҳамчун меъёри иҷтимоӣ ба муносибатҳои ахлоқӣ ва эътиқодӣ дар фазои ҳаёти шахсӣ фаъол бошад. Дин ҳамчун омили зояндаи эҳсоси адлу инсоф ва некию некукорӣ таҷрибаи тафаккури инсониро аз назари ахлоқӣ дар самти ғояи муборизаи хайр бар шар ва ғалабаи некӣ ҳидоят созад. Дин ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ба рушди илму маърифат арҷ гузорад, илму донишро ба мисли роҳи марказии ташаккули мафкура дар шинохти олами атроф ва табдили он эътироф, дастовардҳои илмиро ҳамчун неъмат қадршиносӣ ва истифода намояд. Дин бояд нуктаи созишии ахлоқи инсонӣ, фарҳанги башарӣ, ҳуқуқи шахсӣ, одоби сиёсӣ баромад намуда, рисолати худро ҳамчун воситаи тарбияю ислоҳи инсон дар паҳнои давлати демократӣ ва дунявӣ ҳамеша дар мадди назар дошта бошад.
Ин корро дин ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ дар сурате иҷро менамояд, ки тафаккури субъектони он, яъне ходимони динӣ дар ин самт ботинан ва зоҳиран дар доираи талаботи мазҳаби бобоии Имоми Аъзам ташаккул ва тарбия ёфта бошанд, мазҳабе, ки амри ҳоким ва риояи талаботи низомро барои аъзои он воҷиб гардондааст. Ходимони дин нисбат ба тақдири дин ва эътиқоди шахсӣ ҳамчун воситаи муассири тарбияи инсони солеҳ бетараф набошанд, ҷаҳонбинии диниро ҳамаҷониба ва қатъӣ аз авомили зояндаи неруи бадӣ – аз ифрот ва террор, аз тундравӣ, зиёдаравии пиндорию гуфторию амалӣ дар ҳама маҷро дифоъ намоянд.
Панҷум, мо бояд ҳамкории равияҳои динии миллиамонро дар ин самт муттаҳид карда, мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти исмоилияро ҳамчун такягоҳи маънавию динӣ дар мубориза бо ифрот ва терроризми динӣ истифода намоем. Аз назари илмӣ, муассисаҳои илмӣ таърих, воқеият ва дурнамои рушди мазҳабҳои анъанавиро дар доираи талаботи қонунгузории давлати дунявӣ ҳамчун объекти нақдшавандаи илмӣ мавриди омӯзиш ва таҳлили илмӣ қарор диҳанд.
Шашум, аҳли илм дар ҳамкорӣ бо ходимони динӣ манбаъҳои солими эътиқодӣ ва динии таълимоти ислом ва ҷараёну шохаҳои онро, ки дар масири таърих бо тундравӣ, ифрот ва терроризм муборизаи қотеонаи назарӣ ва амалӣ бурдаанд, дар шаклҳои асл ва вобаста ба замону макони табиати давлати дунявӣ эҳё ва тарғиб намоянд.
Ҳафтум, мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ таълим, тадрис ва тарғиби арзишҳои эътиқодӣ, ахлоқӣ ва маънавии шохаи мовароуннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ, ки арҷгузорӣ ба низом ва тартиби давлатдориро баландтарин неъмат ва аз рукнҳои имондорӣ меҳисобад, дар доираи талаботи иттиҳодияҳои динии кишвар, дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам роҳандозӣ гардад.
А. Ғ. ХОЛИҚЗОДА,
А. В. ВАҲОБЗОДА,
А. Ф. МИРЗОЗОДА
ЭЪЛОН
Эзоҳ: рӯзҳои шанбе қабул аз соати 9:00 то 11:00 аз ҷониби роҳбарияти Марказ тибқи ҷадвали навбатдорӣ сурат мегирад.