Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 октябри соли 2023 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявиро дар мавзуи «Тарҳҳои дипломатии «С5+1» дар Осиёи Марказӣ: дастовардҳо ва дурнамо» баргузор менамояд.

Ҳадафи баргузори конфронси мазкур таҳлил ва арзёбии нақш, аҳаммият, дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои форматҳои дипломатии “С5+1” дар  Осиёи Марказӣ бо иштироки ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Русия, Чин, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳиндустон, инчунин баррасии раванди нави муколама миёни кишварҳои  «Осиёи Марказӣ ва давлатҳои арабии Халиҷ» иборат мебошад.

Дар чорабинӣ иштироки собиқадорони хидмати дипломатӣ, сафирони фавқулодда  ва мухтори Тоҷикистон дар кишварҳои мавриди назар, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва олимону коршиносони соҳаи сиёсати хориҷӣ дар назар дошта шудааст.

Дар конфронс масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

  1. Формати ҳамгироии “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо”: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо.
  2. Натиҷаҳои саммитиякуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” ва заминаҳои нави ҳамгироӣ.
  3. Дастовардҳои формати дипломатии “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” ва роҳҳои нави тавсеаи ҳамкорӣ.
  4. Ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣва ИМА дар формати “С5+1”.
  5. Таҷрибаи ҳамгироӣ миёни давлатҳои Осёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ дар ҳошияи формати “С5+1” ва имкониятҳо барои тавсеи равобити фарогир.
  6. Имкониятҳо ва зарфиятҳои формати “Осиёи Марказӣ – Федератсияи Россия” ва дурнамои он.
  7. Формати“Осиёи Марказӣ –Ҳиндустон: дастовардҳо, масъалаҳо ва дурнамои рушди он.
  8. Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” ва дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ.
  9. Раванди нави ҳамгироӣ миёни кишварҳои «Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ» ва ғ.

Конфронс тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ  баргузор хоҳад шуд.

Чоп кунед