Рӯзи 20-уми октябри соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Иқтисоди рақамӣ ва нақши он дар иқтисодиёти миллӣ” баргузор гардид.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо суханронии муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушд (СМР) барои то соли 2030” зина ба зина сайъу талош намуда истодааст, ки рушди рӯзмарраи иқтисодиёти худро бо дастовардҳои технологии муосир алоқаманд созад. Яке аз ҷузъҳои муҳимтарини ин талошҳоро рақамикунонии иқтисодиёт ташкил медиҳад. Рақамикунонӣ аслан ҷараёни хеле пурпечутоб ва заҳматталаб буда, марҳалаи мураккаби гузариш аз иқтисодиёти анъанавӣ ба иқтисодиёти муосир мебошад, ки онро бояд кишвари мо низ пушти сар намояд.
Бояд тазаккур дод, ки “Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030” барои ба ин зинаи рушд расидани иқтисодиёти мамлакатамон се марҳалаи панҷсолаи рушдро мадди назар гирифтааст: гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ (солҳои 2016-2020); рушди босуръати иқтисодиёт бо мақсади ҷалби сармоя (солҳои 2021-2025); тадриҷан ба анҷом расонидани индустриализатсия тавассути тақвияти зарфиятҳо, алалхусус рушди илм ва навоварӣ (солҳои 2026-2030).
Марҳалаи якум ба рушди соҳаи саноатӣ асос меёбад. Дар асоси ин модел афзоиши босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва молия мушоҳида хоҳад гардид. Дар доираи марҳалаи дуюми рушди иқтисодиёт ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҷоннок хоҳад шуд. Дар марҳалаи мазкур стратегияи амнияти энергетикиро, ки ҳадафи асосии он пурра қонеъ намудани талаботи иқтисодиёт бо захираҳои энергетикӣ мебошад, татбиқ намудан зарур аст. Илова бар ин, бунёду барқарорсозии долонҳои нақлиётӣ ба анҷом расида, масъалаи раҳоӣ ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳаллу фасл мегардад. Дар марҳалаи сеюм бошад, илм, технология ва навоварӣ ба иқтисодиёт рушд мебахшад. Ин иқдомҳо зарурияти ҷорӣ намудани технологияи муосирро бо мақсади мусоидат ба афзоиши сармояи инсонӣ ба миён мегузорад. Иқдоми мазкур на танҳо боиси дигаргун шудани мазмуну мундариҷаи муносибатҳои иқтисодӣ, балки ба тағйироти куллии инноватсионии усулҳои фаъолияти иқтисодӣ ва идоракунӣ мусоидат менамояд.
Барои дар амал татбиқ намудани ин вазифаи гузошташуда, албатта, омодасозии ҷузъҳои асосии инфрасохторӣ, ки муҳаррики асосии фаъолият ва рушд дар марҳилаи рақамикунонии иқтисодиёт мебошанд, муҳим аст. Ба ин радиф пеш аз ҳама воситаҳои амалиётӣ, барномаҳои таъминкунанда, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, фароҳам овардани имконияти муоширати маҷозии субъектони бозор, омӯзонидани кадрҳо бо донишу малакаҳои муносиб ба ин раванд ва ғайра дохил мешаванд. Бидуни онҳо фаъолияти муназзами иқтисодӣ, аз ҷумла амалиётҳои хизматрасонии молиявӣ, тиҷорати электронӣ, интернет-банкинг дар муҳити иқтисодиёти рақамӣ ғайриимкон аст.
Вобаста ин заруратҳо саволе ба миён меояд, ки то чӣ андоза мо дар ин самт мувафаққиятҳоро ба даст овардаем ва чӣ гуна масъалаҳои ҳалталаб алҳол пешорӯйи мо истодаанд? Барои пайдо кардани посух ба ин саволҳо пас аз ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва НТМ як пажӯҳиши амалиро доир намуда, натиҷаҳои ба даст овардашударо дар сомонаи МТС, АМИТ “Ховар”, рӯзномаи “Народная газета” нашр намуданд. Дар ин таҳқиқот зикр гашта буд, ки сохторҳои ниҳодии иқтисодиёти мо барои самаранок татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон дар ин самт ислоҳотталаб ҳастанд.
Пеш аз баргузории нишасти илмии имрӯза ҳам, таҳлилгарони Маркази тадқиқоти стратегӣ ба вилоти Хатлон сафар намуда, масъалаи мазкурро мавриди омӯзиши амалӣ қарор доданд. Дар ин таҳқиқот дар баробари қайди рушди рақамикунонии иқтисодиёти минтақаҳои Бохтару Кӯлоб, инчунин, бисёр масъалҳои ҳалталаб ба назар мерасанд, ки онҳоро дар гузориши кормандони мо ин ҷо хоҳед шунид.
Бинобар ин, итминони комил дорам, ки дар маърузаҳои дигар низ дар чӣ ҳолат қарор доштани вазъи рақамикунонии иқтисодиёти кишварамон мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шуда, фикру тавсияҳои судманд баён мегарданд, зеро таъмини рақобатпазии иқтисодиёти кишварамон бидуни татбиқи иқдомҳои ҷиддӣ дар ин самт ғайриимкон аст.
Сипас муовини директори Марказ Саодат Ҷӯрахонзода Саодат дар мавзуи “Раванди рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи мушкилот ва дурнамои рушд”, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодиии Марказ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазоев дар мавзуи “Нақши иқтисоди рақамӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар мисоли модели индустралию иноватсионӣ”, муовини якуми ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Абдукарим Қурбонов дар мавзуи “Вазъи рақамикунонии раванди фаъолияти соҳибкорӣ ва роҳҳои такмили он”, сардори шуъбаи банақшагирии хазинавии Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Амирхонов дар мавзуи “Ҷанбаҳои калидии рақамикунонии равандҳои молия”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи системаи иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Илёсҷон Шамсов дар мавзуи “Ҳолатҳои кунунӣ ва муаммоҳои рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори шуъбаи дурнамо ва ба нақшагирии Раёсати иқтисоди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Шарифова дар мавзуи “Рушд ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсоинӣ дар самти саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва сармутахассиси Раёсати рушди иқтисоди рақамии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Қосимзода дар мавзуи “Рушди институтсионалии иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ карда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд. Баъдан иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни маърузаҳои ироашуда фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.
Конфронси илмию амалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуда, изҳори умед намуд, ки нишасти илмию амалии мазкур барои боз ҳам беҳтар гардидани вазъи рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон