Хабарҳо аз ҷониби MTC
АЗ ЭҲТИЁТ КОР БОЯД ГИРЕМ
   Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳоло ба чандин мушкилоти глобалие мубтало гардидааст, ки баррасии онҳо арзёбии арзишҳои илмиро аз дидгоҳҳои гуногун тақозо менамояд. Вобаста ба ин андеша, агар нигоришҳои матбуотро натиҷагирӣ намоем, маълум мегардад, ки ҳанӯз дар аввали садаи ХХ бархе аз олимону коршиносон бо…
Тадбиқи самараноки афзалиятҳои муайянгардида зарурати қабули барномаи навро барои давраҳои оянда ба миён мегузорад
   Мавриди зикр аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012 таҳти №201 «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» таҳия ва қабул гардида буд. Татбиқи Барномаи мазкур се марҳаларо дар бар гирифта, соли 2020 маҳрҳалаи…
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ҷайҳун
   Ҳозирини гиромӣ! Дар ҷараёни сафари қаблии мо ба ноҳияи Ҷайҳун, ки се сол пеш сурат гирифта буд, чандин иншооти истеҳсоливу иҷтимоии навбунёдро ба истифода супорида, доир ба вусъати бештар бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода будем. Таассуроте, ки мо…
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун
   ДУШАНБЕ, 28.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 май баъди шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун мулоқот карданд. Сарвари давлат аз вазъи хуби…
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун
   28.05.2020, ноҳияи Ҷайҳун Ҳозирини гиромӣ! Дар ҷараёни сафари қаблии мо ба ноҳияи Ҷайҳун, ки се сол пеш сурат гирифта буд, чандин иншооти истеҳсоливу иҷтимоии навбунёдро ба истифода супорида, доир ба вусъати бештар бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода будем.…
ДАР ФИКРИ ФАРДО БОШЕМ! (Дар ҳошияи Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ аз 20 майи соли 2020)
   Мо ҳама итминони комил дорем, ки шиддати душвориҳои имрӯз бо сабаби паҳншавии коронавирус дар кишвари мо ба вуҷуд омада аллакай хеле паст гардида, ҳатман дар муҳлати наздиктарин пушти сар мешаванд. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки дар баробари ҳалли масъалаҳои ҷорӣ…
МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАРОИТИ БУҲРОНИ ҶАҲОНИИ КОРОНАВИРУС. Андешаҳои Парвиз Муҳаммадзода, муовини Директори МТС дар ин мавзӯъ
   Маълум аст, ки бемории коронавирус дар арсаи ҷаҳонӣ яке аз масъалаи муҳими баҳсу баррасӣ дар равобит ва ҳамкориҳои миёни кишварҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ гардидааст. Ин аст, ки таҳлилгарони сиёсӣ вазъияти имрӯза ва ояндаи ҷаҳонро ҳамчун тартиботи нави ҷаҳонӣ ва идоранамоии афкори…
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ: МАНФИАТОВАР Ё ХАТАРЗО? Ба андешаи корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ Хуcрав Ализода — «ҳам ину ҳам он»
   Замони ҳозираро бе истифодаи васеи технологияҳои компютерӣ (IТ-техноллогияҳо) дар ҳамаи бахшҳои кору рӯзгор тасаввур кардан ғайриимкон аст: бе онҳо мо худро чун бе дасту по эҳсос менамоем. Бидуни телефонии мобилӣ як қадам пеш рафта намешавад, агар маблағи истифодаи телефонҳоро супоидан хоҳед бояд аз хидмати…
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
   Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамватанони азиз! Мардуми сулҳхоҳи олам, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон фардо, яъне рӯзи 9-уми май ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ — 75-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд.…
COVID – 19. Таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити пандемияи коронавирус
   «Ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло бояд имкониятҳои имрӯзаро воқеъбинона арзёбӣ намояд ва дар заминаи ризоияту ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва таъмини амният тадриҷан пеш равад». Эмомалӣ Раҳмон Ҷаҳони мо бо мушкилоти ҷадиде рӯбарӯ гардидааст, ки боиси ташвиши кулли башарият мебошад. Раванди паҳншавии коронавирус дар кишварҳои дунё…