Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон бемории сироятии коронавирус (КОВИД–19) доман паҳн намудааст. Аз рӯзҳои аввали пайдоиш ва аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун пандемия эълон гардидани ин вируси нав дар ҷаҳон зиёда аз 20 миллион нафар сироят ёфта, беш аз 700 ҳазор нафар фавтидааст.
Мутаасифона, дар кишвари мо низ охирҳои моҳи апрел ҳолати сироятёбӣ ва фавт аз ин вабои аср ошкор гардида, мавҷудияти коронавирус расман эътироф карда шуд. Тибқи маълумотҳои омории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар то имрӯз қариб 8 ҳазор нафар сироятёфтагон ба қайд гирифта шуда, беш аз 60 нафар фавтидаанд ва ҳамарӯза зиёда аз 40 нафар сирояти нав ба қайд гирифта мешаванд.
Аз рӯзҳои аввали пандемия эълон гардидани коронавирус (КОВИД–19) давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоту идораҳои дахлдор барои пешгирии ин вируси нав тадбирҳои судманд меандешанд. Ин аст, ки баъди расман ошкор гардидани сироятёфтагон аз тарафаи ҳукумат чораҳои ҷиддӣ андешида, барои пурзӯр кардани мубориза ба зидди сирояти коронавирус, бахусус дар риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ дар ҳама ҷо, безараргардонии кӯчаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар байни аҳолӣ, умуман баҳри огоҳии шаҳрвандон дар самти мубориза бо КОВИД–19 дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Ин вируси нав ҳамчун вабои аср аҳолии сайёраро ба ташвиш оварда, таъсири худро ба соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии кишварҳои ҷаҳон расонида истодааст. Аз ҷумла, соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидии иҷтимоию иқтисодии кишварҳо ба ҳисоб меравад, ки бо таъсири коронавируси КОВИД–19 мушкилоти гуногунро паси сар намуда истодааст.
Аз сабаби босуръат паҳн гардидани ин вирус ҳукуматҳои саросари ҷаҳон тасмим гирифтанд, ки фаъолияти муассисаҳои таълимиро бо мақсади пешгирии пандемияи глобалии КОВИД–19 қатъ намоянд. Ин аст, ки қариб як ҳиссаи хонандагон дар ҷаҳон аз таълим дур монданд. Дар баъзе кишварҳо омӯзиш ба таври онлайн сурат мегирифт, ки на ба ҳамаи қишри аҳолии ҷаҳон дастрас аст. Дар кишвари мо низ баъди эълон гардидани ҳолати сироятёбӣ, аниқтараш охири моҳи апрел барои донишҷӯёни донишгоҳҳо таътили тобистона эълон гардида, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти томактабӣ фаъолият боз дошта шуд.
Чихеле ба ҳама маълум аст, баъди таътили дарози тобистона тибқи дастури Вазорати маориф ва илми кишвар соли хониши 2020–2021 аз 17 августи соли равон оғоз мегардад. Вобаста ба ин, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2020, №11/19 тасдиқ гардидааст, ки дар он тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст.
Тартиби баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар асоси санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқии соҳа ва қарори тавсиявии ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (КОВИД–19) таҳия гардида, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вобаста ба вазъи бемории сироятии коронавирус (КОВИД–19) дар ҶТ тавсияҳои умумӣ дода шудааст. Аз ҷумла:
- Таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо оби нӯшокӣ, об барои шустани даст, собун, маҳлулҳои дезинфексионӣ, ҳароратсанҷҳо (на камтар аз ду адад барои нуқтаи тиббии ҳар мактаб);
- Безараргардонидани атрофи муассисаи таълимӣ, синфхонаҳо, таҷҳизот (мизу курсӣ, ҷевон ва дигар ҷойҳои ба хонанда дастрас), роҳравҳо, ошхона ва дигар ҷойҳои истифодаи доимии хонандагону омӯзгорон;
- Аз ҳисоби омӯзгорон, падару модарон, кормандони соҳаи тандурустӣ таъсиси додани шӯрои ҳамоҳангсоз дар назди муассисаи таълимӣ оид ба таъмини меъёрҳои бехатарӣ, вазъи эпидемикӣ, пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19;
- Корбарӣ намудан бо омӯзгорон, кормандони муассисаҳои таълимӣ, аҳли ҷомеа, падару модарон (шахсони ҳуқуқии кӯдак), калонсолон ва хонандагон ҳангоми рафту омад ба муассисаи таълимӣ ва пӯшидани ниқоб;
- Ҳамкорӣ ва огоҳ намудани падару модарони хонандагон ҷиҳати таъмини ниқобҳои бисёркарата ба фарзандон;
- Муайян ва аз дигарон ҷудо кардани хонандагон ва кормандоне, ки аломатҳои беморӣ доранд (таби баланд, сулфа, душвории нафаскашӣ) ва хабар додан дар бораи ин гуна ҳолатҳо ба муассисаҳои тиббӣ;
- Доштани иртиботи доимӣ бо хонандагон ва кормандоне, ки дар хона маҳдуд шудаанд ва ё ба бемории COVID-19 гирифтор шудаанд;
- Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастурӣ ба хонандагон ва кормандоне, ки аз сабаби вазъи бади саломатӣ дар хона боқӣ монданд;
- Ташкил намудани бозгашти бехатар ба мактаб барои хонандагон ва кормандоне, ки аз COVID-19 сироят ёфтаанд (ниг. http://www.maorif.tj/ahborot/tartibi-omodag-va-barguzorii-rzi-donish-va-darsi-sul).
Ҳамзамон, тибқи тартиботи муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми кишвар дар алоҳидагӣ ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мушаххас тавсия дода шудааст. Аз ин рӯ, ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар фаъолияти худро аз рӯи ин тартибот ба роҳ монда, бо назардошти риояи чораҳои безараргардонӣ ва фосилаи иҷтимоӣ ба оғози соли нави таҳсил шурӯъ менамоянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо оғоз гардидани соли нави таҳсил гаштугузори аҳолӣ, бахусус хонандагону донишҷӯён зиёд мегардад. Имрӯз ҳамаи мо медонем ва олимон низ исбот кардаанд, ки яке аз омилҳои зуд паҳншавии бемории сироятии коронавирус зичии зиёди аҳолӣ ба шумор меравад. Бо оғоз гардидани соли нави таҳсил бевосита дар кӯчаю хиёбонҳо ва нақлиётҳои мусофиркаш зичии аҳолӣ афзуда, истифодабарандагони нақлиётҳои ҷамъиятӣ меафзоянд.
Аз ин рӯ, масъулини соҳа бояд ҷиҳати пешгирӣ намудани паҳншавии бемории сироятии коронавирус (КОВИД–19) дар байни аҳолӣ шумораи нақлиётҳои ҷамъиятии мусофиркашониро зиёд намоянд, зеро бо оғоз гардидани соли нави таҳсил хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва дигар мутахассисони касбу кори гуногун маҳз аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебаранд, ки дар он риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ дар шароити пандемияи коронавирус ғайриимкон мебошад.
Назирова М.Н., сармутахассиси
Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ