Рӯзи 12 августи соли 2020 бо иқдоми Академияи масоили байналмилалии Чин конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Ҳамкориҳо миёни Чин ва кишварҳои Авруосиё дар пасманзари эпидемияи коронавирус: имкониятҳо ва чолишҳо” дар формати онлайн доир гардид.

Дар конфронси  мазкур  коршиносони марказҳои зеҳнӣ ва намояндагони мақомоти давлатӣ аз Тоҷикистон, Россия, Чин, Беларусия, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар мавзӯи “Вазъи ҳамкориҳо миёни Чин ва кишварҳои Авруосиё дар пасманзари эпидемияи коронавирус”   суханронӣ намуд.

Дар кори конфронси мазкур вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию амниятӣ, равандҳои нави ҳамкорӣ дар фазои АвруОсиё, мушкилотҳои бавуҷудомада дар ин раванд, таъсири пандемияи коронавирус ва роҳу усулҳои баромадан аз ин буҳрон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.  Инчунин ҳамкориҳо миёни Чин ва кишварҳои Авруосиё дар соҳаҳои рақамикунонии иқтисодиёт, савдои электронӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ, тиҷорат, энергетика,  технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ, амнияти минтақавӣ, тиб, дорусозӣ ва дигар самтҳо дар шароити буҳрони коронавирус ва марҳилаи баъди пандемия баррасӣ гардида, дарёфти роҳҳои нави рушду тавсеаи ҳамкориҳоро таъкид намуданд. Илова бар ин, иштирокчиён ба аҳамияти коркарди лоиҳаҳои нави ҳамкориҳо ва идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати тақвияти равобити мутақобилан судманд дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро муҳим арзёбӣ намуданд.

      Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода зимни суханронӣ аз ҷумла қайд намуд, ки агарчи  чунин нуқтаи назаре вуҷуд дорад, ки дар шароити пандемияи коронавирус раванди ғайриҷаҳонишавӣ ё  ба ибораи дигар, тағйирот аз ҷаҳонишавӣ ба маҳаллишавӣ(локализация) ба назар расад ҳам, аммо дар баробари ин, муҳимият он аст, ки бо сенарияҳо ва оқибатҳои мухталифи коронавирус, тамоюли ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ бо сабаби мавҷуд будани талаботи объективӣ ба онҳо бетағйир боқӣ хоҳанд монд. Ба андешаи ӯ, раванди рақамисозии иқтисодиёт ҳамчун омили калидӣ ба шумор рафта, воқеан метавонад ба суръатбахшии равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ мусоидат намояд. Татбиқи лоиҳаҳои муштараки тиҷоратию иқтисодӣ, ки талаботи объективии иҷтимоӣ доранд, даромаднокии иқтисодии онҳоро ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Самтҳои муҳимтарин ва ояндадори тиҷорат ва тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодии Чин ва кишварҳои Авруосиё, пеш аз ҳама бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба назари ӯ, ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои нав, биотехнология, мошинсозӣ,  соҳаи тиб ва дорусозӣ ва инчунин илмҳои дақиқ мебошанд. Илова бар ин, ӯ қайд намуд, ки дар шароити кунунӣ, бо назардошти иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи гидроэнергетика, энергияи шамол ва офтобӣ, яъне соҳаи энергияи сабз муҳим ба шумор меравад.

Чоп кунед