Cоҳаи сайёҳӣ дар замони муосир яке аз рукнҳои раванди ҳамгироии ҷаҳонӣ маҳсуб гардида,  ба ҳайси  бахшҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имкон дорад,  робитаҳои судманди байни кишварҳоро таъмин намояд.

Маъмулан  сайёҳӣ  ба  рушди муносибатҳои байналмилалӣ, табодули мол,  ҳамлу нақл, хизматрасонии  марбут ба сармоягузорӣ, робитаҳои илмиву технологӣ ва иттилоотӣ  мусоидат мекунад. Инчунин ба  дипломатияи  мардумӣ тақвият мебахшад, ки дар натиҷа ба наздикшавии  маънавӣ ва фарҳангии миллатҳо замина мегузорад.

Мувофиқи  «Консепсияи рушди сайёҳӣ»  самтҳои ояндадори соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ инҳоянд:

–  Сайёҳии  табобатӣ (табобат ва истирохат дар осоишгоҳу дармонгоҳҳо);

–  Кӯҳнавардӣ, сайёҳии варзиши ва экологӣ;

–  Сайёҳи таърихӣ ва этнографӣ;

–   Рафтинг (қайқронӣ,шиноварӣ), варзишӣ  лижаронӣ  дар кӯҳистон, шикор.

Дар кишварамон,  алалхусус,  сайёҳии  экологӣ  дурнамои  хуб  дорад. Зеро 22 дарсади масоҳати ҷумҳуриро минтақаҳои табиӣ махсус ҳифзшаванда ташкил медиҳанд. Ҳар гиёҳу паррандаи ин мавзеъҳо барои сайёҳони  хоирҷӣ ҷолиб хоҳанд буд.

 Омилҳои муайянкунандаи раванди рушди  сайёҳӣ. Омӯзиши ташаккӯли сайёҳи ба ду омил алоқамандӣ дорад.

  1. Омилҳои берунии тағйирёбанда, ки тамоюлҳои демографӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, савдо, технология ва нақлиётро дар бар мегирад.
  2. Чорабиниҳое, ки ба тамоюлҳои бевосита бо соҳаи сайёҳӣ алоқаманд буда талабот пешниҳод ва тақсимкунандаҳоеро дар бар мегирад.

Чорабиниҳои иҷтимоии демографӣ.  Чорабиниҳои иҷтимоии демографии талаботи сайёҳиро барои 15 соли наздик муайян менамоянд.

Афзоиши  аҳолӣ  ба зиёдшавии микдори насли ҷавон оварда расонд ва табиист, ки ин ба ташаккули сайёҳӣ таъсири худро низ мерасонад. Ба ғайр аз ин бояд қайд намуд, ки дар омилҳои иҷтимоӣ низ тағйирот ба амал  омад. Масалан: дерхонадоршавии ҷавонон, дер барпонамудани ойлаҳо  дертаваллудшавии  кӯдакон ва ғ.

Омили сиёсӣ – Тағйиротҳое, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон   ба вуҷуд омадаанд ба рушди сайёҳӣ низ таъсири худро расонид  ва ин таъсирот минбаъд ҳам идома меёбад. Кушодашавии сарҳадҳо ва барпо намудани  иқтисодии байни ҳамдигарӣ дар собиқ ҷумҳуриҳои иттиҳоди шуравӣ ва Аврупои шарқӣ боиси афзоиши сайёҳон аз ин мамлакатҳо ба мамлакатҳои  ғарб гардид. Дар навбати худ бисёре аз мамлакатҳои Аврупоии Ғарбӣ низ ҳамчун мамлакатҳои пешрафтаи қабулкунандаи сайёҳон гардиданд. (Венгрия, Чехославакия ва дигарон.).

Ташкили иттифоқи Аврупоӣ бе сарҳадҳои дохилӣ ҳаракати озоди мол, хизматрасонӣ  ва  одамон бо андозбандии муштарак ва идоракунии умумии нақлиёт боиси афзоиш ва рушди сайёҳӣ дар ин минтақаҳо  мегардад.

Омили технологӣ. Ҷаҳонигардонӣ яке аз равандҳои асосӣ дар сайёҳии байналхалқӣ мебошад, ки боиси ҷамъшавии ҳиссаи бозор ва таъсири он дар иқтисодиёти ширкатҳои бузурги сайёҳӣ мегардад. Ин ширкатҳо бо истифода аз технология ва маркетинги муосир бозори сайёҳиро ба даст дароварда  идора менамоянд.

Низоми(системаи) компютерии бандкунии ҷой боиси азнавсозии сохтори саноати сайёҳӣ  гардидааст. Аз ин низом тақсимоти глобалии ҷойҳо ба вуҷуд омада аз солҳои 80-ум сар карда афзоиш меёбад. Ин гунна низом ояндаи хуб дошта, дар тақсимоти маҳсулоти сайёҳии мамлакатҳо нақши намоёнро мебозад. Масалан: дар сатҳи баланд ҷорӣ намудани низоми технологияҳои иттилоотӣ боиси алоқамандии истеҳсоли маҳсулот  ва тақсимоти он гардидааст. Аз тарафи дигар истифодаи технологияи пешкадам боиси идоракунии самараноки иширкатҳои сайёҳӣ мегардад. Масалан дар тиҷорати  меҳмонхонавӣ ин  низом вазифаҳои гуногунро иҷро намуда: назорати барқ таъминкунӣ, дилхушӣ (развлечение), ҷобаҷокунӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо муштариён, хизматрасонии маркетингӣ, идоракунии хазинаҳо, дархостҳо ва ҳисобҳо дар таъминоти хӯрокворӣ  ва ғайраро дар бар мегирад. Ҳамин тавр компютеркунонӣ имкониятҳои нави  хизматрасонии сайёҳиро  фароҳам меоварад.

Сайёҳӣ  ва иттилоот дар соҳаи наклиёт, боиси фаъолияти  самараноки ширкатҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва маҳсулнокии онҳо мегардад.

Дар ибтидои асри ХХ1 нақши асосиро нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан ташкил менамоянд. Дар ин ҷо технологияи тезҳаракати  автомобилию  роҳи оҳан бартарии калон  хоҳанд  дошт.

Омили экологӣ . Масъалаҳои экологӣ дар оянда боиси нигаронии аҳли ҷомеъаи башарӣ гардидааст. Халалдоршавии муҳити зист дар натиҷаи дахолати инсон чорабиниҳои лозимиро оиди ҳифзи он талаб менамояд. Дар солҳои охир бозори сайёҳӣ аз маҳсулоти нисбатан мулоим-яъне экотуризм пурра гардонида мешавад, ки барои таҳқиқи муҳити зист асосан фаунаю флораи мамнуъгоҳҳо равона карда шудааст. Вале ин маҳсулот тамоми бозорро фаро гирифта наметавонад аз сабаби қиммат будани он ва  ҷалби миқдори зиёди сайёҳон, ки метавонанд ҳолати экосистемаро вайрон кунанд.

Дар конфронси ТБТ, ки соли 1991 дар ҷазираҳои Канара баргузор гардид, қайд карда шудааст, ки экотуризм ин набояд дар чорчӯбаи муайян маҳдуд гардад, балки  омили асосии рушди сайёҳӣ гардад. Дар оянда сайёҳии анъанавӣ ҷои худашро ба сайёҳии экологӣ иваз хоҳад намуд.

Аз омилҳои дигаре, ки ба ояндаи сайёҳӣ таъсир хоҳанд расонд ин паҳншавии ҷаҳонии касалиҳои сирояткунанда аз қабили ВИЧ/СПИД, Корона  вирус ва ғ. ки ба рушди сайёҳӣ таъсири манфӣ мерасонад. Кашфиётҳои технологӣ низ ба соҳаи сайёҳи таъсири манфӣ мерасонанд, чунки сайёҳон ба минтақаҳои гуногун сафар накарда дар ҷояшон бо онҳо шинос мешаванд. Инчунин ба ташаккули сайёҳӣ гармшавии сайёра низ таъсири манфӣ хоҳад расонд, чунки дар натиҷаи гармшавии иқлим шароитҳои табии географии тагйир ёфта боиси камшавии шумораии сайёҳон мегардад.

Маърифатнокӣ ва тайёркунии кадрҳои лаёқатманд – дар ояндаи сайёҳӣ нақши муҳим мебозад, чунки сайёҳӣ  дар оянда дорои техника ва технологияи баланд хоҳад гашт ва ба кадрҳои баландихтисос, забондонон, ва мутахассисони соҳаи сайёҳӣ эҳтиёҷ пайдо мешавад.

Сиёсате, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба дурнамоии рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ намуда истодаанд, аз он шаҳодат медиҳад, ки мо метавонем итминон дошта бошем то дар ояндаи наздик соҳаи сайёҳиро дар кишвар  тавлид ва эҳё гардонем. Бешубҳа  татбиқи ин сиёсат вазъи оромии сиёсӣ дар кишвар, густариши муттасили иқтисодӣ ва ҳамчунин раванди демократӣ дар кишвар, ки инкишофи мӯътадили ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин менамояд, мусоидат хоҳад кард.

Далели вазъи ороми сиёсӣ дар кишвар ин рушди бахшҳои иқтисодии он, рушди сайёҳӣ ҷалби сармоягузории густурдаи хориҷӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, қабл аз ҳама сохтмони меҳмонхонаҳои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ,  ки ҷузъи бахши иҷтимоӣ аст, мусоидат менамояд.

Имконоти имрузаи  индустрияи сайёҳии Тоҷикистон хеле густурда  ва дорои захираҳои ғановатманди фарҳангӣ ва табиӣ аст. Падидаҳои  археологӣ, меъморӣ, санъат, тарзи зист ва расму оини суннатии мардуми тоҷик, этнография, табиати нотакрор, ҳавои мусоид ва теъдоди зиёди кул ва дарёҳои (наҳрҳои) кӯҳӣ, ҳайвонот ва паррандаҳои нодир метавонанд завқ ва хоҳиши ҳар як сайёҳро қонеъ созанд ва таваҷҷӯҳи ҳи онҳоро  ба ин сарзамини пурганч  ҷалб намоянд.

Масъалаи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон аз омилҳои гуногуни иқтисодӣ, сиёсӣ, экологӣ вобастагӣ дорад. Дар ин ҷо имконияти ташкили шаклҳои гуногуни  корхона ва ташкилотҳо мавҷуд аст. Аммо дар шакли умум гуфтан мумкин аст, ки ин бозори истеъмолкунандагон – сайёҳон мебошанд. Бинобар ин ҳамаи таклифоти бозори сайёҳӣ бояд ба истеъмолкунандаи аниқ, талаботи он, мақсад ва ҳавасмандии саёҳон равона шуда бошад. Чунки ин имконияти хизматрасонии босифат ва рақобатнокиро дар тиҷорати сайёҳӣ медиҳад.

Агар дар ҳама мавзеъҳои сайёҳии минтақаҳои кишварамон савдои армуғонҳои миллиро, аз қабили маснуоти заргарӣ, зардӯзӣ, бахядӯзӣ, зардеворӣ, сӯзанӣ, кашидадӯзӣ, асбобҳои мусиқӣ, бозичаҳои гуногуни сафолин, дар заминаи афсонаҳою ривоятҳои халқӣ, буклету албомҳои мусаввар, китобчаҳои мунақаши ашъори шуарои классик ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, чинӣ, олмонӣ, ҷопонӣ, нишонҳо, бастаҳои ғӯлинг, донак, мавиз, бодом, печаку набот ва ғайраро бо рамзи Тоҷикистон ва манзараҳои зебои он  бароҳ  монем, ҳам ба мардум даромад мешаваду ҳам ба буҷет.

Солҳои охир рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ дар соҳа, боиси бо шуғли муайян таъмин гардидани аҳолӣ ва даромад ба буҷҷаи ҷумҳурӣ гардида истодааст. Бо дарназардошти комилан фаро гирифта шудани манотиқи дастнораси  бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ва зарурати пайдо намудани марзҳои фатҳногардида,  пешорӯи Тоҷикистон имкони хуби дарёфтани мавқеи арзанда дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ фароҳам омадааст.

Мо бо кадом хусусиятҳои фарқкунандаи худ метавонем таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷиро ба кишварамон ҷалб намоем. Тоҷикистон- кишвари кӯҳӣ аст ва қуллаҳои кӯҳҳои он дар масофаи аз 300  то 7495 метр баланди  аз сатҳи баҳр қарор дорад  ва 93 дарсади  масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд,  ки ба силсилакӯҳҳои Тён-шон, Ҳисору Олой ва Помир мутааллиқанд. Силсилаи кӯҳҳои фавқуззикр дар иҳотаи заминҳои ҳосилхези Зарафшон,  Вахш ва Ҳисору Қаротегин ҷойгир аст.

Рушди сайёҳӣ ҷалби сармоя  ва инфрасохтори замонавиро тақозо менамояд. Барои бо шуғли муайян таъмин намудани аҳолӣ, дарёфти сарчашмаҳои алтернативии даромад ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.

Ин навъи сайёҳӣ имконият дорад, ки вазъи молиявии сокинони деҳот ва маҳаллаҳои онҳоро беҳтар намуда, онҳоро барои нигоҳ доштани муҳити фарҳангӣ ва суннатӣ водор сохта, бо дарки он, ки сайёҳони хориҷӣ ба хотири табиати зебо ва ошноӣ бо фарҳанг, таърих ба маҳалли зисти онҳо ташриф меоранд,  ба  ҳисси масъулият талқин  намояд.  

 

Темуров Р.М.- мутахассиси пешбари

раёсати тадқиқоти масъалаҳои

соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ

Чоп кунед