Яке аз сабабҳои асосии рӯ овардани ҷавонон ба идеологияҳои гуногун, шомил шудан ба равияҳо ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ ин дур мондани онҳо аз илм, пеш аз ҳама, аз илмҳои сиёсӣ ва фалсафаи иҷтимоӣ аст.
Албатта, таърих гувоҳ аст, ки инсон дар равиши зиндагӣ на танҳо шаклҳои шуурнокиаш инкишоф ёфт, балки ҷаҳонбиниҳои гуногунро низ доро гашт ва дар айни замон аксари инсоният эътиқод ба чизе ва ҳоле дорад. Ин ба масъалаи муносибати тафаккури инсонӣ ба ҳастии иҷтимоӣ ва тарзи амалигардонии тасаввуроташ ба муҳити олам ва воқеияти объективӣ вобастагии зич дорад, ки дар баробари шаклгирии илм ҷойи холии майнаи сар ба эътимоду эътиқодҳои гуногун низ пурра гардид. Дар ҳар як форматсияи ҷамъиятӣ зина ба зина бо рушди илму тағйирёбии умумии шуурнокии инсонҳо (аз ҷумла шуури сиёсӣ), ҳамчунин, ҷаҳонбинии инсонҳо, ки пирӯзии ҳиссиёташ буд, идеологияҳои диниеро ба вуҷуд овард, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо боқӣ мондааст. Аз байн рафтани хаёлу фантастикаҳо дар ҷаҳонбиниҳои гуногун танҳо бо ба далелу исбот шакли илмӣ гирифтани ин ҳиссиёти инсонӣ вобастагии қавӣ дорад.
Дар заминаи ташаккул ёфтани шуури муқаррарӣ шуури назариявӣ метавонад инкишоф ёбад. Бояд қайд кард, ки маҳз шуури назариявӣ барои ташаккул ёфтани зуҳуроти маънавии инсонҳо асос мегардад. Зуҳуроти маънавӣ то ба дастрасии идеологӣ на танҳо донишӣ қавӣ, балки тарзи истифодаи ин донишҳо ва зиёда аз ин, дар мағзи солими инсонӣ пайдо шудани идеяи солим ва ба қавле, як навгоние дар илм ва ё пайдоиши падидаеро барои рушди давлат ва миллат тақозо мекунад.
Масалан, таърихи 28-солаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар заминаи сохти конститутсионӣ ва таҳкими он гувоҳ бар он аст, ки барои шакл гирифтани сохти давлатдории миллии тоҷикон зуҳуроти маънавии сиёсатмадорони варзида, таҳлилгарон, олимон ва умуман, идеологҳо босазо аст. Дар ҳақиқат, дар ин давра, ин такони тафаккурӣ дар доираи дарки баланди идеологӣ-сиёсии давлатдорӣ иноватсионӣ буд, ки дар таърихи навини давлатдорӣ бо ташкил ва рушди амниятии сохти конститутсионӣ бо хатти заррин сабт мегардад.
Идеология аслан зуҳуроти маънавии файласуфон, мутафаккирон, олимон, донишмандон, сиёсатмадорон ва умуман зиёиён аст, ки ин гуна табақабандии идеявӣ ба дарк, зеҳн дар майнаи сари инсонҳо ва ташаккул ёфтани шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, падидаҳои илмӣ дар ҷомеа ва ё давлатдорӣ рабт дорад.
Идеология дар ҷомеаи муосири пур аз тазодҳои сиёсӣ дар вобастагӣ ба иҷтимоёт ва иқтисодёт нақши асосӣ мебозад. Талошҳои зиёд барои дарёфти роҳҳои аз байн рафтани мафҳуми «идеология» ва корбарӣ бо ин равиш ҳатто чун назария пешниҳод шуда буд, аммо бенатиҷа аст, чунки идеология чун инъикоскунандаи манфиатҳои махсуси ангезаҳои табақотӣ ва синфҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Яъне он талаботи иҷтимою маънавии инсон ва сиёсии шаклгирии давлат аст.
Ҳар гуна давлатдорӣ ва сохтори ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳамаи давру замонҳо дар заминаи идеологияи муайян арзи ҳастӣ мекард. Агар бигӯем, ки имрӯза «ҷомеаи демократӣ» ба идеологияҳои гуногуни муайян ва баъзан ба идеологияҳои миллӣ эҳтиёҷ надорад, хатои маҳз аст. Дар давлатдорӣ робитаи диалектикии байни идеологияҳои гуногун ва идеологияи миллӣ бо вуҷуди зиддиятҳо дар ягонагӣ боқӣ мемонад ва агар аз нигоҳи фалсафӣ шарҳ диҳем, он дар зери таъсири қонуни объективии диалектикӣ, аз ҷумла қонуни ягонагӣ ва муборизаи зидҳо бевосита амал мекунад.
Дар айни замон демократӣ сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ низ, аз як тараф, гӯё дар роҳи ҳалли проблемаҳои глобалӣ рӯз то рӯз дар зиддият ва ягонашавӣ ҳаст, аз тарафи дигар, тақозои давлатдорист, ки идеологияҳои миллӣ вуҷуд дошта бошанд, чунки аз байн рафтани идеологияи миллӣ ба нобуд гардидани таркиби шуури ҷомеаи давлатдории миллӣ оварда мерасонад. Яъне, тазодди байни давлатҳои тараққикардаю кӯчак муборизаи шадиди сиёсии ниҳонии давлатҳоро ба вуҷуд овардааст, ки ояндаи баъзеашон дар ҳоли номуайянӣ қарор доранд.
Аввал ин ки идеологияи сиёсӣ метавонад дар давлатдорӣ на танҳо дар доираи яккаҳизбӣ, балки дар заминаи бисёрҳизбӣ ва ташкилоту равияҳои гуногун низ шакл бигирад ва аммо таҳияи сохтори он ниҳоят мушкил аст. Давлатдор метавонад беғаразона фикру ақидаҳо ва идеяҳои гуногуну хуби ин равияву ҳизбҳоро ба инобат гирифта, барои боз ҳам беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоӣ ва пойдор мондани сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ истифода кунад.
Идеология дар тӯли таърих ба сифати омиле дар амал аст, ки тафаккури оммавиро шакл медиҳад. Мардуми тоҷик низ чун дигар халқу миллатҳо дар тӯли таърих дорои идеология ва тафаккурҳои гуногун буд ва онро дар ҳар як шакли форматсия ва намуди давлатдорӣ ва ҳатто дар зери пахши идеологияҳои гуногуни ҳизбӣ нигаҳ дошт. Масалан, айни замон дар давлати тоҷикон аксари аҳолии ҷомеаро мусулмонон ташкил медиҳанд. Матраҳи саволеро, ки оё мардуми ботамкину таҳаммулпазири давлати тоҷикони дорои тафаккури динӣ эътиқодашон то шакли шуури динӣ низ инкишоф ёфтааст?, маводи асосноки илмӣ дастрас нест. Ва ба андешаи мо идеологияи динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд накарда, танҳо эътиқоди динии мардум ба назар мерасад.
Идеология дар кадом равияе рушд кунад, бояд ҳамеша инсондӯстона сурат бигирад ва барои хуб гардонидани ҳаёти иҷтимоӣ ҳадафгузорӣ намояд. Ҳамчуноне ки табиат (табиати инсонӣ низ), ки дар зери таъсири қонунҳои объективӣ вуҷуд дорад ва ҳамин гуна хосияте дорад, ки аз кулл ба ҷузъ майл кардан дорад ё баръакс, ҳамчунин рушди ҳар як давлат, ки дар он идеологияҳои гуногун пойдоранд, барои ба зинаҳои баланди идеологияи сиёсии ягонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ расидан, ҳатман ки бетаъсир нест. Ин ҷараён ба тафаккури мардум вобастагии қавӣ дорад ва иҷборӣ нест, он дар заминаи хушку холӣ ва беасос ба вуҷуд намеояд. Ҳамин сабаб аст, ки дар идомаи форматсияҳои ҷамъиятӣ нест кардани як идеология ва ба вуҷуд овардани идеологияи дигари навин ҳатто солҳо тӯл мекашад. Сабаби аслии он аз чӣ гуна ташаккул ёфтани тафаккури инсонӣ вобаста аст.
Бояд розӣ шуд, ки дар асл зиёиён, ки зуҳуроти маънавиро ба вуҷуд меоранд, тафаккури озод ва новобаста доранд, ки ақаллияти аҳолиро ташкил медиҳанд. Яъне иқтидори олии зеҳнӣ, на танҳо дар форматсиҳои иқтисодӣ, балки аз аввали бунёд хоси зиёиён буд ва онҳо, ки дар ҳар форматсияҳои ҷамъиятӣ чун қувваи пешбарандаи ҷамъият амал мекарданд, фикрашонро бе асосҳои илмӣ ва зарурати иҷтимоӣ дигаргун накардаанд. Ҳазорон мисолҳои таърихӣ метавон овард, ки ояндагон ба тафаккурронӣ ва пешгӯйиҳои мушаххаси иҷтимоии бузургон қоил шудаанд. Дар баробари ин, идеология чун омили ташаккули шуурнокии инсоният низ мусоидат мекунад.
Давлатдории миллӣ бо рушди илм ва идеяҳои самарадиҳанда намегузорад, ки идеяҳои беасоси илмӣ ва подарҳаво мардум ва миллати азалиҳикматро ба бенизомиӣ ва ё ба парокандагӣ расонад. Мартабаи илмӣ ба идрок, таъсир ба майнаи сар ва қувваҳои азхудкунии инсон, потенцал, зинаи шуурнокии инсон ва сиҳатии ӯ пайваст аст. Азбаски идеяҳо дар мафкураи инсонҳо аксаран барои боз ҳам беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоӣ ва осон гардонидани шароити зиндагӣ ба вуҷуд меояд, дар ин форматсияи иқтисодӣ роҳҳои дар ҷамъият татбиқ гардонидан онҳо низ кори саҳл нест. Идеяҳои ситезангез бошанд, метавонанд мушкилӣ пеш оранд, махсусан, дар замони гузариши инқилоби иҷтимоӣ. Бо пош хӯрдани системаи Шӯравӣ дар доираи солҳои 90-ум маҳз, дар ҳоле ки Тоҷикистони соҳибистиқлол давлатдории сиёсии худро мустаҳкам побарҷо карданӣ буд, равияҳои гуногуни хориҷӣ, баъзан субъектҳои сиёсӣ аз мавқеи пешниҳодкунандаи идеяҳои ҳатто солим истифода бурда, онҳоро баъзан бо мақсади осон гардонидани расидан ба барномаҳо ва амалӣ гардонидани ниятҳои нопоки худ истифода карданӣ шуданд, ки хушбахтона, ба ҳадафҳояшон нарасиданд.
Аз ҷанги солҳои 1992 ин тараф, бо коҳиш ёфтани тадрис шароите ба вуҷуд омад, ки то дараҷае ҷойи холии фаҳмиши илмиро, ки дар мактабҳои миёна ҳангоми омӯзиши илмҳои дақиқ бояд наврасон ҷаҳонбинии муайян пайдо мекарданд, дар тафаккури онҳо суханоне аз кӯчаву бозор ва таҳлукаҳои баъдиҷангӣ пур шуд. Бо гузашти замон таъсири манфии дониши кофӣ нагирифтани наврасони ин давра, ки чанд сол баъд аллакай ба синни ҷавонӣ расида буданд, ба он оварда расонида буд, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо баъзе ҷавонони «осебдида» баъзан муаллимони даврони Шӯравӣ таҳсилкардаро барои лексияи дунявидоштаашон аз аудиторияҳо пеш мекарданд. Муаллимон бо таассуф ба фаҳмиши ин гуна ҷавонон баҳо дода, онҳоро «ҷавонони баъдиҷангӣ» меномиданд. Ин ва дигар ҳолати фанатикӣ вазъеро ба вуҷуд овард, ки акнун давлат аз даҳсолаи дигар ин тараф маҷбур шуд дар доираи қонунгузорӣ дар мавриди ифротгароӣ чораҳои ҷиддитар андешад. Ҳамин гуна аҳли роҳбарияти давлат бо андешаи хирадмандонаи худ ва бо заҳмати зиёд тавонист, ки ояндасозони миллатро аз вартаи ифротгароӣ то андозае эмин дорад ва дар ин гароишҳои пуртазодди ҷомеаи ҷаҳонӣ сулҳу саодат ва оромию тинҷӣ дар пояи конститутсионӣ барои мардуми тоҷик муяссар гардид.
Дар ҳар як давлатдорӣ аз илм, аз ҷумла идеяҳои гуногуни зиёиён – сиёсатшиносон, мутафаккирон, олимон – идеологҳои миллӣ истифодаи комил намудан ба манфиати кор аст. Таърих гувоҳ аст, ки ақидаҳои хирадмандона дар ҳар як давраи давлатдорӣ барои пойдорӣ ва тақвияти давлат зарурӣ буд.
Муҳим он аст, ки идеологҳо бо дарназардошти масоили глобалӣ ва бо дарки баланд дар ҳама соҳаҳо андешаҳои манфиатовари мантиқӣ пешниҳод намуда, онро инсондӯстона ҳаллу фасл карда ва назарияҳои гуногуни заруриро меҳварӣ қарор диҳанд. Барои тақвият ва густурдашавии ингуна равиши кор олимон метавонанд бо дарёфти навгоние дар масъалаи як илми ҷузъие дар қонунҳои соҳавӣ саҳмгузор бошанд.
Дар идеологияи сиёсӣ дар тафаккури сиёсатмадорон ташаккули шаклҳои гуногуни шуури ҷамъиятӣ зарур аст, ки ба нафъи сиёсати давлати миллӣ ва бо дар назардошти масоили глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад. Сиёсатмадоронро, ки шакли шуури сиёсиашон бештар ташаккул ёфтааст, инчунин зарур аст, ки дар форматсияи иқтисодии имрӯзаи ҷамъиятӣ фаҳмиши корбарии мантиқии сиёсати иқтисодӣ низ дар вобастагӣ ба амнияти миллӣ дар зершуурашон тақвият дода бошанд.
Инсони имрӯза аз таъсири ҷабҳаҳои иҷтимоӣ рушд мекунад ва худ низ дар инкишофи соҳаҳои он саҳм мегузорад. Дигар ин ки сабақҳои таърихӣ, дониста ва бо дарки бадалн истифода бурда тавонистани онҳо барои рушди тафаккурии миллат ва идеологияи он зарур дониста мешавад. Аз тарафи дигар, тафаккури динӣ ба инсоният дар тӯли асрҳо таъсири маънавӣ, ахлоқӣ ва равонӣ дошт. Дини асил барои пайдо гардидани омилҳои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ. барои ҷаҳонбинии инсондӯстонаи ӯ беътаъсир нест. Бояд қайд кард, ки аз нуқтаи назари психологӣ ва эътиқодии инсонҳо дар тӯли таърих дин аз омили асосӣ ва хусусияти тарбиявии инсоният буд ва мемонад.
Аммо дар айни замон бо суиистифода аз номи дин тавонистанд, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳлукаҳоро ба вуҷуд биёранд. Террори тафаккурӣ, ки маҳсули созмонҳои экстремистӣ мебошад, дар фаъолияти худ бо роҳи зӯрию даҳшатафканӣ барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан истифода мешавад.
Бо дарназардошти ниёзҳои иҷтимоӣ ва ниёзҳои маънавӣ, ки инсоният бояд худро қонеъ гардонад, барои беҳтар гардонидани зиндагонии худ талаботи инсон ба омӯзиши илм дар тӯли асрҳо вуҷуд дошт ва мемонад. Дар илми фалсафа, ҳамчунин, дар фалсафаи тоҷик идеологияи инсондӯстӣ ҳамеша мавқеи хос дошт. Мутафаккирони гузашта дар равия ва мактабҳои гуногуни фалсафӣ тавонистанд рисолати идеологии инсондӯстонаи худро бо шакл гирифтани ибораҳои баёнсозандаи «инсони комил», бо табиат якӣ донистани инсон ва ѓайра, ки аз инсондӯстӣ дарак медиҳад, тақвият бахшанд. Аслу зоти инсонӣ, ки аз моддиёт ва маънавият офарида шудааст, бе баҳс руҷӯъ ба ин ду дорад. Кӯшиш барои нодида гирифтан ва ё маҳви яке аз он ғайриимкон ва бенатиҷа аст. Чун талаботи иҷтимоии инсонӣ ӯро водор месозад, ки дар зери таъсири қонунҳои обективии табиат, ки аз ӯ вобастагӣ надоранд, зиндагӣ кунаду аз он истифода барад ва ҳамчунин инсон, ки чун субъект низ вуҷуд дорад, талаботҳои маънавиро доро аст. Вуҷуди дил, рӯҳ, ҷон ва ақл сирри нокушода барои инсон боқӣ мондааст ва ин сир ва номуайянӣ инсонро водор мекунад, ки масалан ба чизе эътиқод дошта бошад, рӯҳашро бо чӣ хаёле тасаллӣ диҳад ва ақлашро дар кадом ҳолате розӣ кунонанд. Ё ақли кӯчаки инсонӣ, ки наметавонад ҳама ҳолатҳои объективӣ ва субъективиро ба дурустӣ инъикос кунад, дар ин маврид вазифаро ба дигарӣ – ба ҷон, ба дил вогузор мекунад.
Майнаи сари инсонӣ то дараҷаи лозим қодир набуд, ки роҳҳои ҳалли талаботи маънавӣ ва иҷтимоиро дарёфт намояд, идеологияҳои гуногунро ба вуҷуд овард, ки таърих ба он гувоҳ аст. Агар идеологияе диние, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо боқӣ монд, пас ин идеология то дараҷае ба талаботи маънавии (на иҷтимоӣ) инсоният ҷавобгӯ буд ва танҳо аз баён рафтани он дар ҳоли ба куллӣ тағйир ёфтани шуури инсоният ба вуҷуд омаданаш мумкин аст (мисли он, ки ҷаҳонбинии асотирӣ қариб, ки аз байн рафт). Дар ҳоли идора карда натавонистани ҳолатҳои равонӣ ҳатто инсон амалҳое содир намуда, дигаронро низ гумроҳ менамояд, ки баъзан таърих онҳоро намебахшад. Ин гуна ҳиссиёт ҳолатҳои ногувори идеологию сиёсиро ба вуҷуд меорад. Таҳаммулпазирӣ дар ин ҳолат яке аз роҳҳои ҳалли асосии талаф надодани ҷони инсонӣ аст.
Бо ҳам омадани андешаҳои олимони илмҳои дақиқ ва файласуфон, ки проблемаҳоро дар умум меомӯзанд, барои бо роҳи осоишта расидан нақши муайянкунанда доранд. Барои он ки инсон ба ин гуна ҳолатҳои ногувори ҳиссӣ ва ба идеологияҳои номатлуб ворид нагардад, дониши қавӣ ва зиракии сиёсӣ нақши муҳим мебозад. Дар амалу равобиту издиҳоми сиёсию иҷтимоӣ мафҳумҳои асосӣ дониш, фаҳмиш, андеша доштан, зирак будан ва дарк кардан нақши муҳим мебозанд. Дониста ворид шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ё ташкили гурӯҳҳои иртиҷоӣ аз золимият дарак медиҳад, аммо аксари инсонҳо аз таъсири зиндагии бади иҷтимоӣ ба ваъдаҳо бовар карда, ҳоҷат медонанд, ки ба ин гурӯҳҳо шомил шаванд. Дар ҳоле ки инсон илмомӯхта ва донишманд нест, пайравӣ аз равияҳои гуногун намояд, хавфи маҳви худ ва зарар ба давлату миллатро бештар мегардонад. Чун бо ин гуна инсонҳо бо сабаби ҳеҷ нафаҳмидану дарк надоштанашон созиш кардан мушкил мегардад. Дар ин ҳолат инсонро ҳиссиёти ѓайриақлонии ӯ идора мекунад. Аз нигоҳи психологияи ҷамъиятӣ баъзан вазъи ноустувори равонии одамон (ҳиссиёт, ҳаяҷон, авзоъ, хуруфот ва ғ.), ҳодисаҳо (анъана, одат), ҷараёнҳо (тақлидкунӣ, таъсиррасонӣ), ва ҳатто то дараҷаи ақида, андеша, тасаввурот (сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ, ахлоқӣ), дар намуди боварӣ- эътиқод, мавқеи иҷтимоӣ метавонад инсонро ба роҳҳои нодурусти тарзи интихоби зиндагӣ ва шомил шудан ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ бурда расонад. Аслан гурӯҳҳои иртиҷоӣ мавқеи худро бештар аз байни инсонҳои бетаҷрибае, ки ба таври якравӣ, догматикӣ ва фанатикӣ зиндагӣ мекунанд, устувор мегардонанд. Ҳамин тавр, илм, фаҳмиш ва идеологияи дуруст ва мантиқӣ метавонад дар раванди тащаккули ҳаёти иҷтимоии ҳар як кишвар нақши созанда дошта бошад.
НАЗРИЕВА ОЙНИЁЛ ШАРИФОВНА,
номзади илмҳои фалсафа, муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон