Хабарҳо аз ҷониби MTC
Дар Душанбе ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД баргузор гардид
   ДУШАНБЕ, 15.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар»…
Парвиз Муҳаммадзода: Президенти Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсиси СҲШ пайваста масъалаи буҳрони Афғонистонро дар сархати рӯзномаи маҷлиси ин созмон гузошта, вазъиятро пешгӯӣ мекарданд
   ДУШАНБЕ, 14.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мубориза бо хатарҳо, чолишҳо ва таҳдидҳои муосир дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ҳамчун шарики боэътимод ва фаъол муаррифӣ намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсиси СҲШ доимо масъалаи буҳрони Афғонистонро дар сархати рӯзномаи маҷлиси созмони мазкур ба миён мегузоштанду вазъиятро пешгӯӣ мекарданд. Ба ин масъала баъзе…
СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ – СОЗМОНИ МУАССИР
   Созмони Ҳамкории Шанхай ҳашт кишварро муттаҳид карда, ҳудуди умумии онҳо беш аз 34 миллион километри мураббаъ, яъне 60 дарсади қаламрави АвруОсиёро ташкил медиҳад. Шумораи умумии аҳолии кишварҳои СҲШ тақрибан се миллиарду 400 миллион нафар мебошад, ки ин нисфи аҳолии кураи Замин аст.…
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЯКЕ АЗ БУНЁДГУЗОРОНИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
   Басо рамзист, ки 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони ҳамкори Шанхай дар арафаи ҷашни 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба яке аз маконҳои баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ва макони ҳамоҳангсозии талошҳои мушатрак оид…
ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЯКЕ АЗ БУНЁДГУЗОРОНИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
   Боиси сарфарозист, ки дар давраи 20 соли фаъолияти худ Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳамчун як ташкилоти минтақавӣ роҳи ташаккулёбии худро бомуваффақият тай намуда, дар байни сохторҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол намудааст. Дар ин муддат Созмон тавонист, ки тамоми масъалаҳои рӯзномаи байналмилаливу минтақавиро…
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе
   09.09.2021, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ – ҷашни бузургтарину муқаддастарини миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Бо ифтихору хушҳолии зиёд иброз медорам, ки ин ҷашни сарнавиштсозро тамоми сокинони мамлакат…
Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар 30 соли рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
   Имсол Тоҷикистони азизи мо санаи муҳимми таърихӣ, яъне 30 солагии Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад. Ин сана муҳимтарин ва волотарин воқеаи даврони таърихи навини тоҷикон маҳсуб мегардад. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд.…
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ
   08.09.2021, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Нӯҳуми сентябр барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад. Халқи азизи Тоҷикистон сиюмин солгарди истиқлолу озодии кишвари маҳбуби худро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ…
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
   07.09.2021, шаҳри Душанбе Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон! Имрӯзҳо хурду бузурги Тоҷикистони маҳбуби мо дар остонаи ҷашни бузурги миллиамон – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватан қарор доранд. Чорабиниҳои расмии ин ҷашни муқаддас имрӯз бо расми гузашти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии…
ИСТИҚЛОЛ – ҚУЛФКУШОИ ДАРИ САОДАТ
   Истиқлол ҳаммаънои озодию ягонагӣ, худсолориву ба даст гирифтани сарнавишт худ мебошад. Он барои мо асоси давлатсозӣ, кору пайкорҳои созанда, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба ваҳдату осоиштагист. Ин падидаи нодир имкон фароҳам овард, ки кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф кунанд ва бо…