ДУШАНБЕ, 17.10.2021 /АМИТ “Ховар”/. 27 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Тандурустӣ ҳамчун омили муҳими амнияти иҷтимоӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар”.
Дар назар аст, ки дар ҳамоиши мазкур олимону мутахассисон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин кормандони дигар сохторҳои давлатии дахлдор иштирок намоянд.
Дар ҳамоиши илмии “Тандурустӣ ҳамчун омили муҳими амнияти иҷтимоӣ» нақши соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар таъмини амнияти иҷтимоӣ ва рушди устувор таҳлилу баррасӣ хоҳад шуд.