Дар ин шабу рӯз сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кишварҳои Аврупо идома дорад. Чӣ тавре ки аз мазмуни мулоқоту вохӯриҳои расмии Президенти кишвар бо сарони давлатҳои Аврупо ва роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо бармеояд, дар қатори маҷмӯи масоили равобити бисёрсамта, яке аз масъалаҳои муҳимми чаҳорчӯби мулоқотҳоро баррасии вазъи имрӯзаи Афғонистон ташкил медиҳад.

Таваҷҷуҳ ба вазъияти Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат аз мавқеи ҳанӯз дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон иброздоштаашон оид ба қазияи Афғонистон ягон зарра ақибнишинӣ накардаанд ва такрор ба такрор мавқеи худро дар вохӯриву нишастҳои сатҳи олӣ, дар минбарҳои бонуфуз ба самъи ҷаҳониён мерасонад.

Ҳанӯз 25 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ иброз дошта буданд, ки “Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамояд”.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки «Ҷониби Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунад, вале бар ин бовар аст, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда шавад».

Иддае аз коршиносон дар пайи ироа шудани мавқеи расмии Ҳукумати кишвар оид ба буҳрони Афғонистон дар он хусус ҳадс мезаданд, ки ин мавқеи Тоҷикистон дер давом намекунад ва зери таъсири қувваҳои гуногуни сиёсӣ кишвари мо ҳатман дидгоҳи худро иваз хоҳад намуд. Вале чуноне ҷомеаи башар шоҳид аст, Тоҷикистон мавқеашро на танҳо иваз накард, балки онро қотеъона ва гаштаву баргашта дар нишастҳои сатҳи олӣ иброз медорад. Бо ҳамин мавқеъ Пешвои миллат дар нишасти сарони кившарҳои узви СААД, СҲШ, ҳангоми мулоқоти рӯ ба рӯ бо сарони ин кишварҳо дар шаҳри Душанбе, дар суханронии худ бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ, инчунин зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии СММ тариқи видеоконфронс ибрози андеша намуда, оид ба ногузир будани таъсиси ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон ва хатари ояндаи вазъи ин кишварро ба амният ва суботи минтақа таъкид намуданд.

Чӣ тавре зикр шуд, яке аз ҳадафҳои асосии сафари Пешвои миллат ба Аврупо низ мусоидат ба ҳар чӣ зудтар ҳал шудани қазияи Афғонистон ва ҷалби амиқи таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба буҳрон дар ин кишвар мебошад.

Сарвари давлат зинми сафар бо Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп, Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел, Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл, бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала мулоқот намуда, зимни мулоқот ба татбиқи барномаҳо дар доираи ҳамкории васеи минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин ба рушди робитаҳо дар соҳаи амният изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Аз он ҷумла яке аз муҳимтарин мавзӯи мулоқотҳо иборат аз баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими амнияту субот дар кишвари мо, тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба хотири таъмини амният дар минтақа буданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон ҷиҳати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ёдовар шуда, ҷонибҳо роҳҳои муассири истиқрори сулҳу субот дар ин кишварро баррасӣ намуданд.

Дар ин мулоқот Сарвари давлат таъкид намуданд, ки амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таъмини сулҳу субот дар Афғонистон иртиботи бевосита дорад.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мебошад ва СММ бояд дар пешбурди ин раванд нақши калидӣ дошта бошад.

Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кибер-ҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти хатарбори ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки аз як ҷониб мавқеи башардӯстонаи Тоҷикистон нисбат ба буҳрони Афғонистон боиси ифтихору шарафмандист, вале аз ҷониби дигар, боиси таассуф аст, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар нисбат ба поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму миллатҳои сокини Афғонистон ва озодиҳои шаҳрвандони он кишвар, бахусус занону кӯдакон хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар ин маврид сухане ҳам баён намекунанд.

Бояд дар назар дошт, ки таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву башарӣ ва идораи давлатӣ гардидааст, таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту суботи минтақа мебошад. Ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон», ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шӯрои амнияти СММ қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст. Аз ин рӯ, Афғонистони ҷабрдида ва миллати ба мо дӯсту бародари он набояд дигарбора ба вартаи ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба тақдири қавму миллатҳои маскуни Афғонистон ва ҳамсояҳои он бетафовут набошад,

Ҳамин тавр, сафари расмии Пешвои миллат ба Аврупо, ки бо даъвати кишварҳои қудратманд ва ниҳодҳои муътабари аврупоӣ сурат гирифт, айни ҳол аз масъалаҳои муҳимтарини матраҳ дар сархатти расонаҳои бонуфузтарини ҷаҳонӣ қарор дорад. Даъват гардидани Сарвари давлати Тоҷикистон ба Аврупо ва он ҳам дар ростои қазияи буҳрони Афғонистон пеш аз ҳама барои мардуми Афғонистон ва амнияти минтақа аҳамияти тақдирсоз дорад. Ин сафар аз нуфузи Пешвои миллат ҳамчун лидери сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ ва таъсири Тоҷикистон дар раванду таҳаввулоти минтақа шаҳодат медиҳад. Яъне, боиси ифтихор аст, ки имрӯз Аврупо дар масъалаҳои муҳиму ҳассоси минтақавӣ ба мавқеи расмии давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Ҳамаи ин пешрафту нуфузи кишвар мушти обдоре ба даҳони чанд нафар хоинони миллат мебошад, ки муваққатан дар кишварҳои Аврупо маскунанд,

Дарвоқеъ, ин эътибори ҷаҳоние, ки Тоҷикистон касб карда истодааст, дар заминаи хушку холӣ ба миён наомада, балки аз таҷрибаи кишвари мо дар роҳи ташкили гуфтугӯҳои созанда, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва эҷоди сулҳ сарчашма мегирад ва бо ҳамин эътибори худ кишвари мо дар яонда метавонад нақши созгореро дар ҳалли бӯҳрони Афғонистон иҷро намояд.

Исмоилв С.,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Муродов М.,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед