Санаи 11 октябри соли ҷорӣ бо даъвати роҳбарони олимақоми Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо оғоз ёфт. Тавре аз расонаҳои хабарии дохил ва хориҷи кишвар маълум гардид, алакай мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи баланди роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва Президенти Тоҷикистон доир гардида истодааст. Атрофи сафари расмии Роҳбари давлат ва ҷузъиётҳои он чандин матлабу маводҳо аз ҷониби расонаҳои иттилоотӣ ва коршиносон дар шабакаҳои интернетӣ интишор гардиданд, ки аҳамият, муҳиммият ва воқеияти бузурги раванди сафари Пешвои миллатро инъикос кардаанд. Дар ин раванд мо низ кӯшиш намудем, ки оид ба сафари доир гардидаистода ва мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбарони Иттиҳоди Аврупову кишварҳои аъзои он панҷ нуктаи муҳим ва масъалаи мушаххасро иброз намоем, то аҳамияти геополитикии ин сафар ва муҳиммияти он барои сарнавишти ояндаи минтақаро шарҳ диҳем.

Нуктаи аввал ин аст, ки сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо дар вазъияте доир гардида истодааст, ки ҷаҳон дар рӯ ба рӯи раванду буҳронҳои азим қарор дорад. Аз як тараф бемории сирояти коронавирус дар саротосари ҷаҳон инсониятро ба буҳрони иҷтимоию иқтисодӣ мувоҷеҳ намудааст. Аз тарафи дигар  минтақаи Осиёи Марказӣ баъди суқути Ҳукумати расмии Афғонистон ба мушкилоти амниятӣ дучор гардидааст. Хатари тавсеа ва нуфуз пайдо кардани гурӯҳҳои ифротӣ ва созмонҳои террористӣ дар Афғонистон тамоми давлатҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Дар баробари ин буҳрони иқтисодиву тағйирёбии босуръати иқлим аз мушокилоти дигар аст. Вале, тавре ба назар мерасад, айни ҳол мушкилоти ҷиддӣ ва рақами як барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ буҳрони сиёсии Афғонистон ба ҳисоб меравад.

Нуктаи дуюм ин аст, ки рӯзномаи корӣ ва масъалаҳои меҳварии мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он танҳо масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба нест. Яъне, дар баробари ин ки ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ҷузъи муҳимми сафари Роҳбари давлат аст, ҳамчунин, баррасии вазъи амнияти минтақа ва ҳифзи суботи давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷузъи дигари сафари мазкур аст. Ҳамон тавре, ки Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, дар ҳамаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи баланди ду ҷониб масъалаи ҳифзи амнияти Осиёи Марказӣ ва ҳалли буҳрони сиёсии Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Дар мулоқотҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел, Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон, Раиси сенати Ҷумҳурии Фаронса Жерар Ларше, Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия хонум Элиан Тилйё, Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл, Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала ва Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия дар баробари ҳамкориҳои дуҷониба ҳамзамон, масъалаи таҳкими амнияту суботи минтақаи Осиёи Марказӣ, мубориза зидди терроризми байналмилалӣ ва пурзур намудани мудофиаи сарҳади давлатҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин воқеият ва ҳақиқати бузург бозгӯйи он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарнавишти ояндаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бетафовут нест. Ҳамзамон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо низ Тоҷикистонро ба сифати кишвари ташаббускор ва сулҳпарвари минтақа эътироф кардаанд.

Нуктаи дигар ин аст, ки мавзӯҳои дар доираи сафар баррасӣ гардида, фарзияи муҳиммеро собит намуданд, ки дар геполитикаи минтақаи Осиёи Марказӣ гардиши нав бавуҷуд омадааст. Тоҷикистон ҳамчун кишвари устувор ҳамон нишонаи қудратмандии геополитикии “ман” гуфтанро дорад. Огоҳони улуми сиёсӣ хуб медонанд, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини субот дар ин ё он минтақа ва ё давлат бояд “ман”-и геополитикӣ мавҷуд бошад. Агар, чунин аст, пас манфиатҳои давлат ва ё минтақа дар “сиёсати бузург” ҳатман ба инобат гирифта мешавад. Аз ин ҷост, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон дар тамоми музокиротҳои сатҳи баланд масъалаи ҳифзи суботи минтақаро ба миён мегузорад ва ин аз ҷониби тамоми марказҳои ҷаҳонии қабули қарор эҳтиром ва эътироф мегардад.

Нуктаи чорум ин аст, ки Тоҷикистон аз аввалин давлатҳое буд, ки мавқеи расмии худро дар нисбати буҳрони сиёсии Афғонистон мушаххасан баён дошт. Ин, ки Тоҷикистон ҳама гуна ҳукумате, ки бо роҳи низомӣ, зурӣ ва қатлу куштор дар Афғонистон ба сари ҳокимият меояд эътироф наменамояд, мавқеъе буд, ки то имрӯз тағйир наёфтааст. Тоҷикистон ҳамон ҳукуматеро эътироф ва эҳтиром менамояд, ки фарогир аст ва бо дар назардошти манфиатҳои кулли ақвоми Афғонистон ва хостаҳои онҳо ташкил мегардад. Имрӯз тамоми Иттиҳоди Аврупо  дар ҳошияи ҳамин формулаи пешниҳоднамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеъу дидгоҳ ва тасмимҳои худро нисбат ба қазияи Афғонистон баён доштаистодаанд, ки ин ҳолат аз ҷиддият ва мавқеи устувори Роҳбари давлати Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол дар ҳамин мавқеъи худ устувор аст ва талош ба он дорад, ки дар Афғонистон сулҳу суботи пайвастаи пойдор таъмин гардад.

Нуктаи панҷум ва ё муҳимтарин нукта ин аст, ки эътирофи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва хайрхоҳи башар будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит гардид. Маврид ба таъкид аст, ки дар сиёсати имрӯзи ҷаҳон ва ҳалли осоиштаи буҳронҳо нақш ва ҷойгоҳи сарвари сиёсӣ хеле муҳим аст. Сиёсати огоҳона, бидуни бозӣ ва ягонаи Роҳбари давлат шахсияти ӯро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун сиёсатмадори барҷаста муаррифӣ намудааст. Баррасии вазъи кунунии Осиёи Марказӣ ва ояндаи давлатҳои он, роҳҳои таъмин ва ҳифзи амнияти минтақа, бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқи гуфтаҳои болоянд. Таҳлил ва хулосаи мулоқотҳои доиргардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он ҳаминро нишон медиҳад, ки дар ҳалли дилхоҳ раванди сиёсии минтақа назар ва мавқеи Тоҷикистон калидӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад.

Алиназар Ашуров,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед