Асосӣ: Маркази матбуот
+++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз982
mod_vvisit_counterДирӯз1466
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2448
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25974
mod_vvisit_counterҲамагӣ1479010
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
22
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Маркази матбуот
АВЗОИ ГЕОПОЛИТИКӢ ДАР МИНТАҚА ВА ТАЪСИРИ ОН БА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Солҳои охир равандҳои иртиҷоие ба монанди терроризм, экстремизм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ботадриҷ доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналхалқӣ табдил ёфтаанд. Ҷуғрофиёи густариши ин омилҳо маҳдуд ба марзҳои ин ё он минтақаи ҷудогона нест, балки фарогири тамоми минтақаҳо ва ҳатто кишварҳои мутараққии Ғарб низ мебошад. Теъдоде аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро мубориза бурда, ҳамзамон қисми дигари кишварҳои аврупоӣ ҷиҳати амалӣ намудани аҳдофи сиёсӣ, иқтисодӣ ва геополитикии худ, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ин гурӯҳҳои тундравро дастгирӣ менамоянд. Аз ҷумлаи чунин гурӯҳҳои ифротгаро – гурӯҳи муташаккили террористии ба ном «Давлати исломии Ироқ ва Шом» (ДИИШ) ё бо ибораи дигар Давлати Исломӣ (ДИ) мебошад, ки «тифли навзод ва парвардаи худи абарқудратҳо» ба шумор рафта, тайи солҳои охир ба кишварҳои Осиёи Миёна сар дароварда, барои дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегии худ аз тамоми воситаҳо истифода менамояд.

Айни замон ДИИШ ба яке аз омилҳои нисбатан хатарзои минтақавии ҷаҳон табдил ёфтааст. Ин гурӯҳи ифротӣ гӯё бо мақсади пуштибонӣ аз дин таъсис ёфта, ҳадафи асосии ин гурӯҳ на пуштибонӣ аз ҳуқуқи кадом миллату халқият ва арзишҳои исломӣ, балки мақсадҳои сирф сиёсӣ мебошад.

Муфассал...
 
НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ПАРЧАМ ҲАМЧУН РАМЗИ СИЁСӢ

Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар ҳаёти мардуми Эронзамин пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар шарқии қадимаи Эрон ливои хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз милод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадиматрин ливо дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад.

Дарвоқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз ливо ҳамчун рамз ё нишонаи даъват ба муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ва ё он ҷамъият, маслан ба қабила, қӯшун, равияҳои динӣ ва ғайра ифода мекард.

Ливо дар шаклҳои мухталиф зоҳир мешуданд: мағзи сари пешвои тавоно, ки дар чуби дароз насб шудааст, чӯбе, ки дар он пӯсти ҳайвони ваҳшӣ насб шудааст, хода бо шахаҳои гуногуне, ки дар он ашёи гуногун овеза шудааст, тӯмор, тасвири «худо»-ҳо, рӯҳҳо ва ғайра.

Муфассал...
 
Фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти ҷилавгирӣ аз тундгароии динӣ дар Душанбе баррасӣ мегардад

Душанбе, 27.10.2016. «Самтҳои асосии фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи пешгирии тундгароии динӣ»- таҳти чунин унвон 31 октябр дар Душанбе конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони конфронс мебошад.

Интизор меравад, ки дар конфронс масоили марбут ба фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз тундгароии динӣ баррасӣ гардад. Дар конфронс иштироки намояндагони масъули вазорату идораҳои марбутаи кишвар, олимону коршиносон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар аст.

Сарчашма: АМИТ «Ховар»

 
КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «СОҲАИ КИШОВАРЗӢ: РУШДИ БОСУБОТ, ИСЛОҲОТ ВА ДУРНАМО»

Рӯзи 15 декабри соли 2015 бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронс дар мавзӯи «Соҳаи кишоварзӣ: рушди босубот, ислоҳот ва дурнамо» баргузор гардид. Нишасти илмию амалиро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, қайд кард, ки яке аз донишмандони варзида ва сермаҳсули илми кишоварзӣ, собиқ корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Соҳибназарова ба синни мубораки 75 солагӣ қадам гузоштааст. ӯ соли 1974 дар Академияи кишоварзии шаҳри Москва ба номи Тимирязев рисолаи илмиашро дар мавзӯи «Ҳавасмандкунии моддии колхозчиён дар рустанипарварӣ» ҳимоя карда, сазовори унвони номзади илмҳои иқтисод гардид.Дар робита ба пешрафту пешбурди бонизому самараноки риштаи кишоварзӣ чандин тавсияю пешниҳодҳо ба миён гузошта, таҷрибаҳои амалӣ гузаронидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таҷрибаи олимро баррасӣ намуда, ба онҳо баҳои баланд дод ва барои ҷорӣ кардан дар тамоми хоҷагиҳои ҷумҳурӣ тавсия намуд. Натиҷаи таҷрибаҳояш матбуот, аз ҷумла дар телевизиони марказии собиқ

Муфассал...
 
НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МАВЗӮИ

«ҲИСОБОТИ ШАШМОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТАРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ ДАР СОЛИ 2015»

Рӯзи 6 июли соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарият ва кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ, намояндагони расонаҳои хабарии ватанию хориҷӣ, коршиносони масоили сиёсию амниятӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ширкат доштанд.

Нишасти мазкурро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафар Саъдуллозода бо сухани муқадимавӣ кушода, ҳозиринро хайра мақдам гуфт ва суханро ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар вогузор намуд. Ӯ дар бораи фаъолияти МТС дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба таври мухтасар чунин гузориш дод:

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 9 аз 19