Имрӯз 25 апрели соли 2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Шурои олимони ҷавони Марказ мизи гирд бахшида ба бузургдошти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ таҳти унвони “Осори Садриддин Айнӣ ҳамчун заминагузори мафкураи миллӣ” баргузор гардид, ки дар кори ҳамоиш, аъзои Шуро ва дигар кормандони Марказ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мизи гирд бо суханҳои ифтитоҳии Саидаҳтам Талбаков, раиси Шурои олимони ҷавон оғоз гардида, қайд гардид, ки саҳми устод Садриддин Айнӣ дар бедории хотираи таърихии миллат беназир буда, осори гаронбаҳои ин шахсияти таърихӣ ҳамчун мероси гаронмоя заминаи ташаккули мафкураи миллӣ гардидааст. Аз ҷумла, бо дарназардошти равандҳои ноустувор дар ҷомеа, саъю талошҳо ва фидокориҳои Устод дар самти худшиносии миллӣ имкон фароҳам овард, ки асолати таърихии миллати тоҷик илман исбот карда шавад.

Сипас Давлатов Рамазонӣ – н.и.ф., котиби матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Устод Садриддин Айнӣ муборизи роҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ” суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Садриддин Айнӣ дар таърихи фарҳанг ва адабиёти форсу тоҷик дар канори эътироф шудан ба унвони сардафтари адабиёти муосири тоҷик, ҳамчун пешвои мактабҳои маърифативу фикрӣ, бунёдгузори равандҳои ҷадиди таҳқиқи мероси ниёгон, муборизи роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва таърихшиносу таърихнигорӣ низ шинохта мешавад. Хидматҳои устод Садриддин Айнӣ дар таърихи ташаккули миллати тоҷик дар қарни ХХ ва тақвияти ҷараёнҳои фикриву маънавӣ ва маърифатии халқи тоҷик, таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ арзишманд мебошанд.

Инчунин, Қиёмиддин Сатторӣ, мутахассиси пешбари Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ дар мавзуи “Саҳми Устод Садриддин Айнӣ дар кашфи зодгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ” маърӯза намуда, иброз намуд, ки яке аз хизматҳои бузурги Садриддин Айнӣ дар илми рӯдакишиносӣ муайян кардани зодгоҳи аслӣ ва дарёфтани қабри устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба шумор меравад, ки дар натиҷаи кӯшишу ҷустуҷӯйи зиёд баъди гузашти беш аз ҳазор сол мадфани устод Рӯдакиро пайдо кард ва ин кашфиёт аз ҷониби кулли донишмандони ҷаҳон эътироф гардид.

Дар идомаи мизи гирд миёни иштирокчиён мубоҳисаи озод сурат гирифта, Зубайдулло Давлатов, сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ, Умед Пудинаев, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ ва Ҷаҳонгири Маҳмадзоир, сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ фикру андешаҳои худро роҷеъ ба саҳми Садриддин Айнӣ дар ташаккули хотираи таърихӣ иброз намуданд.

Мизи гирд бо сухани ҷамъбастии раиси Шуро Саидаҳтам Талбаков ҳусни анҷом пазируфт.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед