26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.

Дар ҷараёни суҳбат масоили таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Котиби давлатии Ватикан барои истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд.

Аз оғози марҳалаи нави инкишофи муносибатҳо байни Тоҷикистону Ватикан изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Масоили таъмини сулҳу субот, таҳаммул, ҳамоҳангӣ ва таҳкими муколамаи тамаддунҳо аз мавзуъҳои меҳварии суҳбат буд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.

president.tj

Чоп кунед