Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ санаи 12 апрели соли 2024 конфронси байналмилалии илмӣ-амалиро таҳти унвони “Ӯзбекистон ва Тоҷикистон: дурнамои нави шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ ” баргузор менамояд. Ҳадафи баргузории конфронс арзёбии вазъ ва дурнамои муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамкориҳои стратегӣ оид ба масъалаҳои минтақа ва байналмилалӣ, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт ва авзои сиёсӣ дар минтақа ва таъсири он ба ҳамкориҳои мутақобила мебошад.

Дар кори ҳамоиш олимону мутахассисон, намояндагони масъули вазорату сохторҳои дахлдор, марказу пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва коршиносону рӯзноманигорони ҳар ду кишвар дар назар дошта шудааст.

Дар ҳамоиш масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон: ба сӯи ҳамкориҳои сифатан нави муколамаи сиёсӣ, ҳамкориҳои стратегӣ оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ.
  2. Дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт ва истифодаи об.
  3. Таҳкими дӯстии абадӣ тавассути тавсеаи табодул дар бахшҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ.

Замони оғози ҳамоиш: соати 10.00.

Макони баргузорӣ: Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 5, толори ошёнаи 3-ум.

Хадамоти матбуоти
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед