Асосӣ: Навигариҳо
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз667
mod_vvisit_counterДирӯз2074
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8119
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22610
mod_vvisit_counterҲамагӣ1387668
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Ноябри
16
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Навигариҳо
Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

11.08.2017

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуд.

Лоиҳаҳои пешниҳодгардида дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия гардидаанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои такмили Қонуни амалкунанда таҳия гардида, дар он ҷиҳати таҳкими фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ, салоҳияти ин комиссияҳо меъёрҳо пешбинӣ гардидаанд.

Муфассал...
 
Танзим низоми ҳаёти иҷтимоист

04.08.2017

Асрҳо наслҳои зиёди миллати тоҷик ойину анъана ва ҷашну маросимҳои худро монанд ба арзишҳои дигари миллӣ ҳифз намуда то ба имрӯз росониданд.Тули қарнҳо ин ойину анъанаҳо ва ҷашну маросимҳо шаклану мазмунан таъғир ёфта аз як насл ба насли дигар мегузаштанд.Дар гузашта расму ойин,маросиму ҷашнҳо чӣ динию,чӣ дунявӣ аз ҳам ҷудо чашн гирифта намешуданд. Мардум ҳаёти худ ва ҳаёти ҷамъиятро ба шакли бутун яклухт қабул дошт.

Ёди таърихии миллати мо дар ин мавзӯъ сарчашмаҳои муътабаре чун Авесто, Ведҳо, Динкард, Яштҳо, Бундаҳишн ва “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мебошанд. Адабиёти классикии тоҷик худ саршори тараннуми анъана ва ҷашну маросимҳост. Дар эҷодиёти қариб ҳамаи шоирону нависандагони гузаштаи тоҷик ба ин мавзӯъ дахл карда шудааст. Вале мавқеи анъана ва ҷашну маросимҳо дар адабиёти гузаштаи мо ба таври илмӣ омухта нашудааст.

Таърих роҳи бозгашт нодорад.Яъне, бозгашт ба дини Зардушт, Монӣ ва Маздак барои тоҷикон марҳилаест,ки ин миллат онро пушти сар намудааст. Аммо ҷашну маросим,анъанаву ойин аз дили қарнҳо гузашта чандин давлатҳову шаклҳои давлатдорӣ ва динҳои гуногунро убур намуда чун арзиши гаронбаҳои миллӣ аз як қарн ба қарни дигар, аз як насл ба насли дигар мегузаштанд ва ҷаҳонбинии ин наслҳоро дар худ таҷассум менамуданд.Дар даврони истиқлолият ҷашнҳои қадимаи Наврӯз, Меҳргон, Сада бо шаклу мазмуни нав эҳё шуда, идҳои Рамазон ва Қурбон ҳамчун як

Муфассал...
 
НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

10-уми июли соли 2017 нишасти матбуотии Маркази тадқикоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намоядагони 22 васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Нишасти мабуотиро муовини якуми директори Маркази татқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, доир ба фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 гузориш ироа намуд.

Ӯ қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТС, Марказ) ба ҳайси яке аз ниҳодҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва ташвиқу тарғиби сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Дар нимсолаи аввали соли 2017 Марказ дар доираи нақшаҳои корӣ дар чунин самтҳо фаъолият анҷом дод:

Муфассал...
 
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ

26.06.2017, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Бо эҳсоси шукронаву қаноатмандӣ аз рӯзгори ободу озоди мардуми шарифамон ва фазои орому осоиштаи мамлакатамон ҳамаи шумо ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати ҷашни бистсолагии ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.

Тоҷикистони азизи мо ҳанӯз дар оғози истиқлолият дар натиҷаи фитнаву дасисаи нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд.

Ин воқеаҳои даҳшатбор, ки бо дастгирии доираҳои ғаразноки берунӣ ва бо истифода аз қувваҳои раҳгумзадаи дохилӣ ба вуқӯъ омаданд, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар сокинони кишвар ва фирорӣ шудани беш аз як миллион нафар ҳамватанони мо гардиданд.

Муфассал...
 
Тоҷикон дар Ғалаба бар фашизм саҳми бузург гузоштаанд

ДУШАНБЕ, 05.05.2017 300 ҳазор нафар намояндагони Тоҷикистон дар набардҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон иштирок намуда, дар Ғалабаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз болои фашизм саҳми бузург гузоштаанд,- зикр шуд дар Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Саҳми тоҷикон дар Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ» доир гардид.

Конфронс дар арафаи ҷашни 72-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаракати ҷамъиятии «Друзья России» баргузор гардида, дар он собиқадорони ин ҷанг, намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихшиносон, олимон ва намояндагони бархе аз сохторҳои қудратии кишвар ширкат намуданд.

Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар дар

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 10 аз 60