Асосӣ: Навигариҳо
+++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1102
mod_vvisit_counterДирӯз1683
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта12280
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25506
mod_vvisit_counterҲамагӣ1517888
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Феврали
17
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Навигариҳо
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев-рамзи дӯстӣ ва ҳамзистии осоиштаи халқҳои тоҷику ӯзбек дар ҳазорсолаи нав

16.03.2018

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 9-10 марти соли равон ҷараён гирифт, дар таърихи муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон сафари таърихӣ ва хотирмон арзёбӣ гардид.

Ин сафар дар муносиботи мутақобилан судманди ду кишвари ҳамҷавор ва дӯст –Тоҷикистон ва Ӯзбекистон саҳифаи нави таърихӣ боз кард. Муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳояшро роҷеъ ба натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, онро «гардиши бузург дар муносиботи дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон, арзишмандтарин ва муваффақтарин сафари давлатӣ бо гузашти 27 сол» маънидод намуд.

Мавсуф афзуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он хотир таърихӣ ва муваффақона мебошад, ки дар ҷараёни он 27 санади муҳими

Муфассал...
 
МУЛОҚОТ ВА БРИФИНГИ ВЛАДИМИР НОРОВ

09.03.2017

Рӯзи 7 марти соли 2018 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот ва брифинги директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон, дипломати маъруф Владимир Имомович Норов баргузор гардид. Дар ҳамоиш кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносон ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, меҳмони олиқадр Владимир Норовро ба сарзамини тоҷикон хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон кишвари дӯсту ҳамсояи наздики мо мебошад. Боиси хурсандист, ки робитаҳои дипломатӣ, иқтисодиву фарҳангии байни ду кишвари ҳамҷавор солҳои охир беш аз пеш густурда ва мустаҳкам гардида истодаанд. Масалан, танҳо соли гузашта назар ба соли 2016 мубдилаи мол ба ду кишвар 1,8 маротиба зиёд гардид. Кушода шудани нуҳ гузаргоҳи сарҳадӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва то як моҳ бе раводид рафтуомад кардани шаҳрвандони ҳар ду кишвар, барои ривоҷу равнақи робитаҳои иқтисодӣ ва

Муфассал...
 
Наврӯз – тарғибгари фарҳанги барҷастаи инсонӣ

02.03.2018

Ҷашни Наврӯз имрӯз ба яке аз рӯзҳои дӯстдоштании аҳолиамон мубаддал гардидааст. Он таърихи қадимтарин ва зиёда аз ҳазорсола дорад. Дар тӯли мавҷудияти худ Наврӯз борҳо таҳти таъқибу мамнуъият қарор гирифтааст. Ба ин нигоҳ накарда, Наврӯз худро ҳифзу эҳиё намуд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки Наврӯз на танҳо ҷашни баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло, фарҳанги барҷастаи инсонӣ ва саршори ормонҳои наҷиби башардӯстӣ, таҷассумгари ҳастӣ ва моҳияти халқи ободгаро ва сулҳофаринамон буда, дорои захираи азими маънавӣ аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷашнгирии Наврӯзро дубора зинда намуда, пеш аз ҳама онро ба иди умумимиллӣ ва умумидавлатӣ табдил додем. Дар марҳилаи ҳозира Наврӯз дар таҳкими пояҳои давлатдориамон, баланд бардоштани худшиносӣ, барқарор ва пойдории ваҳдату ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.

Аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун иди байналмилалӣ расман эътироф гардидани Наврӯз

Муфассал...
 
НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИВУ ТАДҚИҚОТӢ ВА ТАШКИЛӢ ДАР СОЛИ 2017

02.02.2018

Имрӯз, 2-уми июли соли 2018, нишасти матбуотии Маркази тадқикоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Нишасти мабуотиро муовини якуми директори Маркази татқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, доир ба фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 гузориш ироа намуд. Ӯ қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро сармашқи кори худ карда, дар асоси ин Паёмҳо нақша-чорабиниҳои фаъолияти солонаи худро таҳия ва мавриди иҷро қарор медиҳад. Тамоми тадқиқот ва гузоришҳои кормандони Марказ дар соли 2017 ба амалишавии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "Стратегияи рушди миллӣ то соли 2030" нигаронда шуда, ба вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ гузошташуда мутобиқат доранд. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муфассал...
 
ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

02.02.2018

Ҷумҳурии Қирғизистон яке аз кишварҳоест, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад буда, муносибатҳои дӯстонаву бародарона дорад. Байни ҳарду кишвар то имрӯз даҳҳо созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба имзо расидаанд, ки ҳар кадоме барои рушди ҳамкориҳои судманд мусоидат мекунанд.

Соли 2016 ҳаҷми тиҷорати хориҷии ду кишвар 33 млн. доллари амрикоиро ташкил медод, ки аз ин 9 миллион доллар содирот ва 24 миллион доллар воридот мебошад. Дар ин давра муомилоти мол бо Қирғизистон 0,8 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ташкил дод.

Дар соли 2017 ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ густариш пайдо карда, ба 49 миллион доллар расида, он ба 1,2 дарсади тиҷорати хориҷии Тоҷикистон баробар шуд. Ҷумҳурии мо ба Қирғизистон дар ҳаҷми 11 миллион доллар маҳсулот фурӯхта, аз он кишвар 38 миллион доллар мол ворид намуд.

Мо ба Қирғизистон мошин, қисмҳои эҳтиётӣ, притсепҳо, профили алюминий, семент, барқ, спирт, нахи пахта, намак, йогурт, кефир, гӯшти парранда, меваю сабзавот: ангур, зардолу, себу ноку шафтолу,

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 6 аз 61