Асосӣ: Навигариҳо
+++



Меҳмонҳо

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз788
mod_vvisit_counterДирӯз1279
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4995
mod_vvisit_counterДар ин моҳ29161
mod_vvisit_counterҲамарӯза694577
Visitors Counter 1.5
Апрели
28
Ҷумъа
BuaXua Calendar

Омор

Маводҳои аз назар гузаронидашуда : 1187198

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ulti Clocks content
Навигариҳо
ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ

18 апрел – зодрӯзи Суҳроб Шарипов

Ин суханро дар ҳар ҷо ва аз ҳар ҷо мешунавам ва ба худ мегӯям, ки дар ҳақиқат, ӯ фарзанди фарзона ва барӯманди Тоҷикистон буд. Ҳам барои падараш ва ҳам барои мо, ҳамкоронаш ва ҳам барои Ватани азизамон. Ман бояд иқрор шавам, ки навиштани ёдбуд барои бародари шодравонам Суҳроб Шарипов бароям хеле сангин аст. Шояд мардум гумон кунанд, ки ӯро ман фақат ба ҳайси директори Маркази стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мешинохтам, вале ба ростӣ, вай додари хурдии ман буд, чунки ба манзили падараш: устоди бузургворам, яке аз машҳуртарин файласуфону сиёсатшиносони замони мо Иброн Шарифов ман рафтуомади доимӣ доштам ва Суҳроб то ҷойе, ки худаш мегуфт, аз синфи сеюм ба ёдаш мондааст, ки бо дигар бародаронаш ҳамеша маро то роҳи калон гусел мекарданд. Баъдҳо бо устод Иброн Шарифов вақте ки мо дар Институти фалсафаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсили илм мекардем (устод докторант буданду ман аспирант), Суҳробро ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М.Ломоносов хабаргирӣ мерафтем. Ӯ дар баробари фаъол будану дониши хуб доштанаш, бачаи шӯху дидадаро буд. Ҳамкурсонаш вайро хеле дӯст медоштанд. Ҳатто ханда ва қаҳри ӯ ҷозиб буд: беғараз, дилсофона, зебо.

Подробнее...
 
Муҳтарам Камолиддин Ҷӯраевич Камолов!

Шуморо ба муносибати 60-умин солгарди зодрӯз ва ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ аз самими қалб табрику таҳният гуфта, бароятон сарсабзӣ, тани сиҳат, хотири ҷамъ, дили беғам, хушбахтии оилавӣ ва комёбиҳои нав ба нави эҷодӣ таманно дорем.

Шумо чандин сол аст, ки бо мо дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои масъул кору фаъолият доред, ва худро чун корманди масъулиятшинос, ташаббускор, меҳнатдӯст ва ботаҷриба нишон додед. Кордонию масъулиятшиносии Шумо дар баробари хислатҳои неку наҷиби инсонӣ: хоксорӣ, поквиҷдонӣ, муносибати хубу самимӣ бо ҳамкорон, дасти ёрию мадад дароз кардан ба ҷавонон, принсипнокӣ ва адолатпараварӣ Шуморо соҳиби эҳтироми хосса кардааст. Шумо пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, соли 1979 онро бомуваффақият хатм намудед. Ба ҳайси омӯзгор дар мактаби №18 ноҳияи Ҳисор кор кардед.Солҳои 1981-1982 дар Афғонистон қарзи башардӯстонаи худро бо сари баланд анҷом додед.

 

Аз соли 1982 то соли 1986 дар вазифаи инструктори Кумитаи ноҳиявии комсомолӣ ва директори Идораи кинои ноҳияи Хуҷанд фаъолият намудед. Баъдан бо тавсияи бюрои Кумитаи Ҳизби Коммунисти ноҳияи Хуҷанд дар Курсҳои олии ВКД ИҶСШ бомуваффақият таҳсил кардед. Сипас дар вазифаҳои гуногуни масъули Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди

Подробнее...
 
Наврӯз-падидаи фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ

«Наврӯз -падидаи фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ»- таҳти чунин унвон дар арафаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Душанбе бо ҳузури донишмандони шинохтаи бахши таъриху адабиётшиносӣ, мардумшиносию фарҳангшиносӣ ҳамоиши наврӯзӣ баргузор гардид. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илми кишвар аз созмондиҳандагони ҳамоиши наврӯзӣ буданд.

Дар ҳамоиш донишмандону муаррихон ва наврӯзшиносон доир ба арзишҳо, паҳлӯҳои гуногун ва аҳамияти ин ҷашни бостонии мардумони сайёра сухан карданд.

Таъкид шуд, ки ҷашни Наврӯз таърихи 6 ҳазорсола дошта, зуҳури онро ба аҳди шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Ҷашни Наврӯз эҳёи табиат баъд аз сардиҳои фасли дай ва қадам ранҷа намудани баҳори сабзпӯш аст, ки онро арӯси сол ҳам меноманд. Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон доир ба ҷойгоҳи Наврӯз дар Тоҷикистон, ки ватани Наврӯз номаш мебаранд, ибрози назар намуданд. Зикр шуд, ки дар

Подробнее...
 
МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «ОСОРИ БЕДИЛ ВА РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ МАРДУМИИ ФАРҲАНГӢ ДАР МИНТАҚА»

Рӯзи 13 марти соли 2013 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзӯи «Осори Бедил ва рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ дар минтақа» баргузор гардид. Дар ҳамоиш донишмандону пажӯҳишгарони риштаҳои таърихи дипломатия, таъриху адабиётшиносӣ, мардумшиносию фарҳангшиносии ватанию хориҷӣ, намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

Ҳамоишро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров бо сухани муқаддимавӣ кушода, иштирокчиёни нишасти илмиро хайрамақдам гуфт ва таъкид кард, ки МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила ҳамоишро дар мавзӯи “Дипломатияи мардумии фарҳангӣ” ба нақша гирифтааст, ки нахустин маҳфили он ба нақши шоир ва мутафаккири бузург Мирзо Абдулқодири Бедил дар наздик кардани халқҳо ва давлатҳои минтақа бахшида мешавад. Сипас сухани табрикиро ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар вогузор намуд. Мавсуф дар

Подробнее...
 
АНОНС: МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ УСТУВОРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Фардо, 2 феврали соли 2017 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 мизи гирд таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар кори мизи гирд намояндагони масъули вазорату идораҳои давлатӣ, донишмандону коршиносон, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат меварзанд.

Тибқи барнома ҳамоиш бо ҷаласаи ифтитоҳӣ ва се бахш доир мешавад. Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ суханрониҳои табрикотии намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Бахши аввали мизи гирд маърӯзаю

Подробнее...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 50