Асосӣ: Навигариҳо Мулоқот бо донишманди тоҷики муқими Маскав профессор Раҳим Бобохонов
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз784
mod_vvisit_counterДирӯз1205
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта7139
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27488
mod_vvisit_counterҲамагӣ1236252
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
21
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Мулоқот бо донишманди тоҷики муқими Маскав профессор Раҳим Бобохонов

16.03.2018

Рӯзи 15 марти соли соли 2018 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишманди маъруфи тоҷики муқими Маскав, корманди Академияи илмҳои Федератсияи Русия, доктори илмҳои таърих, профессор Раҳим Бобохонов мулоқот баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, меҳмони олиқадрро хайрамақдам гуфт ва дар бораи моҳияти зараровари хурофот дар ҷомеаи пасошӯравии минтақаи Осиёи Марказӣ ва роҳу усулҳои аз байни бурдани ин падидаи иҷтимоӣ ва мафкуравӣ маълумоти арзишманд ироа намуд.

Сипас дар назди ҳозирин доктори илмҳои таърих, профессор Раҳим Бобохонов дар мавзӯи "Хурофот ва моҳияти иртиҷоии он" суханронӣ кард. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки хурофот дар тӯли асрҳо ташаккул ёфта, ҳамеша садди роҳи рушду тараққиёт ва пешрафти ҷомеа гардидааст. Бинобар ин, маорифпарварони тоҷик дар асри нуздаҳи милодӣ бо сарварии Аҳмад Махдуми Дониш ва ҷадидон дар аввали асри бисти милодӣ бо сарварии Шарифҷон Садри Зиё, Садриддин Айнӣ, Абдурауфи Фитрат ва дигарон барои ислоҳоти ҷомеаи суннатии Бухоро ва ташкили мактабҳои нав ва дигар ниҳодҳои демократӣ дар ҷомеа талош варзиданд. Мутаассифона, неруҳои куҳнапарасту иртиҷоӣ ва муҳофизакори ҷомеа таҳти унвони "қадимиён" муборизаро ба зидди рӯшанфикрон сахт ба роҳ монда, соли 1918 милодӣ ҷадидони Бухороро қатли ом намуданд. Ин қадимиён ё муҳофизакорони ҷомеа баъдтар идеологҳои фаъоли ҳаракати босмачигарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна гардиданд. Ҷадидон ё худ рӯшанфикрон бошанд, трансформатсия шуда, якҷоя бо дигар зиёиёни ҳамонвақта инқилоби маданиро амалӣ намуданд. Муборизаи беамони афкори наву куҳна дар замони Шӯравӣ идома пайдо кард ва дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарзу шеваҳои гуногун давом дорад.

Баъдан пиромуни суханронии вай андешаҳои муфиду судманд сурат гирифт. Профессор Раҳим Бобохонов ба суолҳои гуногуни ҳозирин посухҳои қаноатбахш дод.

Дар охир директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ба донишманди тоҷики муқими Маскав Раҳим Бобохонов барои суханронии илмии пурмуҳтаво арзи сипос намуда, мулоқотро натиҷагирӣ ва ҷамъбаст кард. Ӯ зимнан мавқеи давлати дунявиро шарҳу тавзеҳ дода, роҷеъ ба чӣ гуна ҳифз кардан ва густариш додани арзишҳои озодандешии халқи тоҷик фикру ақидаҳои ҷолиб иброз намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон