Асосӣ: Соҳибкорӣ ва рушди сектори хусусӣ АРЗЁБИИ РУШДИ БАХШИ ХУСУСӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз648
mod_vvisit_counterДирӯз1415
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта9866
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28767
mod_vvisit_counterҲамагӣ1237531
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
22
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

АРЗЁБИИ РУШДИ БАХШИ ХУСУСӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

31.01.2018

"Бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ яке аз самтҳои асосии

сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад".

(Аз Паёми Президенти ҶТ ба Маҷлиси Олӣ, 20.12.2016)

Дар доираи "Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" таъмини зиндагии шоиста ҳамчун афзалияти стратегӣ муайян гардидааст. Ноил гаштан ба ин ҳадафи олӣ аз бисёр ҷиҳат ба рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ вобастагии зиёд дорад.

Аз рӯйи арзёбиҳои коршиносони масъалаҳои иқтисодӣ ҳоло 70 дарсади ташакулли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва 80 дарсади аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъол дар кишварамон ба ин бахши муҳими иқтисодиёт рост меояд. Аз ин бармеояд, ки соҳибкорӣ яке аз омилҳои муҳим ва такондиҳандаи рушди иқтисоди миллии мамлакат ба шумор рафта, ҳар қадаре, ки ин соҳаи муҳими иқтисодиёт рушду тараққӣ кунад, ҳамон андоза беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум таъмин хоҳад шуд.

Бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ бо дарназардошти нақши муҳим доштанаш дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишварамон қарор дошта, дар ин масир пайваста тадбирҳои муассири давлатӣ андешида мешаванд. Аз ҳамин ҷост, ки бо пешниҳоди имтиёзу сабукиҳои ба фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини шароити мусоиди ташаккули соҳа аз ҷониби давлат ҳамарӯза саҳми соҳибкорон ҳамчун неруи созанда дар ободонии Ватани азизамон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум баръало эҳсос карда мешавад.

Ҳамасола таҳлилу арзёбии амиқи масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама, соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумлаи бахшҳои меҳварии Паёми Пешвои миллатро ташкил медиҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ дар иртибот ба ин масъала таъкид доштанд, ки “Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ сафарбар кардааст. Бо ин мақсад дар кишвар тамоми заминаҳои мусоид муҳайё гардида, стратегияву барномаҳои давлатӣ мавриди татбиқ қарор доранд. Дастгириҳои доимии давлат имкон доданд, ки имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то 70 дарсад зиёд гардида, 80 дарсади аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро фаро гирад".

Азбаски ин ҷо сухан дар бораи масъалаҳои рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ аз Паём то Паём меравад, пас мо татбиқи баъзе нуқтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври алоҳида таҳлилу арзёбӣ мекунем. Соли 2016 Президенти кишварамон зимни ироаи Паёми худ ҷиҳати таъмини рушди бахши хусусусиву соҳибкорӣ чунин масъалагузорӣ намуда буданд, аз ҷумла:

• Суръат бахшидани раванди саноатикунонии кишвар, рушди истеҳсолот ва содироти молу маҳсулот.

• Шурӯъ аз соли 2017 аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ то 50 дарсад озод намудани ҳамаи навъҳои автомашинаҳои наве, ки ба кишвар ворид карда мешаванд.

• Аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани истеҳсоли доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• Баробар кардани сатҳи андозбандӣ бо шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя. Ин амал метавонад сатҳи рақобатпазирии мамлакатро дар бобати ҷалби сармояи хориҷӣ ва бозорҳои молии ҷаҳонӣ баланд гардонад.

• Боз ҳам шаффофу сода ва кам кардани баргузории санҷишҳо ба субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ.

• Бо мақсади боз ҳам рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии туризми дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳидаи соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад.

Соли 2017 дар натиҷаи татбиқи мақсаду фазифаҳои гузошташуда ва идомаи ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, бахши иқтисодии кишвар, дар маҷмӯъ, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла:

• То 4 зина боло рафтани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи арзёбиҳои Бонки Ҷаҳонӣ доир ба пешбурди соҳибкорӣ.

• Баланд гардидани сатҳи ҳавасманди ба ташкил ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин замина то 12 ҳазор зиёд гардидани шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар муқоиса бо соли 2016.

• Ба андозаи 1 дарсад коҳиш додани меъёри пардохтҳои ҷории андоз аз фоида;

• Аз 500 ҳазор сомонӣ то 1 миллион сомонӣ зиёд намудани ҳадди ниҳоӣ барои гузариш ба низоми умумии андозбандӣ ва бақайдгирӣ ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда. (Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, 14.10.2017).

• Аз 6 то 6,6 дарсад зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ва савдои чакана.

• То 5,5 миллиар сомонӣ зиёд гардидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ.

• То 12% зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ.

• То 21,5% ё тақрибан 3240,2 миллион сомонӣ зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ. Ин нишондиҳанда аз гузариши кишвари мо аз мамлакати аграриву саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ дарак медиҳад.

• Аз 2,8 то 1,6 баробар зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли риштаи пахтагин, маҳсулоти қолин ва маҳсулоти он.

• Дар ҳаҷми 42 дарсад афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли матоъҳо.

• То 1,7 миллион тонна расонидани истеҳсоли ангишт.

• То 7,2 дарсад ё тақрибан 1,7 миллиард сомонӣ зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ.

• Ташкили 150 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 3 ҳазор ҷойи корӣ.

• То 35,4 дарсад афзоиш ёфтани ҳаҷми содироти молу маҳсулот.

• То 10 дарсад коҳиш ёфтани ҳаҷми воридоти молу маҳсулот;

• Таъсиси Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сарвари давлат ва Пешвои миллат зимни ироаи Паёми имсолаи худ таъкид доштанд, ки бо вуҷуди мушоҳида гаштани аломатҳои мусбат дар раванди ташкил ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ сатҳи рушди он ҳануз ҳам ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набуда, ҳолатҳои риоя нагардидани қонунгузорӣ аз ҷониби баъзе субъектҳои соҳибкорӣ ба назар расида, идомаи ислоҳотро дар ин масир талаб менамояд. Бинобар ин, дар назди масъулини соҳа ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ, бартараф намудани санҷишҳои беасосу тақрорӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои ҳалталаби соҳа мақсаду вазифаҳои нав гузошта шуд. Аз ҷумла:

• Зоҳир намудани таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба масъалаи фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар маҳалҳо.

• Фаъол гардонидани таҳлили хусусиятҳои хоси ҳар як минтақа, захираҳои табиӣ ва инсонӣ, иқлим ва шароити ҷойгиршавии онҳо, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ.

• Минбаъд фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар масъалаи ҷалби сармоя ба таври алоҳида бояд арзёбӣ шаванд.

• Андешидани тадбирҳои иловагӣ дар иртибот ба ҳалли масоили ҷойдоштаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, тақвият бахшидан ба фаъолияти минбаъдаи онҳо ва ташкили дигар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар қаламрави мамлакат.

• Таъсиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии ҳифзи тандурустии аҳолӣ. Таъсис додани сохторҳои зикршуда ба кам кардани такроршавии вазифаҳои ба ҳам монанд, ҳамоҳангсозии санҷишҳо, сарфаи маблағҳои буҷет ва кам гардидани монеаҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд.

• Эълон намуданди моратория ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии баъзе мақомоти дахлдори давлатӣ, дар давоми ду соли минбаъда.

• Бо мақсади таъмини рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, инчунин, ҷалби бештари сармоя ба ин соҳа ҳадди ақалли сармояи ойинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис, ки ҳоло 80 миллион сомониро ташкил медиҳад, 50 миллион сомонӣ муқаррар карда шавад.

• Аз 1 январи соли 2018 аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод воридоти ҳамаи хелҳои таҷҳизоти истеҳсоливу технологӣ ва қисмҳои такмилаи онҳо. (Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, 14.10.2017).

• Ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон ва ҳунармандон тавассути Муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• Бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи навъҳои андоз озод карда шавад.

• Аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат.

Хулоса, аз нукта ва суханҳои дар боло зикргардида метавон чунин хулоса намуд, ки ҳамасола бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар натиҷаи татбиқи босамарӣ вазифаҳои Паёми Пешвои миллат, яъне аз Паём то Паём ба дастовард ва марҳалаи нави рушд ворид мегардад. Мунтазам густариш пайдо карадани шарикии давлат бо бахши хусусӣ, бори севум ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардидани Тоҷикистон ва ба даст овардани 55,35 дарсади таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар соли 2017 баёнгари ин гуфтаҳост. (Ҳисоботи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017).

Аз ин бармеояд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчуни як ҳуҷҷати комил ва фарогири муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳибкорию сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ чун такондиҳандаи иқтисодӣ миллӣ ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани қайду вазифаҳои он нишондиҳандаҳои рушди ин бахши муҳими иқтисодиётро метавонад ба куллӣ дигар кунад.

Чун солҳои пештара имсол низ дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида муҳимтарини масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифта, барои рушди устувори ҳар як соҳа, аз ҷумла беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шудаанд.

Ҳаллу фасли масъалаву вазифаҳои гузошташуда ва амалисозии силсила дастуру супоришҳои қатъии Роҳбари давлат марбут ба соҳаи мазкур имкон медиҳанд, ки на танҳо фазои соҳибкорию сармоягузорӣ боз ҳам беҳтару хубтар гардад, балки истифодаи дуруст ва самараноки захираҳои истеҳсолӣ, рақобатпазирӣ, коркарди ниҳоии маҳсулот, таъсиси садҳо корхонаву муассиса, ҳазорон ҷойҳои нави кории устувор, ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қувваи қобили меҳнат, махсусан ҷавонон ва ба ин васила таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум таъмин гардад.

Одинаев А.И.,

муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ

ва инкишофи бахши хусусии МТС назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон