Асосӣ: Сиёсати дохилӣ ИСТИФОДАИ ИМКОНИЯТҲОИ «НЕРУИ НАРМ» ДАР ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз688
mod_vvisit_counterДирӯз1560
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4607
mod_vvisit_counterДар ин моҳ21197
mod_vvisit_counterҲамагӣ1348068
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Октябри
19
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ИСТИФОДАИ ИМКОНИЯТҲОИ «НЕРУИ НАРМ» ДАР ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

27.09.2017

Дар «Соли ҷавонон» баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ду паҳлӯи мусбат дорад: якум, барои шинохти зарфиятҳои муосир, ки дар татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат мекунад ва дуюм, барои муайян намудан ва таҳияи роҳҳалҳои мушкилоти муосири ҷавонон шароит ба вуҷуд меорад, ки дар умум барои суботу амнияти давлат ва рушди устувори ҷомеа бисёр муҳим аст.

Дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ воситаҳои таъсир ё самт додани афкори ҷамъиятӣ хусусияти комилан дигарро касб намудааст. Таҳлили шароити кунунӣ дар асоси мавҷудияти абзор ва имкониятҳои имрӯзаи иттилоотию технологӣ бинобар сабаби фаъол гардидани ҷомеа мушкилоти муайянро ба вуҷуд меорад. Бинобар ин, аз масъалаҳои усулии давлатдорӣ дар шароити имрӯза мудирият ва шакл додани авлавиятҳои шаҳрвандон, хусусан ҷавонон аст.

Дар даҳаи охири асри ХХ аз ҷониби сиёсатшиносони варзидаи дунё дисскурсҳои нав барои ҷаҳони оянда офарида шуданд ва яке аз онҳо консепти «неруи нарм» мебошад, ки барои пиёда намудани манфиатҳои миллии давлатҳои алоҳида дар саросари дунё васеъ истифода мешавад. Зарфияти абзори мазкур хусусияти дурнамоиро дошта, бинобар сабаби дар оромӣ ва бидуни маҷбурӣ «ворид» ё «татбиқ» шуданаш дар натиҷа, ҳамчун маҳсули табиии ҷамъият падидор мегардад ва дар дурнамои миёнмуҳлат ба арзиши иҷтимоии миллат табдил меёбад.

Муаллифи консепсияи «неруи нарм» Ҷозеф Най дар асари худ «Ояндаи қудрат» онро чунин тафсир намудааст: «Неруи нарми давлат аз се манбаи асосӣ сарчашма мегирад: Якум, фарҳанг (дар ҷойе, ки барои дигарон қобили қабул аст); Дуюм, арзишҳои сиёсӣ (вақте ки худи давлат дар асоси ин арзишҳо рушд мекунад ва дар муносибат ба кишварҳои дигар аз рӯи онҳо кор мегирад); ва Сеюм, сиёсати хориҷӣ (вақте ки дигар кишварҳо чунин сиёсатромашрӯъ ва дорандаи ҳуқуқи маънавӣ мешуморанд)».

Дар баррасии масъалаи истифодаи имкониятҳои неруи нарм дар пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон махсусан муҳим аст, ки ду унсури асосӣ – яъне омили фарҳанг ва арзишҳои сиёсӣ бознигарӣ ва бо назардошти таҳдиду хатарҳои муосир дар амал татбиқ карда шавад. Зеро худи ифротгароӣ ва равияҳои ғайрианъанавӣ то андозае ба ҳайси неруи нарми давлатҳо ва қудратҳои манфиатдор баромад намуда, дар дарозмуддат барои тағйири унсурҳои ҳувиятӣ ва арзишии ҷомеа нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, баррасии ифротгароӣ ва равияҳои ғайрианъанавии динӣ ҳамчун неруи нарм имкони бознигарӣ ва такмили сиёсати давлатиро дар самти пешгирии бегонапарастӣ ва дигар падидаҳои номатлуб ба вуҷуд меорад.

Таҳлили сатҳии равандҳои сиёсӣ дар ҷомеа ва фазои шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба объекти таъсири неруи нарми кишварҳои гуногун мубаддал гаридааст ва зиёда аз 10 навъи он ба назар мерасад. ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ, унсурҳои вобаста ба фарҳангу маориф ва ғайра дар самт додани афкори ҷамъиятии шаҳрвандон аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ васеъ истифода мешавад, ки ҳамаи онҳо дар дарозмуддат барои шакл додани қишри «ҷонибдорон» ва «ҳаводорон»-и ин давлатҳо нигаронида шудаанд.

Истифодаи омили фарҳанг ва маориф дар сиёсати усулии қудратҳои ҷаҳонӣ таҷрибаи тӯлонӣ дорад. Дар ин бора аз «Пешниҳод оид ба маориф»-и Томас Бэбингтон Маколей, роҳбари Комиссияи маорифи ҷамъиятӣ дар Банғола метавонёдоварӣ кард, ки дар он сухан бобати васеъ ҷорӣ намудани маорифи инглисӣ мерафт ва барои ташаккули «гурӯҳи махсуси одамон, ки аз рӯи хуну ранги пуст ҳинду ва аз рӯи завқ, афкор, маънавиёт ва зеҳн – инглис» мешуданд.Соли 1836 Маколей навишта буд, ки: «Ягоне аз ҳиндуҳо баъд аз баҳраманд шудан аз маорифи инглисӣ ба таври пурра пойбанди дини худ намемонад. Ба ақидаи ман агар маорифи инглисиро мутобиқи нақша ҷорӣ намоем, пас аз 30 сол дар байни доираҳои бонуфузи Банғола будпарастҳо боқӣ намемонанд».

Бинобар ин, дар шароити муосир истифодаи абзорҳои «неруи нарм» метавонад натиҷаи дилхоҳро дар муддати кам ба вуҷуд орад.

Босуръат идома ёфтани раванди ҷаҳонишавӣ дар дунё дар се даҳсолаи охир ба таври ҷиддӣ ба назар мерасад. Раванди мазкур боис гардид, ки якқатор унсурҳои нави иҷтимоӣ ва иртиботӣ падидор гарданд ва имрӯз бидуни онҳо тасаввур намудани зиндагии як шахси муосир ғайриимкон аст. Чунин шароит боис шуд, ки арзишҳои истеъмолии иҷтимоӣ низ таҳаввул ёбанд ва ҳатто гуфтугузори оддии ҷамъиятӣ низ тағйир ёфт. Ба фарқ аз се даҳсолаи пеш, имрӯзҳо истилоҳҳои комилан дигар рӯи кор омаданд, ки барои насли пешин бегона аст. Ҳамчунин истилоҳҳое, ки вазъи иҷтимоии онвақтаро инъикос менамуданд, барои насли имрӯза бегона аст. Яъне, якнавъ тағйир ёфтани ҳолати иҷтимоӣ ба амал омад, ки ҷомеаро аз як маҷмӯи фаҳмишҳои иҷтимоӣ ба дигарфаҳмишҳотаҳаввул дод. Чунин шароит бинобар сабаби осебпазир гардидани захираҳои маънавию анъанавии ҷомеа ва арзишҳои зиндаву тахайюлии ба ҳувият рабтдошта, вазъи тағйирпазирӣ ва таҳаввулёбиро худ аз худ ба вуҷуд овард. Дар натиҷа дискурсҳои нави иҷтимоӣ дар Тоҷикистон бо назардошти имкониятҳои муосир ба вуҷуд омаданд. Насли имрӯзаи ҷавонону наврасон бештар ба иттилоъ ва иртиботот майли зиёд доранд. Аз ин рӯ, ба назар гирифтани нуктаи мазкур барои такмил ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон мусоидат менамояд ва абзорҳои муосирро барои тарбияи солими ҷавонону наврасон пешниҳод мекунад.

Дар чунин шароит масъалаи таъсири «неруи нарм» ба муҳити ҷавонон дар Тоҷикистон аҳамияти баланди амалиро касб мекунад. Зеро он пеш аз ҳама ба тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва самтгирии минбаъдаи ҷавонон таъсир дорад. Хусусияти аслии неруи нарм аз он иборат аст, ки он аз ҷониби давлатҳои манфиатдор барои ташаккул додани ҷонибдорони сиёсат, фарҳанг ва дар маҷмӯъ тамаддуни онҳо пиёда шуда, дар аввал ҳамчун ҳамкорӣ дар самти маориф, фарҳанг ва дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ падидор мешавад. Баъди гузаштани чанд насли антропологӣ ва қавӣ шудани тафаккури беруна дар ҷомеа он ба вобастагии амиқ дучор шуда, риштаи идора ба берун интиқол меёбад. Мутаассифона, боздоштан ё аз байн бурдани ин раванд ғайриимкон аст, зеро тақвияти ҷомеаи иттилоотӣ ва ба таври густурда татбиқ шудани он дар давоми асри ХХ то ҷое нуктаи мазкурро ба фаҳмиши «худӣ» ё «аслӣ» ё «анъанавӣ» мубаддал намудааст. Роҳи беҳтарин дар чунин раванд, дарки дуруст ва истифодаи ҳадафмандонаи имкониятҳои «неруи нарм» дар доираи манфиатҳои миллӣ мебошад, ки заминаи ҷиддиро барои корҳои маърифатию тарбиявӣ муҳайё месозад.

Тавре аз пажӯҳишҳои анҷомшуда маълум аст, неруи нарм асосан тариқи фарҳанг, маориф, созмонҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва имкониятҳои интернет (хусусан сомонаҳои иттилоотӣ, тафреҳӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра) дар амал татбиқ карда мешавад ва барои ташаккул додани самтгириҳову афзалиятҳо нигаронида мешавад.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон теъдоди қобили мулоҳизаи абзорҳои неруи нарм ба назар расида, хусусияти хоси он дар он зоҳир мегардад, ки бо назардошти шароити фикрӣ ва анъанавии мо, тавре дар боло ишора кардем –мазҳабниз васеъ истифода мешавад. Дарки дуруст ва таҳлили амиқи неруи нарм дар Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, ки якқатор масъалаҳои калони идеологӣ ҳалли худро ёбанд ва ё танзиму самтгирии онҳо аз ҷониби сохторҳои ваколатдори давлатӣ ба роҳ монда шавад.

Таъсири неруи нарм ба ҷавононро дар Тоҷикистон метавон чунин дастабандӣ намуд:

Якум, самти фарҳанг:

- кинофилмҳо ва сериалҳои гуногуни истеҳсоли давлатҳои хориҷӣ (паёми аслии филм метавонад ба ҷаҳонбинии бинанда таъсири ҷиддӣ расонад);

- субфарҳангҳои гуногуни ҷавонон (масъалаи мазкур дар нимаи дуюми асри ХХ ба таври густурда дар тамоми қаламрави ҷаҳон паҳн мешуд. Бархе аз онҳо имрӯз аз фарҳанги эътирозӣ ба фарҳанги оммавии ҷавонон мубаддал шудаанд: поп, рок (намудҳои гуногун), брейк-данс, джаз ва ғайраҳо);

- баъзе падидаҳои имрӯзаи постмадернизм, (яъне инкори ҳақиқат ва мавҷуд набудани ҳақиқати мутлақ оид ба ин ё он масъалаи иҷтимою сиёсӣ. Чунин раванд боис гардид, ки дар илми муосири гуманитарӣ комилан назария ва мактабҳои ҷадид ташаккул ёбад);

- марказҳои гуногуни фарҳангӣ (чунин марказҳо барои муаррифии фарҳанги як давлат дар давлати дигар фаъолият менамояд ва имконоти омӯзиши илму малакаҳои муосирро ба ҷавонон пешниҳод мекунанд;

- равия ва сектаҳои гуногуни динию мазҳабӣ (барои зиёд намудани ҷонибдорони худ миссионерҳо фаъолияти худро дар байни афроди оддӣ ва таҳсилдида ба роҳ монда, аз гардиши васеъи иҷтимоӣ, баъзе аз нафаронро мебароранд, ки дар натиҷа маргинализм ё ба партови иҷтимоӣ (аз назари аксарият) мубаддал шудани инсонҳо зиёд мешавад).

Дуюм, самти маориф ва таҳсилот:

- бурсҳои гуногун таҳсилоти олии касбӣ;

- бурсҳои гуногун барои такмили ихтисос;

- маркази омӯзиши забон, кибо чорабиниҳои худ фарҳанги давлати баромадро муаррифӣ мекунад.

Сеюм, фаъолияти баъзе аз созмонҳои ҷамъиятӣ, ки барои актуалӣ намудани консептҳои бегона фаъолияти густурда доранд.

Чорум, ҷиддитарин ва муваффақтарин унсури татбиқи неруи нарм, ки тамоми намуди ВАО (эленктронӣ ва чопӣ) ва воситаи интернет (сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ)ба он ворид мешавад.

Неруи нарм ва пешгирии ифротгароӣ. Дар самти пешгирии ифротгароӣ дар Тоҷикистон абзорҳои «неруи нарм» дар баробари неруи дурушт истифода мешавад. Тадқиқоту мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи фаъолияти мақомоти давлатӣ, хусусан ба таври густурда ба роҳ мондани корҳои маърифатӣ – сокинон аз оқибатҳои манфии гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пурра хабардор шуданд; мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муборизаро ҷиддӣ ба роҳ монданд; дар ВАО маводҳои зиёд нашру пахш карда шуд. Аз ин рӯ, дар соли 2016 сатҳи гароиш рӯ ба коҳиш овард, ки ин аллакай натиҷаи мусбат мебошад.

Дар умум, силсилаи чорабиниҳои маърифатӣ, корҳои таблиғотӣ, нашри буклет ва варақаҳо, нашри мақолаҳо ва таҳияи барномаҳо дар ВАО (газета, радио ва телевизион)-ро метавон ҳамчун абзори «неруи нарм» баррасӣ намуд. Вале нуктаи асосӣ дар он аст, ки то кадом андоза ин иқдомҳо муваффақ ҳастанд ва дар дарозмуддат барои пешгирии ин падидаи номатлуб ва умуман барои шакл додани афкори солим миёни наврасону ҷавонон таъсир расонида метавонанд? Бинобар ин, фурсати коҳиши гароиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро истифода кард, бояд дастаи иқдомҳои нави пешгирикунанда ва такмили абзорҳои мавҷуда рӯи даст гирифта шавад. Дар ин бора, баъзе мулоҳизаҳо пешниҳод мешавад:

Якум, истифодаи васеи ВАО, хусусан имконоти мултимедиа дар пешгирии ифротгароӣ муҳим мебошад. Дар ин ҷода, вобаста ба имконоти ВАО-и марказӣ ва маҳаллӣ онро метавон дар мисоли ҳар шаҳру ноҳия дар алоҳидагӣ дар амал татбиқ намуд. Ҳамзамон истифодаи васеи маводҳои аудиовизуалӣ низ аз аҳамият холӣ нест. Бинобар ин, такмили ихтисоси журналистони ватанӣ ва омӯзиши нозукиҳои истифодаи ин абзортариқи семинару тренингҳо ба мақсад мувофиқ мебошад. Нуктаи муҳим дар ин самт он аст, ки маводҳои иттилоотӣ кӯтоҳ, фаҳмо ва нишонрас бошад.

Омили муҳими дигар дар пешгирии падидаҳои номатлуб ин муаррифии дурусту касбии дастовардҳои замони истиқлолият аз тарафи ВАО (хусусан ТВ) мебошад, ки шахсиятҳои лоиқ барои офаридани стандартҳои созанда барои ҷавононро пайдо намуда, дар бораи онҳо маводҳои аудиовизуалӣ таҳия намоянд. Ин иқдом дар дарозмуддат барои қавӣ гардидани эҳсоси ифтихор аз Ватан ва ватанпарастӣ мусоидат карда, шахсиятҳои созанда ва чеҳараҳои маъруфи миллатро муаррифӣ карда, масунияти табииро нисбат ба бегонапарастӣ ба вуҷуд меорад.

Дуюм, инфрасохтори зарурии шаклдиҳандаи афкори солим асосан дар шаҳрҳо мавҷуд аст ва зарурияти бунёди чунин иншоот ё ба талаботи замонавии муосир ҷавобгӯ намудани он дар деҳот низ вуҷуд дорад. Ба ин нигоҳ накарда, сатҳи ифротгароӣ дар муҳити шаҳрҳо (ҳамчунин минтақаҳои наздики он) зиёд ба назар мерасад. Имрӯз вазъи китобхонаҳо, клубҳо, қасри фарҳанг ва дигар иншоотҳои муҳими афкорсози ҷавонон дар минтақаҳо шароити хуб надоранд. Муассисаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо асбобҳои муосир нархи нисбатан гарон дошта, барои ҳамаи ҷавонон дастрас нестанд. Бинобар ин, ҳалли ин масъала ва дастрас намудани ин зерсохторҳо ба қишри васеи ҷавонону наврасон дар дарозмуддат барои паст шудани сатҳи ифротгароӣ ва ташаккули афкори солими ҷавонон мусоидат мекунад.

Сеюм, идома додани иқдомҳо дар самти рушди ҳунарҳои миллӣ ва умуман ҳунармандӣ низ аз аҳамият холӣ нест, зеро ҷавононро бо шуғл таъмин намуда, муттамарказии зеҳниро ба вуҷуд меорад ва бештар амалгаро мекунад. //Зарбулмасали мардумӣ: «Ҳунарманд нони худро меёбад»//. Маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ба ҳайси «неруи нарм»-и ватанӣ дар дарозмуддат метавонад баромад кунад. Дар ин самт рушди варзиши «Шоҳмот» низ муҳим буда, зеҳнияти ҷавонону наврасонро қавӣ карда, барои ташаккули қишри зиёии техникӣ низ мусоидат мекунад ва аз ҳама муҳим барои ташаккули имиҷи мусбати Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон таъсири нек мерасонад.

Чорум,барои густурда намудани таъсири ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти паст намудани падидаҳои номатлуб, ҷудо намудани грантҳои махсуси давлатӣ барои пешгирии ифротгароӣ ниҳоят муҳим аст (ҳам истифодаи имкониятҳои созмонҳои байналмилалӣ бо иштироки мақомоти давлатӣ низ аз аҳамият холӣ нест).ВАО-и маҳаллӣ метавонанд тариқи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ фармоишҳои иҷтимоӣ гиранд ва бо усулу равиши муосир корҳои маърифатиро ба роҳ монанд. Махсусан муҳим аст, ки равиши муосири таҳияи маводҳои иттилоотӣ аз ҷониби ҳамаи ВАО дар пешгирии ифротгароӣ ва аз байн бурдани заминаҳои пайдоиш ва натиҷаҳои манфии он таҳия ва дар амал татбиқ шавад.

Панҷум, ин такмили корҳои маърифатӣ мебошад. Махсусан муҳим аст, ки таваҷҷуҳи хосса ба худи аудитория равона карда шавад, то дар он шахсони «осебпазир» низ ҳузур дошта бошанд. Аксар ҳолат фаъолон ҷамъ мешаванд, ки барои онҳо ин масъала актуалӣ нест. Пайваста «нав» кардани аудитория низ аз аҳамият холӣ нест, то қишри васеи шаҳрвандонро дарбар гирад. Агар хусусияти хоси аудитория ба назар гирифта нашавад, пас он метавонад барои муаррифии ғояҳои гурӯҳҳои ифротӣ низ мусоидат кунад.

Нуктаи дигари муҳим ин омода намудани тарғибгарон аст ва сатҳу сифати дониши онҳо перомуни пешгирии ифротгароӣ бояд беҳтар карда шавад. Аз ин рӯ, зарурат ба пеш омадааст, ки як бунгоҳи иттилоотии қавӣ оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб таъсис дода шуда, маводҳои ҷиддии касбӣ барои таблиғгарон таҳия намояд. Ҳамзамон тезтар амалӣ намудани Маркази омӯзиши ифротгароӣ мувофиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020»аз аҳамият холӣ нест. Гузаронидани курсҳои махсуси такмили ихтисос барои воизон аз афзалиятҳои имрӯзаи сиёсати давлатӣ (1), санъати суханварӣ (2), таҳдиду хатарҳои муосир (3), пешгирии падидаҳои номатлуб (4), илми равоншиносии муосир (5), таҳкими ваҳдати миллӣ (6) ва ғайра ҳам дар маҳал ва ҳам дар пойтахт муҳим мебошад.

Бояд гуфт, ки арзёбии истифодаи имкониятҳои «неруи нарм» барои пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон бинобар сабаби мавҷудияти абзорҳои тоҷикии он метавонад боз ҳам нишонрас шавад. Зеро фарҳанг ва тамаддуни гузашта, ашъори шоирон ва рисолаҳои мутафаккирони мо низ бояд дуруст муаррифӣ шавад. Ҷойгиру таблиғи онҳо дар шабакаи интернет барои дастрас гардидан ба қишри васеи шаҳрвандон мусоидат карда, дар дарозмуддат барои қавӣ гардидани масунияти табиӣ нисбат ба унсурҳои бегона шароити мусоид фароҳам меорад. Дар умум, абзорҳои «неруи нарм» имкон медиҳад, ки бо истифода аз онҳо сармояи дунявӣ дар ҷомеа ба таври систематикӣ зиёду қавӣ карда шуда, заминаҳои таъсири афкори бегонаро ба муҳити фикрии шаҳрвандон паст намояд.

Шералӣи РИЗОЁН, Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии

сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.