Санаи 2 майи соли 2024 мулоқоти сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф Абдуҷабборов бо ҳайати Пажӯҳишгоҳи недерландии «Клингендаел» таҳти роҳбарии Нилс Дрост, ходими илмии Маркази тадқиқоти Русия ва Аврупои Шарқии ин пажӯҳишгоҳ баргузор гардид.

Дар мулоқот инчунин Ҷулия Кретти, ходими илмии Шӯъбаи омӯзиши ИА ва муносибатҳои глобалӣ ҳузур дошт.

Дар ин дидор мизони ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳолланд ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо ва имкони тавсеаи он баррасӣ шуд.

Дар оғоз сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Маъруф Абдуҷабборов меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба равобити дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Недерландия баҳои мусбат дода, таъкид намуд, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои ҳар ду кишвар мебошанд.

Таъкид гардид, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд – Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири рафти татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки аз 22 то 24 март дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор гардид, аз сатҳи баланди ҳамкориҳои таарфайн ва дастгирии мутақобилаи ташаббусҳои муштараки байналилалӣ шаҳодат медиҳад.

Дар навбати худ Нилс Дрост барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, дар бораи фаъолияти Пажӯҳишгоҳи «Клингендаел» маълумоти мухтасар дод. Таъкид шуд, ки ин нахустин сафари ӯ ба Тоҷикистон буда, ҳадафи сафар табодули афкор ҷиҳати муайян кардани самтҳои калидие мебошад, ки дар оянда Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Нидерландия метавонад бо  Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро тавсеа бахшад. Тавре зикр гардид, чунин мулоқот бо  вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ доир хоҳад шуд.

Дар робита ба масъалаи мавриди  таваҷҷуҳи ҳайати недерландӣ Маъруф Абдуҷабборов қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ҳадафи стратегии рушди кишварро эълон намудааст, ки доир ба ин чор самт хостори равобити ҳамкориҳои муштарак бо тамоми кишварҳо, аз ҷумла бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо мебошад. Хусусан, кишвари мо доир ба татбиқи самти чоруми стратегии рушди кишгвар, ки саноатикунонии босуръат мебошад, ҳавасманди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Иттиҳоди Аврупо ва Шоҳигарии Недераланд аст.  Инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва рушди энержии «сабз», коркарди захираҳои табиӣ, ташкили хатсайрҳои мустақим, аз ҷумлаи самтҳои ояндадор ва афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои амният дар Осиёи Марказӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ суҳбати судманд анҷом доданд.

Мулоқот дар руҳияи самимӣ, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гашт.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед