“Фарзанд, шавҳар, бародар ва дӯсти худро ба фронт фиристода, мо ба онҳо супориш додем ва бовар кунонидем: «Ба душмани манфур зарбаи сахт занед, мо бошем дар ин ҷо, дар ақибгоҳ, ба ҷойи шумо кор мекунем. Мо акнун аз уҳдаи иҷрои ҳар як касбу ҳунар баромада метавонем! Ва мо ба қавли худ вафо мекунем.”

(Муроҷиатномаи вакилони Анҷумани чаҳоруми ҷавонзанони Тоҷикистон)

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз такягоҳҳои муҳимтарини ақибгоҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт, ҷоннисориҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар корномаи таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун роҳнамои ибратомӯзи насли оянда боқӣ хоҳад монд. Дар байни онҳо ҷасорату шуҷоати бемисли Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ: Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Ҳайдар Қосимов, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов, Раҳимбой Раҳматов, Ӯрунбек Ёқубов, Боқир Давлатов, Саидқул Турдиев, Қудрат Қаюмов ва чандин ҷанговарони далери тоҷик лавҳаи таърихро ҷило медиҳанд ва хотираи неки онҳо ҷовидона “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” вирди забонҳо гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар қатори қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ занҳои тоҷик низ мақоми хосса доштанд. Бо фармонҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистони шуравӣ ба дӯши занон вазифаи пурмасъули сангин, ташкили ақибгоҳи боэътимод ва таъмини қӯшунҳои шӯравӣ бо маводи хӯрокаю либосворӣ вогузор карда шуда буд. Дар ҳолатҳои тезутунд гардидани вазъият дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ супориш дода мешуд, ки аз ҳисоби бонувони тоҷикистонӣ дружинаҳои санитарӣ ташкил карда шавад. Тибқи ин супориш ба фронт теъдоди зиёди ҳамшираҳои шафқат сафарбар карда шуданд.

Вақте, ки Олмони фашистӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ аҳдшиканона ҳуҷум кард, занони тоҷик якҷоя бо тамоми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар як саф истода, ҳам дар фронт ва ҳам дар ақибгоҳ ҷиҳати торумор намудани душман қаҳрамониҳо нишон доданд.

Тавре, Роҳат Набиева таърихшинос ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, менависад: “Моҳҳои аввали ҷанг аз тамоми кунҷу канори Тоҷикистон аз номи занон беш аз 10 ҳазор ариза омада буд. Ҳамагӣ хоҳиши ба фронт рафтан ва бар зиддӣ фашистон ҷангиданро мекарданд”. Ба навиштаи Роҳат Набиева, 32 ҳазор зану духтари тоҷикистонӣ дар мубориза бо неруҳои Олмони фашистӣ ширкат кардаанд.

Дар он замон 350 нафари онҳо снайперчӣ, 1420 нафарашон автоматчӣ, 435 нафар телеграфист, 3750 нафар алоқачӣ ва 4195 нафари онҳо тирандоз будаанд. Нина Любовская аз Тоҷикистон, яке аз снайперҳои моҳир дар воҳиди низомиаш буд ва дар ҷангҳои назди Маскав 89 сарбози Олмони фашистиро нобуд кардааст. Бонуи дигари тоҷик София Ниёзова, муддати панҷ соли ҷанг дар Украина ҷони ҳазорон маҷруҳро аз қабзаи марг наҷот додааст ва ба навиштаи Роҳат Набиева, дар сурати зарурат, силоҳ ба даст мегирифт ва ба зидди сарбозони Олмони фашистӣ меҷангид.

Дар тули таърих занон ҳеҷ гоҳ чунин фидокорона ба муҳофизати Ватани худ барнахеста буданд, чуноне ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корномаи беназир нишон доданд. Зимни ҳамоиши дар боғи маданияту истироҳатии шаҳри Душанбе доиршудаи ҷумҳурӣ коргарзанон, колхозчизанон, хизматчиён ва соҳибхоназанон уҳдадор шуданд, ки ба ҷойи шавҳарон, падарон ва бародарони ба фронт рафтаашон кор карда, дар дифои мамлакат фаъолона иштирок мекунанд. Аз рӯзҳои аввали ҷанг ҳазорҳо духтарони содиқи Тоҷикистон бо қатъият талаб мекарданд, то ки онҳоро ба фронт фиристонанд. Танҳо дар як шабонарӯз ба комиссариати низомии шаҳри Душанбе қариб 700 ариза омада, хоҳиш карда мешуд, ки онҳоро ба сафи ихтиёриёни Аскарони Сурх ҳамроҳ намоянд. Аз ин шумора қариб 200 аризаро занон навишта буданд. 19 нафар комсомолҳои Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи комиссариати низомӣ бо чунин мазмун аризаи коллективона навиштанд: “Душманони тамоми инсонияти меҳнаткаш, фашистони Олмон ба хоки Ватани мо ҳуҷум карда даромаданд. Мо, донишҷӯёни донишкадаи омӯзгорӣ хоҳиш мекунем, ки аз ҷумлаи мо дастаи низомии санитарӣ ташкил намоед. Ваъда медиҳем, ки дар муҳорибаҳо баробари мардон ба муқобили душман меҷангем».

Чунин аризаҳо хеле зиёд буданд. Яке аз онҳо Одина Ҳакимоваи ҳабдаҳсола буд, ки чунин навишта буд: «Хоҳиш мекунам маро ба сафи Аскарони Сурх қабул намуда, ба фронт, он ҷое ки аллакай бародари ман аст, фиристонед». Дар вилояти Ғарм (Рашт) аз таърихи 22 то 30 июн ба комиссариати низомии ноҳия аз номи меҳнаткашон 205 ариза омада буд ва дар аризаҳояшон хоҳиш мекарданд, ки онҳоро ба фронт фиристонанд. Дар байни онҳо 30 нафар занон буданд. Охири моҳи июл чунин аризаҳо дар вилоят ба 725 адад расида, аз ҷумла, 57 нафари онро занон ташкил медоданд. 1 августи соли 1941 шумораи ихтиёриён дар вилояти Ленинобод ба 1400 нафар расида, 965 нафарашон мардон ва 435 нафарашон занон буданд.

Номи хатмкунандаи Донишкадаи кишоварзии ҷумҳурӣ Ойгул Муҳаммадҷонова дар саҳифаҳои таърих абадӣ сабт гардидааст. Ойгул духтараке ҷингиламӯю сабзина буда, қаду қомати баланде дошт. Дар муҳорибаи аввалини мустақилона Ойгул Муҳаммадҷонова ҳавопаймои “Миссершмидт”-и фашистонро зада меафтонад. Тирандози экипажи Ойгул дар он ҷанги нобаробар ҳалок гардид ва Ойгул аз кифташ тир хӯрд. Ба шиддати дарду рехтани хун нигоҳ накарда, ин қаҳрамондухтари тоҷик ҳавопайморо ба замин фуруд овард. Шурои низомии Ҷабҳаи Ғарбӣ барои ин корномаҳо Ойгулро ба дарёфти ордени “Ленин” пешбарӣ намуд. Пас аз ин Ойгул парвозҳои зиёди ҷангӣ карда, ҳавопаймоҳои фашистонро нобуд сохтааст. Дар яке аз ҷангҳои шабона экипажи Ойгул бе ному нишон ғайб зад ва дар куҷо сукут кардани ҳавопаймои ӯ то ҳол маълум нест.

Ин мисол бори дигар далели он аст, ки занони тоҷик бо корнамоиҳои худ дар лаҳзаҳои душвор бо мардон паҳлу ба паҳлу истода ватанро ҳимоя намудаанд. Аз ҷумла тоҷикдухтари дигар А. Исоева низ дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳо нишон дода, аз ҳамшираи оддӣ то рутбаҳои баланди ҳарбӣ расидааст. Фиристодагони занҳои дигари тоҷикистонӣ ба фронт лейтенанти хизмати тиббӣ Ш. Ҳайдарова, лейтенанти хурд Ҷ. Раҳимова, радиотехник С. Алибоева, ҳамшираҳои шафқат Е. Локшина, Н. Умарова, Р. Ёқубова, Р. Фозилова, Ф. Колесникова, И. Қурбонова, ҷанговарон Татяна Каратигина, Саида Сафарова, Аслия Маҳмудова, Ҳоҷал Юсуфҷонова, Маҳбуба Турсунова ва бисёр дигарон низ корнамоиҳои ҷангӣ нишон додаанд.

Хулоса, занону бонувони тоҷик дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ новобаста ба ҳама мушкилотҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҷасорату матонат, меҳнатдӯстию ватанпарастии худро нишон дода, зиёда аз 20 ҳазори онҳо бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)» сарфароз гардонда шуданд. Ақибгоҳи шуравӣ, ки қувваи асосии онро занон ташкил медоданд дар озмоиши сахти ҷанг устуворона рисолати худро анҷом дод. Халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ ҷонфидоии ин наслро фаромӯш нахоҳад кард ва ҳамеша бо онҳо ифтихор менамояд. Бигзор сулҳ дар тамоми ҷаҳон пойдор ва руҳи шаҳидони Ватан, фидоиёни роҳи озодиву сулҳ шод бошад.

 

Нусратова Шаҳноза Манучеҳровна,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Чоп кунед