Асосӣ: Навигариҳо 19.09.2017 КОРБУРДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
+++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз445
mod_vvisit_counterДирӯз1510
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1955
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26711
mod_vvisit_counterҲамагӣ1015293
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Январи
23
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

19.09.2017 КОРБУРДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ибтидо ва интиҳои ҳама гуна тамаддун ва фарҳанги миллӣ забон аст, забони модарии халқест, ки эҷодкори фарҳанги худ аст. Таърихи инсоният бисёр халқу миллатҳоеро медонад, ки бо гузашти вақт забони модарии худро гум карда, ва ё таркиби луғавӣ ва сохти сарфу наҳвии онро ба ҳадди шинохтанашаванда тағйир дода, дар натиҷа аз мероси таърихию фарҳангии хеш маҳрум шудаанд. Забон тарзи тафаккур ва сохтори олами эҳсосоти мардумро мукаммалтар аз ҳама падид меорад ва шинохти ҳар халқе ба василаи забонаш амиқтар муяссар хоҳад шуд. Халқеро шинохтан хоҳем, ба забони вай бояд рӯ оварем.

Забони муосири тоҷикӣ забони зиндаи халқест, ки бо вуҷуди парокандагиҳои таърихӣ аз охири қарни нуҳу даҳи милодӣ то ба ҳол мавҷудияташро гум накардааст. Ин забон на фақат бо номи форсӣ, форсии дарӣ ё забони дарӣ на танҳо дар қаламрави имрӯзаи Эрону Осиёи Марказӣ, балки дар сарзаминҳои Афғонистон, Хиндустону Покистон, ноҳияҳои ҳаммарзи Қафқоз, Осиёи Сағир ва Туркистони Чин густариш ёфта буд. Аз охири қарни нуҳ то ибтидои асри шонздаҳ аз рӯйи сарфу наҳв ва таркиби луғавӣ

ягон тафовути ба назар намоёни маҳаллӣ зоҳир накарда, сар то сари як хиттаи бузург дар тӯли бештар аз ҳафт садсола ба ҳайси забони адабии расмӣ истеъмол мешуд.

Барои мо ворисони Абӯалии Синою Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандию Абдулқодири Бедил мояи ифтихор аст, ки бузургони миллати мо дар ҷойҳои бегона ҳам ягонагии забону фарҳанги халқии худро ҳифз намуда, нагузоштаанд, ки пайванди таърихию фарҳангияшон аз Ватан канда шавад.

Мутаассифона, мустамликадорон, пеш аз ҳама, англисҳои истеъморгар амали ноҷавонмардонаеро дар ҳаққи забони форсӣ дар оғози қарни нуздаҳуми милодӣ пиёда карданд. Вақте онҳо қадами наҳси худро ба сарзамини Ҳинд гузоштанд, аввалин кореро анҷом доданд, барандохтани форсӣ аз маснади забони давлатӣ буд. Соли 1836 милодӣ ширкати англисии мустамликадори «Ост-Индия» қарор қабул кард, ки забони расмии давлати Ҳиндустон забонҳои англисӣ ва ҳиндӣ мебошад. Англисҳо бо ин амали муғризонаи худ теша ба решаи забони форсӣ заданд ва оқибат забоне, ки тайи қарнҳои зиёд забони давлатӣ ва тамаддуни бузурги форсии исломӣ ба шумор мерафт, аз ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва маънавии мардуми ин сарзамини бостонӣ барканор намуданд.

Дар Осиёи Марказӣ ин корро дар ҳаққи забони форсии тоҷикӣ мустамликадорони Русияи подшоҳӣ карданд. Сиёсатмадорони рус баъди ба даст овардани қисми зиёди сарзамини Осиёи Марказӣ хонигарии Хӯқандро аз байн бурда, бо ғасб намудани шаҳри Дизак (Ҷиззах), Самарқанд ва саргаҳи Зарафшони Суғд генерал-губернатории Туркистонро соли 1870 милодӣ таъсис доданд. Ба мақсади сусту заиф кардани тамаддуни бо истилоҳи шарқшиносони тоинқилобии рус «форсӣ-арабӣ-мусалмонӣ» нахустин зарбаро ба пайкари забони форсии тоҷикӣ заданд ва ин забонро аз умури давлатдорӣ берун карданд ва ба ҷойи он забонҳои русӣ ва туркии чағатоӣ, яъне забони ӯзбекиро забони давлатию расмии минтақаи таҳти тасарруфашон қарор доданд. Ба ин кор маъмурони русро олимони шарқшиноси яҳудитабор таҳрик медоданд. Пантуркизм дар Осиёи Миёна аз ҳамин давра бо дастгирӣ ва пуштибонии амалдорони рус ва аврупоӣ дар ҷомеа реша медавонид.

Забон ва фарҳанг ду омили милатсозанд. Мустаҳкам намудани мақому манзалати забони форсии тоҷикӣ яке аз авлавиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва иқдомоти наҷиби Сарвари давлат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон мақоми ҳақиқии давлатӣ гирифт ва рушду нумӯи тоза пайдо намуд. «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони Истиклолияти давлатӣ то ба имрӯз ҳифз ва рушди забони давлатиро вазифаи муқаддаси худ медонад»,– барҳақ таъкид намудааст Сарвари давлатамон.– «Мо бояд ба рушди забони давлатӣ аз тамоми имконот истифода барем ва ҳифзу густариши онро дар сатҳи давлатӣ таъмин намоем. Набояд фаромӯш сохт, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сарчашмаест, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад».

Барои мо тоҷикон масъалаи аз ҳама муҳим масъалаи ба забони илм табдил додани забони модарист. Ин корест дарозмудат, мушкил. Бояд, ки ҳама таълифотҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ баргардонида шаванд. Забон ҳамон вақт зинда аст,ки истифодабарандагони зиёд дорад. Ҳоло дар дунё зиёда аз 235 356745 истифодабарандагони забони тоҷикӣ ҳаст. Тоҷикон ва форсизабонон дар ӯзбекистон 15 235 873, Афғонистон 15 400 000, Тоҷикистон 8 500 000, Эрон 1 100 000, Покистон 1 000 000, Олмон 100 000, ИМА 83 000, Катар 27 000, дар Чин, Ҳиндустон, кишварҳои халиҷи Форс Туркия Русия, Қирғизистон Туркманистон, Қазоқистон умр ба сар мебаранд. Чуноне ки мебинем, забони тоҷикӣ дар дигар кишварҳои ҷаҳон истифодабарандагони худро дорад. Танҳо ба сайти Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як моҳи апрели соли 2016 аз давлати Голландия беш аз 30 000 нафар истифода бурдаанд.

Амал ва истифодабарии дурусти забони давлатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳими давлатист, аммо барои дар амал татбиқ намудани вазифаҳои забони давлатӣ як қатор чорабиниҳои хусусияту мазмуни гуногундошта лозиманд, ки аз назари мо муҳимтанашон инҳоянд:

1. Диққати асосӣ ба амали забони давлатӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад. Масъалаи васеъ намудани ҷуғрофияи истифодабарии забони тоҷикӣ дар базаи тоҷикони бурунмарзӣ (Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Канада, ИМА, Ӯзбекистон, Қирғизистон,  Қазоқистон, Туркманистон) доираи ривоҷу равнақи забони модарии моро хеле васеъ гардонида метавонад.

2. Забони тоҷикӣ дар кишвар ҳанӯз дорои мақоми забони муоширати миёни халқиятҳои маскуни Тоҷикистон нагардидааст. Ин вазифа, яъне вазифаи забони муоширати байни шаҳрвандони гуногунзабони мамлакатро ҳоло забони русӣ иҷро намуда истодааст. Агар дар оянда бо тадриҷ оид ба ба забони муоширати шаҳрвандони гуногунзабони Тоҷикистон табдил додани забони давлатӣ чораҳо андешида шаванд, бешубҳа, ин иқдом боиси рушд ва ривоҷи забони форсии тоҷикӣ мегардад.

3. Рӯз то рӯз рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъияти дохилии мамлакат, сулҳу суботи ҷамъиятӣ ва афзоиши шуурнокии қишрҳои гуногуни ҷомеа муносибати эҳтиромонаро нисбати забони давлатӣ ба миён меорад, барои омӯзиши он шароити мусоид фароҳам мегардад. Мебояд, ки субъектҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои ғайритиҷоратӣ ба ин раванди созанда ҷалб карда шаванд.

4. Дар сатҳи байнидавлатӣ ҳал намудани масъалаҳои марбут ба тоҷикони бурунмарзӣ, кушодани мактабҳои тоҷикӣ, таъмин ба китобҳои дарсӣ ва бо омӯзгорони сертаҷрибаи забон ва адабиёту таърихи миллати тоҷик таъмин намудани онҳо.

5. Ба воситаи шабаки интернет ташкил намудани барномаю сайтҳои омӯзиши забони тоҷикӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва тоҷикони бурунмарзӣ, ташкили тавсияҳои методии омӯзиши забони тоҷикӣ тариқи фазои маҷозӣ (вертуалӣ). Барои амалӣ намудани ин кори хайр ривоҷи фаврии системаи маълумоти кушод, ҷорӣ намудани таълими электронӣ ва технологияҳои омӯзиши маҷозии забони давлатӣ лозим аст.

6. Дар назди сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ кушодани курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ барои хоҳишмандон аз аҳамият холӣ нест, зеро дар кишварҳои хориҷӣ низ ба масъалаи омӯзиши забонҳои дигар таваҷҷуҳ зиёд аст. Агар ин аз як тараф ба муаррифии забони модарии мо дар хориҷи кишвар мусоидат кунад, аз тарафи дигар боиси беҳтар шинохтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мегардад.

7. Масъалаҳои вазъи имрӯзаи забондонии хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, донишҷӯён ва умуман ҷавонон, ташвишовар аст. Роҳи ҳалли ин мушкилот дар ташкили базаи дурусти меъёрию ҳуқуқӣ баҳри дастгирии забону адабиёти тоҷик, беҳтар намудани сифати таълим, рушди системаи тағйир ва такмили меъёрҳои имрӯзаи забони тоҷикӣ мебошад.

8. Бедор намудани завқи китобхонӣ, мутолиавӣ, баланд бардоштани фарҳанги истифодаи забон дар Консепсияи рушди забони давлатӣ ҷой дода шавад. Омӯзиши сифатан нави таълим тавассути захираи қавии кадрӣ, такмили барномаҳои омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик, такмили методҳои таълим, истифодаи васеи технологияи муосири таълимӣ, дастрасӣ ба шабакаи интернет ва ғайра роҳи дигари рушди забони тоҷикист.

9. Маҳдудшавии  корбурди забони тоҷикӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, таълими ҳатмӣ ба забони давлатӣ, набудани васоити ахбори омма ба забони тоҷикӣ (радио, телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо), маҳдудгардонии муҳити истифодаи забони модарӣ аз қабили масъалаҳоеанд, ки танҳо дар сатҳи муносибати дутарафаи давлатӣ ҳаллу фасл шуда метавонанд.

10. Номуайян ва ноаниқ будани омори доираи амал ва корбурди забони тоҷикӣ дар давлатҳои дигар боиси маҳдудият дар истифодаи забони тоҷикӣ мегардад. Дар сатҳи даркорӣ бо таҷҳизот таъмин набудан, базаи сусти методию таълимӣ, нарасидани мутахассисони риштаи забони тоҷикӣ дар хориҷи кишвар аз ҳисоби буҷаи давлат ба донишкадаю донишгоҳҳои давлатҳои хориҷ нафиристодани мутахассисони варзида боиси маҳдудияти истифодаи забони тоҷикӣ дар қаламрави давлатҳое,ки тоҷикон ва форсизабонон зиндагӣ мекунанд, мегардад.

11. Ба вуҷуд овардани таҳкурсии илмию методӣ, чопи луғатҳо, фарҳангҳо, маълумотномаҳо, китобҳо барои муоширати оммавӣ ҷиҳати сайёҳони хориҷӣ, сифатан беҳтар намудани таълими забони тоҷикӣ дар боғчаҳои бачаҳо, ба роҳ мондани маҳфилҳои санъати сухан дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар рушди забон ва васеъшавии доираи истифодаи он аҳамияти хосса доранд.

12. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ақаллиятҳои миллӣ (ӯзбекҳо, туркманҳо, қирғизҳо…) ба забони модариашон мактабҳо мавҷуданд. Дар ин мактабҳо дар қатори дигар фанҳои муҳим фанни забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ низ таълим дода мешавад.Бисёр муҳим аст, ки китобҳои таълимии онҳо махсус таълиф шаванд, методикаи омӯзиш ба вижагиҳои забонию миллиашон асос ёбад, баъди хатми курсҳои забони тоҷикӣ ба ин забон ҳамчун забони давлатии давлате, ки ин ақаллиятҳо шаҳрванди онанд, озодона муошират карда тавонанд.

14. Методикаи таълими забони тоҷикӣ барои миллатҳои ғайритоҷик, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ мувофиқ ба имлои забони тоҷикӣ, меъёрҳои амалии истифодаи забони давлатӣ аз сари нав дар асоси тавсияҳои олимони соҳа навишта шаванд.

Хулосаи калом, ҷомаи амал пӯшонидани ин тадбирҳои муҳим барои рушди ҳамаҷонибаи забони давлатӣ–забони тоҷикӣ мусоидат хоҳад кард.

Муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии

Маркази тадқикоти стратегии назди П резиденти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давлатов. З.А