Асосӣ: Маркази матбуот МАҶЛИСИ УМУМИИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
+++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз266
mod_vvisit_counterДирӯз1873
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2139
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24555
mod_vvisit_counterҲамагӣ818935
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
21
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ulti Clocks content
МАҶЛИСИ УМУМИИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар санаи 14 декабри соли 2016 Маҷлиси умумии ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Маҷлисро директори Марказ Худобердӣ Холиқназар кушода, мухтасаран дар бораи фаъолияти кормандони Марказ дар соли 2016 ва вазифаҳои онҳо барои соли 2017 суханронӣ кард. Сипас сардорони раёсатҳои Марказ дар бораи фаъолияти раёсатҳо дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 ҳисобот доданд. Пиромуни ҳар як гузориши сардорони раёсатҳо аз ҷониби ҳозирини маҷлис фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар бурду бохти фаъолияти кормандони ин ниҳоди муҳими давлатиро мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дод. Ӯ доир ба натиҷаҳои фаъолияти кормандон, такмил додани тарзу усули корбарӣ ва вазифаҳои дар пешистодаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 дар самтҳои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таблиғотӣ муфассал истода гузашт ва масъалагузорӣ намуд.

Дар Маҷлиси умумии ҳайати кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадшариф Бобошоҳзода ширкат намуд ва зимни суханронии худ фаъолияти Марказро дар соли 2016 қаноатбахш ҳисобид ва изҳори боварӣ намуд, ки кормандони ин ниҳоди давлатӣ дар тадқиқу пажӯҳиши масъалаҳои мубраму муҳими сиёсати хориҷӣ, дохилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастур ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Маркази матбуоти

МТС-и назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон