Асосӣ: Маркази матбуот Мизи гирд дар мавзӯи «Нақши Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ доир ба ҳифзи субот дар Осиёи Марказӣ: самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамо»
+++



Меҳмонҳо

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз701
mod_vvisit_counterДирӯз1002
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта701
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27000
mod_vvisit_counterҲамарӯза757588
Visitors Counter 1.5
Июни
26
Душанбе
BuaXua Calendar

Омор

Маводҳои аз назар гузаронидашуда : 1249822

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ulti Clocks content
Мизи гирд дар мавзӯи «Нақши Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ доир ба ҳифзи субот дар Осиёи Марказӣ: самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамо»

Дар санаи 2 декабри соли 2016 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи гирд дар мавзуи «Нақши Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) доир ба ҳифзи субот дар Осиёи Марказӣ:

самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамо» баргузор гардид. Дар он намояндагони корпуси дипломатии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони вазорату идораҳои дахлдор, коршиносони соҳавии мустақил, инчунин, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ширкат доштанд.

Дар суханрониҳои иштирокчиён аҳамияти нақши Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар муқобила бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир ба монанди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои дигари фаромилӣ қайд гардид. Имрӯз шиддатнокии ин таҳдиду хатарҳо дар шаклҳои гуногун имрӯз кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро водор мекунад, ки баҳри маҳви онҳо чораҳои саривақтӣ ва муттаҳидона биандешанд.

Дар рафти муҳокима аз тарафи шахсони масъул, коршиносони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи дар Мизи гирд иштирокдошта таъкид гардид, ки вазъияти ҳарбию сиёсӣ дар ҳамсоякишвари Афғонистон баъд аз фаъолнокии гурӯҳҳои террористӣ дар вилоятҳои шимолии бо Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳади тӯлонидошта якбора бадтар шуд. Аз ин рӯ, ба мақсади тақвияти ҳамкории кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар марҳалаи ҳозира ва дурнамо як қатор пешниҳодҳои муфид ироа гардид. Масъалаҳои ҳифзи суботу амният дар ҳудуди Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, мавриди таваҷҷуҳи хоссаи иштироккунандагони Мизи гирд қарор гирифт.

Ҳамзамон, ҳамкориҳои мусбати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишварҳои узви СААД дар шароити ҳозира, махсусан дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, алоҳида баррасӣ ва арзёбӣ карда шуд.

Иштирокчиёни Мизи гирд ҳамфикрии худро доир ба зарурати фаъолияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамчун қувваи асосии мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосири аз Афғонистон бароянда баён карданд. Онҳо инчунин, зарурати такмили ҳамкориҳои судмандро доир ба табодули иттилоот, тайёр кардани кадрҳо, расонидани кумакҳои техникӣ ба якдигар, гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористӣ ва ғайра баён намуданд.

Хадамоти матбуотии МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон