Главная: Региональная безопасность МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «МАСОИЛИ РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР РАВАНДИ ПЕШГИРИИ ТУНДГАРОИИ ИСЛОМӢ ВА ЭКСТРЕМИЗМ»
+++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз50
mod_vvisit_counterДирӯз977
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1027
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22417
mod_vvisit_counterҲамагӣ971644
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
18
Душанбе
BuaXua Calendar

ЦЕНТР СТРАТЕГИЧЕСКИХ ИССЛЕДОВАНИЙ ПРИ ПРЕЗИДЕНТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

НАША СТРАТЕГИЯ НАПРАВЛЕНА НА ОБЕСПЕЧЕНИЕ НАЦИОНАЛЬНОЙ БЕЗОПАСНОСТИ, ЕДИНСТВО НАЦИИ, СОХРАНЕНИЕ И РАЗВИТИЕ ТРАДИЦИЙ, ОБЫЧАЕВ И НАЦИОНАЛЬНОЙ КУЛЬТУРЫ, РОСТ ЭКОНОМИКИ ТАДЖИКИСТАНА И НА ЭТОЙ ОСНОВЕ ПОВЫШЕНИЕ БЛАГОСОСТОЯНИЯ НАСЕЛЕНИЯ.

ЭМОМАЛИ РАХМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «МАСОИЛИ РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР РАВАНДИ ПЕШГИРИИ ТУНДГАРОИИ ИСЛОМӢ ВА ЭКСТРЕМИЗМ»

Дар таърихи 5-уми майи соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи «Масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди пешгирии тундгароии исломӣ ва экстремизм» баргузор гардид. Ҳадафи баргузории ин ҳамоиш дарёфти чораҳои пешгирӣ аз ҳар гуна тамоюли тундгароии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон тақвияти фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти боло бурдани мафкураи динию дунявии аҳолии кишвар ба шумор рафта, дар он кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, муассисаҳои илмию таҳлилӣ, коршиносон ва мутахассисони соҳа, инчунин, намояндагони васоити ахбори омма фаъолона ширкат ва суханронӣ намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки экстримизми динӣ ва ифротгароӣ ба масъалаи доғи ҷаҳонӣ ва мавзӯи баҳсбарангези муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфта, дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон ба зинаи баланди шиддатёбӣ омада расидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин таҳдиди глобалӣ дар канор намондааст. Бо дарназардошти хусусияти мазкурро гирифтани раванду муносибатҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон,

баррасии масъала ва иқдоми баргузор намудани мизи гирд низ аз тарафи Маркази тадқиқоти стартегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим ва актуалӣ дониста мешавад.

 

Чун анъана мизи гирд бо суханронии ифтитоҳии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар оғоз гардид. Ӯ ба ҳозирин барои ташриф ва иштирокашон дар кори мизи гирд изҳори миннатдорӣ намуда, дар раванди суҳбат андешаҳои худро атрофи масъалаи матраҳ, ки дар он ба таври мушаххас ва аниқ омилҳои густариши ифротгароӣ ва тундгароии динӣ инъикос мегардид, ироа намуд. Тавре Худобердӣ Холиқназар зикр намуд, омилҳои мухталифе, монанди норасоиҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, бекорӣ, фақр ва фасод, омода набудани ҷавонон аз дидгоҳи идеологӣ ва сиёсӣ, надоштани асолати исломи суннатӣ, яъне бесаводии динӣ, мавҷудияти омилҳои марзӣ, назарфиребии эмиссарони хориҷӣ ва ғайра аз ҷумлаи сарчашмаҳои асосии зуҳури ифротгароӣ дар кишвар маҳсуб меёбанд. Фақр ва маърифати заифи динию мазҳабии баъзе ҷавонон барои доираҳои манфиатҷӯ як навъ фурсати мувофиқи роҳандозии фаъолияти таблиғотию ташвиқотӣ гардидаанд.

Ҳатто барои таблиғу ташвиқи андешаҳои ифротии худ намояндагони ин гурӯҳҳо омодаанд, ки ҷиноят содир намуда, ба маҳбас афтода, аз ин макон низ миёни маҳбусон ташвиқоти густурда баранд. Зеро аз як тараф, маҳбусон ба шароити тоқатфарсо тобовар бошанд, аз тарафи дигар, нисбат ба зиндагии оянда бо диди навмедона менигаранд, ки ин ду меъёр, яъне тобоварӣ ва навмедӣ аз зиндагӣ барои ин гурӯҳҳо қувваи тақрибан омодашуда маҳсуб меёбанд. Ба таъкиди директори МТС-и назди Президенти ҶТ айни замон эмиссарони хориҷӣ дар фаъолияти ҳадафмандонаи худ бештар доираи занонро мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳанд, яъне занон дар муқоиса ба мардҳо барои ташкили

роҳпаймоиҳову гирдиҳамоӣ ва роҳандозии ҳаракатҳои хусусияти иртиҷоию эътирозидошта неруи нисбатан «нарм» ва мувофиқ дониста мешаванд. Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода яке аз омилҳои гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиро дар он маънидод намуд, ки эмиссарҳои бурунмарзӣ ба гурӯҳи алоҳидаи ҷавонони аз ҷиҳати равонӣ ва эътиқодӣ ноустувор ваъдаҳои пулию молӣ намуда, минбаъд ҳамчун аслиҳаи боэътимоди рушди ангезаҳои радикалӣ онҳоро ба нафъи худ истифода мебаранд. Яъне сиёсати абарқудратҳо дар минтақа асосан ба гирдоби мушкилот гирифтор кардани кишварҳо ва бо ин васила ҳузур пайдо кардан дар минтақа ва истифодаи фаровон аз захираҳои нафт, газ, тилло, сурб ва ғайра мебошад. Тибқи тадқиқоти пажӯҳишгарон айни замон чунин минтақаи таъсирпазир дар Осиёи Марказӣ водии Фарғона маҳсуб меёбад, ки авҷи ҳаракатҳои тундагароӣ дар ин водӣ ба нооромии вазъи асосан се кишвар: Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон метавонад таъсири ҷиддии худро расонад.

Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз суиистифода шудани дини мубини ислом ҳамчун «воситаи баровардани хостаҳо ва ниёзҳо» изҳори таассуф намуд, зеро ба андешаи ӯ, ин ҳолат асоси рушди назарҳои интиқодӣ нисбати ислом гардида, ибораҳое чун «исломи радикалӣ», «тундагароии исломӣ» ва монанди инҳоро рӯйи кор овард. Аз ин рӯ, ба андешаи вай, муттаҳидии қишрҳои гуногуни ҷомеа, ҳамзамон фаъолияти пайваста ва наздики мақомоту идораҳои гуногуни давлатӣ дар самти бартараф намудани омилҳои рушди тундгароӣ ва умуман, зуҳуроти ифротгароӣ дар кишвар мувофиқи мақсад мебошад, зеро тибқи назари ӯ, дар қарни XXI, ки технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ бомаром рушд намуда, рӯз то рӯз мураккаб мегардад, кишварҳои манфиатдор ва гурӯҳҳои тундгаро аз як канори дунё ба минтақаи дигари таҳти ҳадаф метавонанд таъсири назарраси худро расонанд.

Чуноне директори Бунёди Авруосиё дар Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон Равшан Абдуллоев зимни маърузаи худ қайд кард, ҳамкориҳои устувори ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат боис мегарданд, ки ин ниҳодҳо ҳадафҳои дар назди худ гузоштаро амалӣ намоянд. Набудани чунин ҳамкорӣ боиси иҷро нагаштан ва ё умуман бефаъолият боқӣ мондани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мегардад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ на вазифаҳои давлат, балки фаъолиятҳои ниҳодҳои давлатиро пурра мекунад ва маҳз дар чунин шароит ҳамкории зич баҳри баратарф намудани падидаҳои номатлуб муҳайё мешавад. Аз дидгоҳи номбурда, агар ноуствории муносибатҳо сари вақт батараф ва давлат дар симои ҷомеаи шаҳрвандӣ иттифоқчии худро набинад, ҷомеаи шахвандӣ на танҳо дар пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни аҳолӣ коре карда наметавонад, балки дар дарозмуддат дар сурати ба вуҷуд омадани омилҳои бесуботӣ ҷойгоҳи худро ҳифз карда наметавонанд ва ин таҷрибаро дар мисоли Сурия, Либия, Миср ва Баҳрайн метавон мушоҳида намуд.

Тавре ки директори Академияи маҷозии «ТИК барои рушд» Асомиддин Атоев зикр намуд, дар ҳоле, ки созмонҳои гуногуни экстремистӣ ва терростӣ дар як шабонарӯз 24 соат фаъолият намуда, ҳадафҳои худро миёни истифодабарандагони сомона ва шабакаҳои гуногуни интернетӣ таблиғу ташвиқ менамоянд, дар як шабонарӯз 8 соат мубориза бурдани ҳукуматҳои кишварҳои олам ба муқобили ин гурӯҳҳо аз дидгоҳи мантиқӣ хеле ночиз ва камсамар мебошад. Зиёда аз ин, гурӯҳҳои мазкур айни замон аз технологияҳое истифода менамоянд, ки баъзе давлатҳо ҳанӯз дар фикри ба даст овардани онанд. Ӯ махсусан аз фаъол будани пайравони ДИИШ дар сомонаҳои иҷтимоӣ, аз он ҷумла дар Фейсбук, Твиттер, Одноклассники сухан ронда, таъкид дошт, ки онҳо бо ин василаҳои виртуалӣ бештар майли ҷалби занон ва ҷавондухтаронро доранд, зеро ба гуфтаи вай, сабабҳои ҷалб намудани занон ба ин ҷангҳо, пеш аз ҳама, аз онҳо ба вуҷуд овардани насл ва минбаъд омода намудани онҳо ба сифати «неруи мубориз»-и гурӯҳ мебошад. Ин вазъият аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳузури ДИИШ дар минтақа хеле бардавом боқӣ хоҳад монд.

Суханронии мудири шуъбаи ахбор ва омӯзиши афкори оммаи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода атрофи вазъи ифротгароӣ ва тундагароӣ дар вилояти Хатлон сурат гирифт. Тавре ӯ зикр намуд, агар дар гузашта мардуми вилоят ба гурӯҳҳои тундраве монанди «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҷамоаи Таблиғ» ва «Салафия» сухан меронданд, ҳоло ба номгӯйи ин ҳаракатҳои тундрав «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Ансоруллоҳ» ва «Ал-Қоида» низ шомил шудаанд, ки фаъолияти намояндагони онҳо солҳои охир дар ҳудуди вилоят меафзояд. Ба андешаи ӯ, дар дурнамо хавфи таҳдиди ин гурӯҳҳо ва тамоюли шомилшавии аҳолӣ ба ҳаркатҳои экстримистӣ метавонад боз ҳам афзоиш ёбад, зеро яке аз омилҳои асосии рушди ифротгароӣ дар ин минтақа бавуҷудоии монеаҳо дар муҳоҷирати кории аҳолӣ ба Федератсияи Русия мебошад, ки аз ин ҳисоб сафи нафарони бекор меафзояд ва бекорӣ яке заминаи асосии амалҳои ҷиноӣ дар ҷомеа ба шумор меравад. Номбурда дар поёни суханронии худ пешниҳодҳои амалиро барои пешгирии ин падидаҳои номатлуб зикр намуд. Муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Насими Исфара» Абдумуталлиб Шарипов вазъи тундгароиро дар вилояти Суғд бо минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ якранг маънидод намуд. Ба гуфтаи ин коршинос, аз солҳои 2010 то 2015 дар вилоят 311 ҳолати узвият ба гурӯҳҳои тундгароӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 153 нафар ҷавонони то синни 30 сола ва 158 нафарро ашхоси аз синни 30 боло ташкил медиҳанд. Аммо танҳо дар ду моҳи соли ҷорӣ 52 нафар ба гурӯҳҳои тундрав ҳамроҳ гардиданд, ки ин аз шиддатёбии тамоюли тундгароӣ дар вилоят дарак медиҳад. Ба гуфти коршинос, аз 36 нафар истиқоматкунандаи ноҳияи Исфара, ки дар хоки Сурия қарор доранд, 6 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд ва танҳо 29 нафари ин афрод аз деҳаи Чорқишлоқи ноҳияи Исфара мебошанд. Иллати онро вай ба сатҳи нокифояи некуаҳволии мардуми ноҳия ва омилҳои марзӣ рабт дод.

Коршиноси мустақил Иршод Сулаймонӣ зикр намуд, ки дар ВМКБ гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хеле кам ба мушоҳида мерасад, ин маънои онро надорад, ки вилоят аз падидаҳои номатлуб эмин аст, зеро дар вилоят нафароне ба қайд гирифта шудаанд, ки шомили ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ мебошанд. Аз ҷумла аз ноҳияи Ванҷ айни замон 13 нафар ва аз ноҳияи Дарвоз 11 нафар дар даргириҳои Сурия ширкат доранд.

Ҳамин тавр, дар доираи мизи гирди баргузоршуда силсилаи бузурги масоили вобаста ба тундагароию ифротагароӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ матраҳ гардида, дар охир атрофи он мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои иштирокчиён шунида шуд. Дар интиҳои мизи гирд муовини Директори МТС-и назди Президенти ҶТ Муҳаммадӣ Сафолзода ба иштирокчиён барои ташриф ва иштироки фаъол миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки натиҷаи ин нишаст аз ҷониби кормандони масъули Марказ мавриди таҳлили амиқ қарор мегирад. Маҷмӯи суханрониҳои иштирокчиёни мизи гирд дар шакли китоб аз ҷониби МТС-и назди Президенти ҶТ ба нашр мерасад ва пешкаши дастандаркорон, коршиносон ва умуман, алоқамандон гардонида хоҳад шуд.

Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ ва

Раёсати омӯзиши амнияти минтақавии

МТС-и назди Президенти ҶТ