Асосӣ:
+++



Хабарҳои охирин

Меҳмонҳо

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз903
mod_vvisit_counterДирӯз1047
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4664
mod_vvisit_counterДар ин моҳ20457
mod_vvisit_counterҲамарӯза627209
Visitors Counter 1.5

Омор

Маводҳои аз назар гузаронидашуда : 1132019
Феврали
25
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ulti Clocks content
Рушди соxаи кишоварзї дар Тољикистон (вазъи имрўза ва дурнамо)

А.И. Одинаев,

Мутахассиси пешбари раёсати тадќиќоти проблемањои инкишофи соњавии

Маркази тадќиќоти старатегии назди Президенти Љумњурии Тољикистон

734025, Љумњурии Тољикистон, ш. Душанбе, х. Рӯдакї 40

тел.(+992) 988 55 26 90 E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Дар маќола њолати имрўза ва дурнамои рушди минбаъдаи соњаи кишоварзї дар Тољикистон мавриди тањлилу баррасӣ ќарор гирифтааст. Муаллиф омилњои нигоњдорандае, ки метавонанд дар роњи рушди устувори соња, аз он љумла тавлиди мањсулоти раќобатпазир дар доираи амалкард бо Созмони Умумиљањонии Савдо (СУС) монеа бавуљуд оваранд, муайяну мушаххас намудааст.

Дар робита ба ин, муаллиф механизмњо ва силсила тадбирњои мушаххасро ба маќсади њалли поблемањои љойдошта, таъмини рушди устувори соња, амнияти озуќаворї ва њимояи бозори дохилї дар доираи амалкард бо СУС- ро пешниҳод намудааст.

Калимаҳои калидӣ: Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, инноватсия, сиёсат, инвестор, кафолат, раќобат, амният, суѓурта,

Дар назди кишвари мо як ќатор проблемањои љиддӣ истодаанд, ки њалли онњо ба рушди мамлакат њамчун давлати мустаќил вобаста аст. Яке аз чунин проблемаҳои ҷиддӣ амнияти иқтисодӣ мебошад.

 

Таъмини амнияти иқтисодӣ - кафолати истиқлолияти кишвар, шарти субот, фаъолияти самарабахшу зиндагисози ҷомеа ва дастёбӣ ба муваффақият аст. Бояд таъкид намуд, ки яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ таъмини амнияти озуқаворӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки аз суботи кишвар вобастагӣ дорад.

 

 

Бинобар ин, омӯзиши ин масъалаҳо, дарки амиқи равандҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ, аз он ҷумла бахши кишоварзии он хеле муҳим аст, зеро ин ба ошкор шудани таҳдид ва хатар барои истеҳсоли маҳсулот ва суботи иҷтимоӣ дар кишвар мусоидат мекунад.

Бояд зикр кард, ки муҳимтарин ҳадафи сиёсати аграрӣ - таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад. Омили асосии дастёбӣ ба ин ҳадаф баланд бардоштани сатҳи даромади тавлидкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва рақобатпазирии онҳо дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ мебошад.

Солњои охир дар соњаи кишоварзии мамлакат як силсила ислоњоти муњим ва љиддї амалӣ шуданд, ки маќсади асосии онњо пеш аз њама афзоиши мањсулоти кишоварзї ва ба ин васила, таъмин кардани амнияти озуќавории мамлакат мебошад.

Дар натиљаи чорањои амалигардида ва зањмати мардуми Тоҷикистон солњои охир тавлиди мањсулот дар соња тамоюл ба афзоиш дорад. Масалан, соли 2012 [1] њаљми истењсоли мањсулоти кишоварзї дар муқоиса бо соли 2006-ум 56% ё 1,6 маротиба афзоиш ёфтааст [2].

Аммо мо наметавонем ин равандро њамчун рушди воќеии тавлиди мањсулоти ѓизоӣ ва таъмини амнияти озуќаворї дар Тољикистон унвон кунем, зеро дар баробари афзоиш ёфтани њаљми мањсулот дар соња, талабот бо назардошти суръати зиёдшавии ањолї низ боло рафтааст. Масалан, дар ин давра талабот ба мањсулоти растанӣ, аз он љумла ѓалла, мева ва картошка њамчунин талабот ба мањсулоти чорводорї, аз он љумла гӯшт, шир ва тухм ба андозаи 12,2% зиёд гаштааст. Яъне ин гувоњ аз он медињад, ки рушди тавлиди солонаи мањсулот бо назардошти талаботи ањолї дар ин давра на 9,3%, балки 7,3% - ро ташкил додааст. Мувофиќи нишондоди ҳозираи афзоиши ањолї то соли 2020 шумораи аҳолии кишвар таќрибан 25% ё худ то ба 10 млн. нафар мерасад ва дар баробари он, талабот ба мањсулоти растанӣ, аз он љумла ѓалла, мева, картошка ва равѓани растанї, њамзамон талабот ба мањсулоти чорводорї, аз он љумла гӯшт, шир ва тухм низ зиёда аз 25% зиёд мегардад. Ин моро водор месозад, ки ба баланд бардоштани њосилнокии замин ва мањсулнокии чорво ба њади на камтар аз 25 то 30% даст ёбем. Талаботи ањолӣ ба мањсулоти нонӣ то соли 2020 ба 260 њазор тонна афзоиш меёбад ва борои тавлиди ин миќдор ѓалла аз рўи нишондиҳандаҳои имрўзаи њосилнокии ѓалладона, мо бояд дар давоми 8 соли оянда 113 њазор га. ё худ њамасола 14,2 њазор га. замини навро ба гардиши кишоварзї ворид намоем. Аммо азбаски Тољикистон сарзамини камзамин аст ва чунин имкониятро надорад, пас моро зарур аст, ки ин талаботро бо роњи интенсивӣ ё худ аз њисоби баланд бардоштани њосилнокии замин таъмин намоем [3].

Бояд зикр намуд, ки њосилнокии ѓалладона дар давоми 8 соли охир аз рўи нишондињандањои соли (2005-2012) ба њисоби миёна 2,6 сентнер га. ё худ 13% афзоиш ёфтааст, ки ин 1,6% солонаро ташкил медињад. [4].

Дар сурати давом ёфтани ин раванд то соли 2020 њосилнокии замин таќрибан ба 27-30 сентнер баробар гашта, талаботи дар боло зикр ёфта дар ин давра 50% аз њисоби зиёд гаштани њосилнокии замин таъмин мегардад. Ва барои ќонеъ гардонидани талаботи 50% боќимонда зарур аст, ки дар 8 соли оянда, яъне то соли 2020 57 њазор, ё худ солона на камтар аз 7 њазор гектор заминњои нав ба гардиши кишоварзї ворид намоем. Ин моро водор месозад, ки бо маќсади таъмини ањолии кишвар бо мањсулоти нони истењсоли ватанӣ майдони заминњои ѓалладонаро дар соли 2020 ба 342 њазор гектор расонем. [5].

Бояд тазаккур дод, ки бо маќсади таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ алҳол яд твии зии ани ҳосилхезии иқтисодии хок.ар кишвар мусоидат мекунад.сусан муҳим аст, зеро он ба ошкорсозии таҳдидҳо ва хатар бчанд барномањои соњавӣ ќабул ва татбиқ шуда истодаанд.

Вале дар баробари љой доштани аломатњои мусбат дар раванди татбиќи сиёсати давлат дар соњаи кишоварзӣ як силсила мушкилоту проблемаҳое ҳастанд, ки дар роњи дастёбии раќобатпазирии мањсулот дар шароити СУС монеа ба вуљуд меоваранд. Аз он ҷумла метавон проблемаҳои зеринро ном бурд:

Ø Рушди заифи муносибатњои инноватсионї дар соња. Сарфи назар аз музокироти дарозмуддат, Комплекси агросаноатии Тољикистон барои воридшавӣ ба СУС омода набуд. Соҳа навсозӣ нашуд, фақат хоҷагиҳои зиёди деҳқонии хурд ташкил шуданд, ки онҳо дар тавлиди маљмўи мањсулоти кишоварзї дар шароити СУС чандон раќобатпазир буда наметавонанд. Таҷриба нишон дод, ки хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ (фермерӣ) наметавонанд технологияи баланди истеҳсолиро ба кор баранд, чунки инро сатҳи пасти даромаднокии онҳо ва набудани техникаи олидараҷаи кишоварзӣ имконият намедиҳад;

Ø Норасоии мутахассисони мутобиқ бо усули иќтисоди бозаргонї дар соња аз љумла мувофиќ ба ќоидањои СУС;

Ø Љалби сармояи дохилӣ ва хориљӣ бо сабаби дароз будани давраи бозпардохти даромад аз сармоя дар бахши кишоварзї, нисбат ба дигар соњањо мањдуд аст;

Ø Нобаробарии нарх ва даромад;

Ø Паст будани дараљаи маълумотнокии хољагидорон дар бораи ноу-хау, техника, технология ва умуман истифодаи оќилонаи обу замин, интихоби зироат ва ѓайра, ки ин њамчун омили асосии нигоњдоранда дар рушди бахши кишоварзї арзёбӣ мегардад;

Ø Рушди заифи муносибатњои суѓуртавї дар соња. Яке аз сабабњои асосии он дар паст будани дараљаи боваринокии дењќон нисбат ба бозпардохти он арзёбӣ мегардад. Суғурта мтавонад ба фермерҳо кумак расонад то ин ки дар истеҳсолот таваккали (риски) бештар намоянд ва хатари азбайнравии захираҳоро пешгирӣ намоянд;

Ø Низоми рушднаёфтаи обёрӣ. Зикр бояд кард, ки дастрасӣ ба об ва обёрӣ омили муњими муайянкунандаи мањсулнокии замин ва устувории њосилнокӣ мебошад.

Ø Набудани ҷои корӣ дар деҳот. Ин вазъ ба берун рафтани қувваи корӣ, махсусан ҷавонон ва ашхоси маълумотдор оварда мерасонад, ки проблемаи нарасидани кадри баландихтисосро барои самтҳои гуногуни фаъолияти соҳибкории хурд дучанд менамояд. Сабаби асосии љалб нагардидани мутахасисони варзида ба соња дар вазъи номусоиди иљтимоӣ (надоштани манзили истиќоматӣ, музди мењнати ночиз ва ѓайра арзёбӣ мегардад.

Ø Рушди заифи робитаҳои истењсоли мањсулот бо дастовардњои илмї, ки яке сабабњои асосии коњиши даромаднокии фаъолияти хољагињои кишоварзї арзёбӣ мегардад;

Ø Мутобиқ набудани аҳолии деҳот ба шароити нави хоҷагидорӣ;

Ø Сатњи пасти мубодилаи таљрибаомўзӣ миёни мутахасисони соња вобаста ба роњу усулњои пешќадами истифодаи замин, об ва кишти зироат дар сатњи минтаќа, ҷумњурї ва берун аз он;

Ø Эрозияи хок ва таназулёбии давомноки замин. Бояд зикр намуд, ки проблемаи харобшавии замин ва биёбоншавии он сол аз сол ҷиддитар мешавад. Танҳо дар аввали соли 2012 дар мамлакат 35 ҳазору 400 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст, аз ҷумла 29 ҳазор гектар замини обӣ ҳамчун замини партов ба қайд гирифта шудааст. Дар сурати кашол ёфтани чунин раванд дар панљ соли оянда бо назардошти афзоиши солонаи он дар чањор соли охир ин нишондод метавонад таќрибан 75% афзоиш ёбад.; [6].

Ø Паст будани дараљаи њосилнокии хок бо сабабњои пурра иљро нагардидани ќоидањои агротехникї њангоми кишти ин ё он зироат;

Ø Парвариши зироатњои камњосил бо сабаби дастрасии пасти хољагидорон ба тухмињои хушсифат ва самараи пасти фаъолияти хољагињои давлатии тухмипарварї. Алњол таќрибан нисфи хољагињои давлатии тухмипарварї дар кишвар фаъолият надоранд; [7].

Ø Алњол дар мамлакат зиёда аз 3,8 млн га. чарогоњ мављуд мебошад, аммо низоми идоракунии чарогоҳњо дар кишвар заиф аст, ки ин њамчун омили нигоњдоранда дар рушди соњаи чорводорї арзёбӣ мегардад, зеро дар чунин вазъият истеҳсоли хўроки чорво коњиш меёбад.

Ø Фарсудашавии беш аз ҳадди фондҳои истеҳсолӣ, хусусан техникаи кишоварзї. Бояд таъкид намуд, ки истифодаи техника ва мошинолоти фарсуда дар тавлиди мањсулоти кишоварзї ба харобшавии киштзор ва баландшавии арзиши аслии мањсулот оварда мерасонад. Бешубҳа, таҷҳизоти кӯҳна ва фарсудашуда қудрати тавлиди маҳсулоти рақобатпазирро нахоҳад дошт ва ба коҳиши самарабахшии меҳнат дар кишоварзӣ оварда мерасонад. Ҳамчунин, ба сабаби сатҳи баланди фарсудашавии фондҳои асосӣ ҷозибияти маблағгузорӣ дар муассисаҳои аграрӣ хеле коҳиш ёфтааст;

Ø Истифодаи заифи технологияи каммасрафи кишт. Зикр бояд кард, ки алњол зиёда аз 125 миллион гектар замин дар ҷаҳон мутобиқи технологияи каммасраф кишт карда мешавад. Лидерони истифодаи чунин усул кишварҳои Мексика, Бразилия, Аргентина, Австралия, ИМА ва Канада мебошанд. Имрӯз ин кишварҳо содиркунандагони асосии маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд. Технологияи сарфаҷӯёнаи киштро Хитой ва Ҳиндустон низ фаъолона ҷорӣ карда истодаанд. Бояд хотирррасон намуд, ки ҳамаи онҳо ҳоло рақибону шарикони мо ҳастанд. Технологияи мазкур имконият медиҳад, ки замонасозии истеҳсолот анҷом гирад ва дар айни замон хароҷот кам шавад, хок ва муҳити зист ҳифзу нигаҳдорӣ шавад. Ҳамчунин хароҷоти сӯзишворӣ то 2 маротиба коҳиш меёбад, ки ин бевосита метавонад даромаднокии истењсолоти бахши кишоварзиро ба таври ќатъӣ баланд бардорад;

Ø Инкишофи заифи амалиётњои лизингї дар соња. Яъне имрўз корхонаи мазкур бояд на танњо ба воридоти техникаи кишоварзї, балки чорвои хушзот, тухмии хушсифат, њамзамон техникаи хурди камасрафи кишт (мини техника) ва дигар воситањои зарурӣ барои соња машѓул шавад то ин, ки механизми амалигардонии сиёсати аграрии давлат дар шароити СУС таъмин гардад;

Аз ин рў, пешнињод мешавад:

Ø Мо ба сиёсати нави аграрї ниёз дорем. Мо бояд њадафњоро комилан ба таври дигар маънидод намоем ва матраҳ кунем. Тољикистон дорои манбањои ғании обу энергетикӣ мебошад, вале кишвари камзамин аст.

Ø Тавре ки маълум аст, потенсиали аграрии кишвари мо маҳдуд аст. Бинобар ин, сиёсат бояд аз якчанд манбаъњои стратегї сарчашма гирад, ки ба назари мо инњоянд:

1. Кадри мутобиқ бо шароит ва ќоидањои СУС. Бояд зикр намуд, ки дар байни оқибатҳои манфии воридшавии Ҷумњурии Тољикистон ба СУС ҷои махсусро омодагии кадр мегирад, чунки коршиносону мутахассисон оид ба фаъолияти СУС алҳол дар Тоҷикистон хеле каманд, махсусан байни ҷавонон, дар ҳоле, ки талабот ба онҳо дар оянда хоҳад афзуд. Масалан, барои дар оянда таъсис намудани марказҳои иттилоотии машваратӣ мутобиқи низомнома ва созишномаҳои СУС ва ҳамчунин барои кор дар Котиботи ин созмон.

2. Ҷорӣ кардани технологияи каммасрафи кишт.

3. Сратегияи нарх;

4. Тавонмандии бозори озуќа;

5. Истифодаи самараноки иқтисодӣ ва экологии замин.

6. Муайян намудани дараљаи ќабати њосилхези замин ва минтаќабандии кишти зироатњо ба он;

7. Рушди селексия ва тухмипарварї;

8. Њосилнокии зироат;

Нуктаҳои дигари муҳим инҳоянд:

Ø Бояд сиёсати аграрии технологӣ ва иттилоотӣ низ тарҳрезӣ ва дар ҳаёт татбиқ шавад. Ҳамчунин ташкил намудани системаи оперативии иттилоотӣ барои бо технологияи муосир ва таҷрибаи ҷаҳонӣ шинос намудани муассисаҳо, аз љумла заминдорон ба маќсад мувофиќ мебошад;

Ø Ќабули «Ќонун дар бораи киштгардони замин». Бояд тазаккур дод, ки њамасола аз гардиши кишоварзї берун мондани заминњои мусоид ба кишт бинобар камњосилї, шусташавї ва шӯршавї ба мушоҳида мерасад ва нарасидани нурињо сабаби камњосилии замин мешавад. Масалан, гумуси (қабати ҳосилхези замин) заминњои киштшаванда ба њисоби миёна 3%- ро ташкил мекунад, ки ин дар муқоиса бо заминњои киштшавандаи Федератсияи Русия панљ маротиба паст мебошад. Аз ин рў, љињати ба танзим даровардани истифодаи самараноки замин ќабули ќонуни мазкур мувофиќ ба маќсад мебошад;

Ø Мо бояд барномаи давлатии кафолат ва суғуртаи қарзҳоро ба мақсади коҳиши риски сармоягузории хусусӣ дар истеҳсолоти аграрӣ тарҳреӣ ва ҷорӣ намоем;

Ø Моро зарур аст, ки стратегияи дастёбии сатњи сифатан нави раќобатпазирӣ ва имконоти тавлидотии бахши кишоварзиро тањия ва тадбиќ намоем;

Ø Бояд ҳар чи зудтар кори комплексиро доир ба омода ва тарбия кардани чунин мутахассисоне, ки тавонанд бо донишу фаҳмиши худ соҳибкорони тоҷик, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимоти олии соҳавиро бо қоидаҳои СУС шинос намоянд, оғоз кард;

Ø Рушди шаклҳои алтернативии фаъолият дар деҳот. Бояд гуфт, ки дар деҳот сарфи назар аз маҳдудияти имкониятҳо, манбаъҳои кофӣ ва зарурӣ мавҷуданд, ки ба сокинони маҳаллӣ имконият медиҳанд, ки ба фаъолияти шаклҳои гуногуни соҳибкорӣ машғул шаванд. Масалан, ба мақсади коҳиши бекорӣ дар деҳот барои одамони бекори ихтисоснадошта ривоҷ додани чунин шаклҳои фаъолият, монанди туризми деҳот, хизматрасонии нақлиётӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра ба мақсад мувофиқ аст;

Ø Ба инвесторњои дохилї ва хориљї додани њуќуќи истифодабарии заминњои аз гардиши кишоварзї берунмонда. Ин имконият медињад, ки на танњо ањолии дењот бештар ба кор фаро гирифта шавад, балки тавонмандии бозорњои ѓизоии мамлакатро афзун гардонад;

Ø Баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар соња таввасути рушди механиконии истеҳсолот;

Ø Фароњам овардани шароити мусоид бо маќсади ихтиёран мутањидшвии корхонањои кишоварзї. Чунки аксарияти хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ (фермерӣ) барои татбиқи агробизнес ба танҳоӣ ба мушкилоту проблемаҳои зиёд дучор мешаванд. Барои ҳаллу фасли ин проблема бояд нақши муҳимро таъсис додани шаклҳои гуногуни кооперативҳо ва дигар намудҳои иттиҳодияҳо бозӣ намоянд. Дар ин миён, муттаҳид шудан ба кооперативҳо бояд фақат ба асоси ихтиёрӣ сурат гирад ва деҳқон аъзои кооператив шуда, бояд чун соҳибу хӯҷаини замини худ ва дигар воситаҳои истеҳсолот боқӣ монад.

Ø Ташкили марказњои инноватсионии таълимии илмї – истењсолї бо њамбастагии давлат ва соњибкорон;

Ø Алҳол ташкил ва рушди кластерњои минтаќавї аҳамияти зиёд пайдо карда истодааст. Бояд гуфт, ки муассисаҳои хурд ва миёна, ки дар кластер муттаҳид мешаванд, рақобатпазирии худ ва вазъияти хешро дар бозори амвол беҳбуд ва тақвият мебахшанд.

Пешбинии натиҷа дар сурати амалисозии пешниҳодҳои зикршуда:

Ø Баланд гаштани наќши сиёсати аграрї;

Ø Бењтар гардидани дараљаи тахассусии кормандони соња мутобиқ ба усули иќтисодї бозорї ва принсипњои СУС;

Ø Дастёбӣ ба раќобатпазирии мањсулот дар шароити СУС;

Ø Коҳиш ёфтани эрозияи хок.

Ø Баланд шудани дараљаи њосилнокии замин;

Ø Бењтар гардидани зерсохторњои кишоварзї, аз он љумла рушди зерсохтори обёрӣ ва дар замини он бењтар гардидани вазъи мелиоративии на кам аз 40 њазор гектар заминњои обёришаванда;

Ø Ба гардиши кишоварзї ворид гаштани 57 њазор гектар заминњои нави мусоид ба кишт;

Ø Имконияти иљрои сариваќтии корњои механикунонидашуда ва дар баробари он риоя гаштани ќоидањои агротехникї;

Ø Њавасманд гаштани молистењсолкунандагони ватанї;

Ø Рушд ёфтани соњибкории хурд дар дењот;

Ø Зиёд гардидани њосилнокии зироатњо ва дар баробари ин зиёд гаштани њаљми мањсулот;

Ø Тавлиди мањсулоти аз љињати экологӣ тоза ва дар баробари он паст гардидани сатњи беморињои бо мањсулоти озуќа алоќаманд;

Ø Баланд гаштани сатњи пардохтпазирии корхонањои кишоварзї;

Ø Бењтар гаштани вазъи бозори озуқавории дохилӣ ва дар баробари ин, поин фуромадани нархи мањсулот;

Ø Коњиш ёфтани андозаи воридоти мањсулоти озуќаворї ва дар баробари ин коњиш ёфтани вобастагии кишвар аз воридот;

Ø Коњиш ёфтани харољот ва бењтар гаштани вазъи молиявии хољагидорон;

Ø Пайдо гаштани беш аз 20 њазор љойњои нави корї ва дар баробари ин, коњиш ёфтани сатњи бекори ва љинояткорї;

Ø Таъмини пойдории сулњу субот ва амнияти миллї.

Хулоса:

1. Сиёсати аграрии давлатӣ сарфи назар аз ҷанбаи дарозмӯҳлат доштани он, дар марњилањои асосии тағйироти шароити беруна, пеш аз њама, дигаргуниҳои вобаста ба равандҳои глобалии иқтисоди ҷаҳонӣ ба ислоҳҳот эҳтиёҷ дорад. Дар айни замон, Тољикистон ва бахши кишоварзии он ба сабаби воридшавии мамлакатҳо ба СУС дар марњилаи навини љањонишавии муносибатњои иќтисодї ќарор дорад. Бояд таъкид намуд, ки амалкарди кишоварзї мутобиқи шартҳои СУС бо талабњои зиёд ва ќоидањои ин созмони байналхалќӣ вобаста мебошад, ки татбиќи сиёсати аграрии мувофиќашуда бо онро таќозо мекунад.

2. Барои он ки соњаи кишоварзӣ раќобатнок гардад ва ба рушди устувори иќтисодиёт ва коњиши камбизоатӣ самарабахштар мусоидат расонад, пеш аз ҳама, шароити мусоиди иљтимоию-сиёсӣ, идарокунии мувофиќ ва тањкурсии мустаҳками макроиќтисодӣ зарур аст.

3. Барои њалли проблемањои нобаробарии даромад дар кишварњое, ки дар давраи гузариш қарор доранд, лозим аст, ки муносибати комплексии ифодагари роњњои мухталифи бартараф намудани камбизоатӣ, аз он љумла гузариш ба истењсол ва парвариши зироати сердаромади кишоварзї, дар деҳот пањн кардани шаклњои фаъолияти истењсолии ғайркишоварзӣ, ҳамчунин расонидани кумак ба онҳое, ки аз машғул шудан ба фаъолияти кишоварзї худдорӣ мекунанд.

Ҳаллу фасли проблемањои дар боло зикр гардида ва амалисозии силсила тадбирњои пешнињодшуда имконият медињанд, ки на танњо раќобатпазирии мањсулоти кишоварзї дар шароити СУС таъмин гардад, балки захирањои мањдуди барќарорнашаванда ва ё мушкилбарќароршавандаи табиат низ барои насли оянда њифз гарданд.

Адабиёт

1. Вазъи иљтимоию иќтисодии Љумњурии Тољикистон. Агентии омори назди Президенти ЉТ Душанбе, 2012

2. Тољикистон: 20-соли истиќлолияти давлатї. Агентии омори назди Президенти ЉТ Душанбе, 2011

3. Демография солонаи ЉТ// Маљмўи оморї.// Душанбе 2010-2011;

4. Минтаќањои Љумњурии Тољикистон // Маљмўи омори// Душанбе 2012;

5. Вазъи иљтимоию иќтисодии Љумњурии Тољикистон. Агентии омори назди Президенти ЉТ Душанбе, 2012

  1. Суханронии Президенти ЉТ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Кумитаи давлатии заминсозӣ. 30.11.2012

7. Маълумоти Раёсати тухмипарварии Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикстон дар соли 2012

Развития отрасли сельского хозяйства в Таджикистане

(современное состояние и перспектива)

В статье представлены анализ и оценка современного состояния и перспективы дальнейшего развития отрасли сельского хозяйства. Автором выявлены факторы, препятствующие устойчивому росту, в частности производству конкурентоспособной продукции в условиях функционирования в рамках ВТО.

Разработаны и предложены механизмы и конкретные меры с целью решения существующих проблем, обеспечения продовольственной безопасности, устойчивого роста отрасли и защиты внутреннего рынка в условиях функционирования в рамках ВТО.

Ключевые слова: Всемирная торговая организация, инновация, политика, инвестор, гарантия, конкуренция, безопасность страхования.

Developments of branch of agriculture in Tajikistan

(current state and prospect)

The analysis and assessment of a current state and prospect of further development of branch of a rural zhozyaystvo are presented in article. The author revealed the factors interfering steady growth, in particular to production of competitive production in operating conditions within the WTO.

Mechanisms and concrete measures for the purpose of the solution of existing problems, ensuring the food security, steady growth of branch and protection of domestic market in operating conditions within the WTO are developed and offered.

Key words: The World Trade Organization, innovation, policy, investor, warranty, competition, safety, insurance.