Асосӣ: Сиёсати хориҷӣ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: ШАРҲИ БАЪЗЕ ХУСУСИЯТ ВА МОҲИЯТИ ОН
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз318
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1349
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28723
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734536
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: ШАРҲИ БАЪЗЕ ХУСУСИЯТ ВА МОҲИЯТИ ОН

08.07.2019

14-15-уми июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Ҳамоиш (Саммит)-и панҷуми «Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё» (МҲТБО) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Барои иштирок дар кори он, сарони давлатҳои узв, ҳукуматҳо, намояндагони воломақоми кишварҳо ва намояндагони васоити ахбори оммаи хориҷӣ ташриф оварда буданд.

Пас аз ба итмом расидани кори Ҳамоиш аз натиҷаи он, Эъломияи панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварии Осиё дар Душанбе қабул ва пешниҳоди умум гардид, ки дар он тамоми масъалаҳои ба фаъолияти Машварат дахлдошта дарҷ карда шуданд. Бинобар ин, тасмим гирифтем баъзе аз нуктаҳои банди онро мавриди омӯзиш қарор диҳем:

Аввалан, ҳамоиши мазкур бори дигар нақши калидӣ доштани Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар қитъаи Осиё ва ҳадафу меъёру принсипҳои байналмилалии сатҳи ҷаҳониро эҳтиром ва эътироф доштани аъзои Машварати мазкурро собит намуд. Аз ин рӯ, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои узви МҲТБО минбаъд низ он пешниҳоду тадбирҳое, ки дар қитъи Осиё аз ҷониби СММ мавриди амал қарор мегиранд, якдилона дастгирӣ ва ҷонибдорӣ менамоянд.

Дуюм, масъалаи амну оромӣ, сулҳу субот ва аз роҳҳои мусолиҳатомези ҳаллу пешгирии моҷарову нооромӣ дар қитъаи Осиё, яке аз ӯҳдадорҳои давлатҳои узви МҲТБО шуморида шуд. Бешубҳа, айни замон масъалаи амният ва таъмини самаранокии он на танҳо дар қитъаи Осиё, балки дар ҷаҳон ташвишовар ба шумор меравад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз он моҷароҳое, ки миёни давлатҳои узви МҲТБО мавҷуданд, хусусияти таърихӣ, баҳсбарангез ва ҳасос доранд. Аз ин лиҳоз, барои ҳал ва пешгирии баҳсу мунозираҳои мавҷуд буда, усули якдигарфаҳмӣ ва гузаштҳои бародарона зарур меояд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат дар суханронии худ дар Машварат таъкид карданд: «Айни ҳол минтақаи фарохи Осиё бо таҳдидҳое рӯ ба рӯ аст, ки дар пасманзари онҳо тақдири таърихии мардум дар роҳи саъю талошҳо баҳри рушди иқтисодию устувори муштарак ва пешрафт бо ҳам пайвастаанд…Зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамоно ба аминияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хатар ба бор меоранд…Мубориза бо ин таҳдидҳо аз ҳамаи давлатҳои аъзои Машварат андешидани тадбирҳои муштараки таъхирнопазирро тақозо менамояд».

Сеюм, дар Ҳамоиши байналмилалӣ сарони кишварҳои узви МҲТБО бори дигар таъкид намуданд, ки «раванди сулҳу оштӣ дар Афғонистон бояд фарогири ризоияти афғонҳо ва марбут ба афғонҳо бошад». Яъне, он давлатҳо ва ташкилотҳое, ки дар раванди барқароркунии сулҳу оромӣ дар Афғонистон фаъол ва тасмимгиранда мебошанд, бояд сараввал манфиатҳо ва назари мардуми афғонро ҷиддӣ ба назар гиранд. Зеро, воқеият ва таҷрибаи чандинсола доир ба бӯҳрони Афғонистон нишон дод, ки мақсад ва ҳадафҳои мардуми Афғонистон аз ҳама муҳимтару волотар мебошанд.

Айни замон дар раванди барқароркунӣ ва миёнчигарӣ дар гуфтушунидҳои сулҳ дар Афғонистон, аз ҷониби давлатҳои қитъаи Осиё як қатор тарҳҳои гуногун вуҷуд доранд. Ба монанди, «Москва-намояндагони вежаи машваратии шашҷониба Россия, Афғонистон, Хитой, Покистон, Эрон ва Ҳиндустон» аз Федератсияи Россия, «гурӯҳи чорҷонибаи ҳамоҳангсози Хитой, Афғонистон, Покистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, «Қалби Осиё-раванди Истанбул» аз Ҷумҳурии Туркия ва ғайра.

Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ дар ин масъала таваҷҷуҳ дошта, чандин ташаббусҳо ва конфронсҳои сатҳи баландро ташкил ва баргузор намудаанд. Яке аз тарҳҳое, ки давлатҳои минтақа дастгирӣ менамоянд, ин «Кишварҳои Осиёи Марказӣ-Афғонистон» ба ҳисоб меравад. Ба назари мо, агар давлатҳои узви МҲТБО низ дар ҳошияи тарҳҳои мавҷудбуда, тарҳи нави ҳамгироиро таҳия ва созмон дода, бо принсипҳои якдилона, дастаҷамъона ва беғаразона амал намоянд, сулҳу субот дар Афғонистон таъмин хоҳад шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои минтақа чандин ташаббусҳо, конфронсҳо ва лоиҳаҳои сатҳи байналмилалиро доир ба бӯҳрони Афғонистон пешниҳод, дастгирӣ ва баргузор намудааст. Тайи ду соли охир бо ташаббуси Тоҷикистон ва дар шаҳри Душанбе Кофронсҳои байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» (3-4-уми майи соли 2018) ва «Ҳамкорӣ байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» (16-17-уми майли соли 2019) баргузор гашта буд. Дар чорабиниҳои мазкур, намояндаҳои расмии сохторҳои дахлдор, коршиносон ва олимони дохиливу хориҷӣ иштирок ва суханрони намуда, доир ба қазияи Афғонистон низ дидгоҳ ва андешаҳои муфидро иброз доштанд.

Мавриди зикр аст, ки масъалаи Афғонистон дар сатҳи роҳбарияти кишвари мо аз чандин минбарҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва ҳатто дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ, доимо мавриди таваҷҷӯҳ ва баррасӣ қарор мегирад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар панҷумин Ҳамоиши МҲТБО ба ин масъала ишора карданд: «Вазъияти печидаи Афғонистони ҳамсоя низ боиси нигаронии ҷиддии мо гардидааст. Андешидани чораҳои самарабахш ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла давлатҳои аъзои МҲТБО дар ин ҷода метавонанд ба ҳалли қазияи Афғонистон мусоидати воқеӣ намоянд. Дар ин зимн, мусоидат ҷиҳати ҷалби Афғонистон ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар доираи панҷ ченаки Машварат метавонад нақши муҳим дошта бошад».

Чорум, доир ба масъалаҳои об ва захираҳои обӣ низ дар Эъломияи панҷумин Ҳамоиши МҲТБО банди махсус оварда шудааст, ки чунин таъкид мешавад: «Мо бо истинод ба қатъномаи 71/222 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 21 декабри соли 2016 кӯшишҳоро дар самти баргузории «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки барои муколама ва мубодилаи иттилоот, таҷрибаву малакаи пешрафта шароит фароҳам оварда, барои расидан ба ҳадафу вазифаҳо дар самти рушди устувори марбут ба захираҳои обӣ воситаи муҳим мебошад, истиқбол мекунем».

Бояд қайд кард, ки мувофиқи назари коршиносон ва таҳлилгарон норасоии оби тоза ва захираҳои он дар чанд даҳсолаи оянда масъалаи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад шуд. То соли 2025 баъзе давлатҳои ҷаҳон аз оби ошомиданӣ танқисӣ кашида, тахминан дар соли 2030 ба 47% шаҳрвандони як қатор кишварҳои ҷаҳонӣ нарасоии оби тозаи ошомиданӣ таҳдид менамояд.

Айни замон бештари захираҳои оби ошомиданӣ дар қитъаи Осиё мавҷуданд. Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Хитой, Покистон, Индонезия, Бангладеш ва ғайра ба об талаботи бештар доранд.

Бо дар назардошти ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мазкурро саривақт ва дурандешона дарк намуданд. Ин аст, ки ташаббусҳои байналмилалӣ ва минтақавии кишвари мо дар ҷаҳон давра ба давраи муайян, аз ҷумла, соли 2003 «Соли оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», Соли байналмилалии «ҳамкориҳо дар соҳаи об, соли 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул ва мавриди татбиқ қарор гирифта истодаанд. Дар умум, кишварҳои минтақаи Осиё ва хусусан ҳамон кишварҳое, ки талаботашон ба об бештар аст, бояд ба истифодаи оқилона ва сарфакоронаи захираҳои обӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.

Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар бо ташкил ва баргузории чунин Ҳамоиши байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки давраи Раёсати Тоҷикистон дар МҲТБО барои солҳои 2018-2020 муваффақона хоҳад гузашт. Дар ҳақиқат, он фазое, ки рӯзҳои 15-16-уми июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе барои иштирокчиёни Ҳамоиши панҷумин МҲТБО омода шуда буд, баъзе доираи давлатҳои узв интизор набуданд. Аз ин рӯ, бо муваффақият анҷом ёфтани кори Ҳамоиши мазкур бори дигар имиҷи мусбати кишвари моро дар ҷаҳон баландтар намуд.

Эъломияи панҷуми Ҳамоиши МҲТБО аз сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои узви Машварат талаб менамояд, ки онро дар амал дастгирӣ намуда, якдилона ва ҳадафмандона татбиқ намоянд.

Азимзода Т.С., корманди Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон