Асосӣ: Амнияти минтақавӣ ЗАМИНАИ БОЪТИМОД БАРОИ ЭЪТИБОРИ БАЛАНДИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН (Дар ҳошияи Ҳамоиши 5-уми МҲТБО дар Душанбе)
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз274
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1305
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28679
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734492
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ЗАМИНАИ БОЪТИМОД БАРОИ ЭЪТИБОРИ БАЛАНДИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН (Дар ҳошияи Ҳамоиши 5-уми МҲТБО дар Душанбе)

04.07.2019

Дар шароити кунунии авҷи равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ҳар кишвару миллате бо роҳу усулҳои гуногун аз мавқеи хеш дифоъ ва ҷиҳати боло бурдани ҷойгоҳу мақомаш саъю талош мекунад. Дар арсаи сиёсати олам нақш ва аҳаммияти иқдомоти кишварҳои абарқудрат, албатта, бузург аст, аммо дар ин росто кишварҳои ҳаҷман хурд низ бо ташаббусу ибтикороте муфид метавонанд дар сафи мамолики бузург мавқеъ ёбанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи камназири он кишварҳоест, ки тӯли қариб ду даҳсолаи ахир маҳз бо ибтикороти бемислаш ба нафъи ҷомеаи башарӣ, аз қабили масоили танзими об ва зарурати ҳамкорӣ дар пояи он, проблемаҳои иқлим ва нигаҳдошти пиряхҳо, муҳим будани тадбирҳои дастаҷамъона ҷиҳати мусолиҳатомез ҳал намудани қазияи сулҳи Афғонистон ва ба монанди инҳо ба як кишвари ангуштнамо дар сатҳи ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст. Масъалаи ниҳоят муҳимми дигар, ки ҷомеаи ҷаҳониро вақтҳои ахир сахт ба ташвиш оварда, дар умум ҷаҳони муосирро нигарон кардааст, мубориза бо терроризму ифротгароист, ки дар ин масъала низ Тоҷикистон дасти кам се маротиба мизбони меҳмонону таҳлилгарон аз кишварҳои мухталифи олам шудааст.

Инак, нуқтаи авҷи баландии эътибор ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ Ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё буд, ки чанде қабл дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри гулбаоғӯшу сарсабзи Душанбе ба вуқуъ пайваст. Натиҷаҳои ин ҳамоиш ба оламиён гувоҳӣ дод, ки Тоҷикистон дар қитъаи Осиё аз мамолики сатҳи аввал аст, зеро дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин ҳамоишро кулли иштирокчиёни ин нишаст, ки дар умум беш аз 30 давлату созмонҳои байналмилалию минтақавиро намояндагӣ мекарданд, таъкид карда, ҷараёни он ба таври густарда аз ҷониби беш аз 650 воситаҳои ахбори ҷаҳонӣ намоиш дода шуд.

Бо ташкил ва дар сатҳи олӣ баргузор намудани ин ҳамоиши бузург Тоҷикистони азиз исбот кард, ки шукӯҳу шаҳомати дилхоҳ кишвар на аз ҳаҷму ҳудуди он, на аз он ки дар кадом қитъаи олам қарор гирифтааст, балки аз дипломатияи фаъол, аз қобилияти ба ҳам овардани ақлҳо, аз маҳорати дуруст муайян кардани роҳу усулҳои пешрафт, пешниҳод кардани ҳадафҳои сулҳу осоиш ва аз миён бурдани ихтилофоти миёни кишварҳо вобастагӣ дорад.

Ниятҳои неки Тоҷикистон ва раҳбари муаззами он – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи асосии ин вохӯрӣ ва тариқи меҳмоннавозии роҳбарону намояндагони меҳмон дар амал татбиқ гардид: аксарияти онҳое, ки бори аввал ба ин кишвари биҳиштосо омаданд, аз фарҳангу тамаддун ва дарунмояи аслии идеологияи миллии тоҷикон, ки сулҳу ваҳдат аст, огоҳ шуданд ва хулоса карданд, ки минбаъд бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Аз ин нуқтаи назар, ин ҷамъомади давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё дар муаррифӣ ва баланд гардидани обрӯю эътибор ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Бояд ҳамагон бо хушнудӣ ва ифтихор аз ин давлати бузургамон иқрор шавем, ки барои мардуми тоҷик ин ҷаласаи хеле шукӯҳманд мояи ифтихор ва шарафи бузурге буд. Дар ҳамоиши мазкур на фақат масоили ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди кишоварзӣ, сайёҳӣ, ҳамзамон масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд, аз қабили мубориза бо терроризму ифротфгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар масъалаҳои муҳим матраҳ гардиданд, ки барои ҳама давлатҳои Осиё ва умуман ҷаҳон, хеле муҳим ба шумор мераванд.

Натиҷаҳо ва аҳаммияти ин ҷаласаи муҳташам барои ҳар яки мо бояд ҳисси масъулият ва ифтихорро аз Тоҷикистон ва раҳбари муаззами он тақвият диҳад, зеро дар замони муосир муҳимтарин чизе, ки мамлакатҳо ва ҳалқҳоро ба ҳам меорад ва боиси пешрафти умум мешавад, ин ба вуҷуд овардани боварию эътимод миёни давлатҳо мебошад.

Ҳоло ҷаҳони муосир ба буҳрони шадиде дучор омадааст, ки заминаи асосии он – набудани эътимоду боварӣ ба ҳамдигар аст. Ҳоло ҳам дар бархе васоити ахбори ҷаҳонӣ аз Тоҷикистону вазъи сиёсию иҷтимоии он ахбори дурӯғин паҳн карда мешавад, ки сарчашмаи онҳо ҳамон нафаронест, ки нисбат ба миллату давлати Тоҷикистон, нисбат ба арзишҳои миллию марбут ба истиқлоли он хиёнатҳо кардаанд. Ҷойи пинҳон карданаш нест, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣҳатто вазъро дуруст аз дохил наомӯхта, бо ин нафарони хиёнатпеша ҳамовоз мешаванд, ки ин кор садди эътимоду боварӣ мегардад.

Аммо ҳақиқат чизе нест, ки доим пинҳон монад. Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами мардумаш доиман барои тинҷу осуда нигаҳ доштани на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми кишварҳои ҷангзада пайиҳам ташабусу ибтикорот нишон медиҳад ва ҳамеша хостори бо роҳи сулҳу салоҳ ва музокироту ҳамкориҳо ҳал кардани дилхоҳқазияи сиёсиву иҷтимоист.

Мисоли равшани ин андеша ҳамин аст, ки агар ба Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ бовару эътимод намебуд, ин ҳамоиш бо иштироки беш аз 30 раҳбару намояндагони мамлакатҳои олам ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣдар ватани мо баргузор намешуд. Дар кори байналхалқӣҳеҷ як иқдом бе омӯзиши пешакӣ ва маълумоти дақиқу аниқ ба роҳ монда намешавад. Барои аксар кишварҳои дунё комилан яқин шуд, ки Тоҷикистон бо азму иродаи бузурги халқи тоҷик ва ташаббусу ибтикороти бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ оқибатҳои низои дохилиро бартараф карда, рӯ ба ҷониби пешрафти устувор ниҳодааст.

Дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари Тоҷикистон дар баробари ҳалли масъалаҳои дохилидавлатӣ, инчунин проблемаҳои глобалии сайёра, ташкили ҳамкориҳои судманд миёни давлатҳои ҷаҳон, пешниҳоди ҷолиб дар масъали иқлим ва муҳити зист қарор гирифт. Ном ва ибтикороти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи фаъолияти роҳбари содиқ ба арзишҳои башарӣ, ба фарҳанги волои муомила дар сатҳи ҷаҳонӣ вирди забони ҷаҳониён шуд. Омадан ва аз фарҳанги асили тоҷикон огоҳ шудани роҳбарону намояндагони кишварҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои васеъ ва густарда миёни Тоҷикистону ин кишварҳо ва созмонҳо, ворид гардидани сармояи хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва аз ҳама муҳим тақвият ёфтани боварию эътимод бузургтарин натиҷаи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё буд. Муҳимтарин натиҷаи ин ҳамоиш ҳамин аст, ки нуфуз ва дар оянда роҳи Тоҷикистонро дар равобити байналмилалӣ ва ҳалли масоили иқтисодӣ ҳамвор хоҳад кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш воқеан фарҳанги волои инсондӯстона ва меҳмоннавозии мардуми тоҷикро нишон дод. Аз як тараф, вохӯрию суҳбатҳо бо роҳбарони меҳмон, аз ҷумла бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен, Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ветнам хонум Данг Тхи Нгок Тхин, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва аз тарафи дигар, ба меҳмонон намоиш додани дастовардҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ ва имконоти рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон симои роҳбари Тоҷикистонро ҳамчун шахсияти фаъоли сатҳи байналхалқӣ муаррифӣ карданд.

Хулоса, метавонем гуфт, ки Ҳамоиши 5-уми МҲТБО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун раванди Душанбе дар самти мубориза бар зидди таҳдидҳои муосири минтақавӣ ва ҷаҳонӣ заминаиҷиддии сиёсӣ барои МҲТБО гардида, миллату давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сазовори нуфуз эътибору эътимоди баланд гардид.

И. Файзов, коршиноси МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.