Асосӣ: Сиёсати хориҷӣ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз340
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1371
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28745
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734558
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН

02.07.2019

Чанде пеш дар ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як воқеаи сиёсии сатҳи байналмилаӣ рух дод. Душанбе шаҳри сулҳу дӯстӣ, шаҳри олами гулҳо, ширкаткунандагони Ҳамоиши панҷуми Созмони "Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё" (МҲТБО)-ро, ки бо даъвати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти раёсати Роҳбари давлати он баргузор гардид, бо истиқболи гарм пазируфт. Ҳамоиши навбатии Сарони давлат ва ҳукуматҳои кишварҳои қитъаи Осиё бо иштироки 27 узви доимӣ, 8 кишвари нозир ва 5 созмони байналмилалӣ ва намояндагони зиёди ваколатдор ва ВАО-и ҷаҳон баргузор шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14-15 июни соли равон доир гардид.

Ҳамоиш (Саммит) аз ҷониби беш аз 650 хабарнигори воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои ҷаҳон инъикос шуд, ки бешубҳа, миллионҳо нафар сокинони сайёра бори дигар ба Тоҷикистони ҷавон, вале соҳибистиқлол ва сулҳхоҳ ошноӣ пайдо карданд, ки дар муаррифии ташаббусҳо ва кӯшишҳои ба манфиати умумибашар равонашудаи ин форуми байналмилалӣ ва обрӯйи мусбати кишварамон саҳми хеле бориз дорад.

Моҳият, ҷавҳар ва фалсафаи худи ин тарзи ҳамкории МҲТБО тафовути асосии он аз дигар навъҳои ҳамкорӣ мебошад. Яъне дар меҳвари он муколама қарор гирифтааст, ки барои тамоми фаъолиятҳои баъдии он замина мебошад. Аз ин рӯ, ба хотири дар чорчӯбаи амну субот ҳифзу идора кардани равандҳои мухталифи қитъа, таъсири ҷонибҳои дигари низоми муосири ҷаҳонӣ, кишварҳоро ба андеша водор кард, ки барои манфиати ҳамагонӣ як сохтори муштаракро таъсис диҳанд ва иҷрои ин масъулияти муштарак ва ҳадафи асосӣ, яъне эҷоди фазои боварӣ ва нияти некро дар пояи боварӣ байни кишварҳои он таъмин созанд. Бинобар ин, ин созмон ҳамчун шакли нодири ҳамкорӣ ва эҷоди эътимод дар қитъаи Осиё мебошад, ки нақши бисёр муҳим ва наҷибро ба зимма дорад, зеро амнияту суботи қитъаи номбурда ба амнияти ҷахон робитаи ногусастанӣ дорад ва аз ин рӯ, он масъалаи танҳо як қитъа буда наметавонад.

Бояд ҳам зикр шавад, ки ин як шакли ҳамкориро бо натиҷаҳои миқдорӣ андозагирӣ кардан чандон дуруст нест, зеро он бештар натиҷагирии сифатии кишварҳои аъзо ҳаст.

Сохтори МҲТБО, ки дар он 90% хоки қитъа ва аҳолии онро фаро гирифта шудааст, аз ниҳоди олии тасмимгиранда,- Саммити сарони давлатҳо ва Ҳукуматҳои кишварҳои аъзо, Машварати вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзо, Кумитаи кормандони аршад ва гурӯҳҳои махсуси корӣ, Котибот аз ҳисоби коршиносони ҳирфавӣ, босалоҳият ва дипломатҳои ботаҷриба таъсис дода мешавад, иборат мебошад. Оғози масъалаҳои вобаста ба амнияту суббот дар ин қитъаи бузург, пеш аз ҳама, тариқи ҷустуҷӯи сабабҳо ва решаҳои носуботиҳо ва мушкилот шурӯъ мешавад,ки ин ҳамчун яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи МҲТБО мебошад. Ин сабабу решаҳое, ки дар оянда дар ин ё он кишвар, дар сатҳи қитъа мушкилсоз шуда метавонанд, аз тарафи ин гурӯҳҳо таҳқиқ шуда, ба Кумитаи мансабдорони аршад ва пас Котиботи он пешниҳод мешаванд. Котибот дар асоси он барои ҷаласаи Вазирони корҳои хориҷӣ мавзуҳои баррасишавандаро пешкаш мекунад. Яъне тамоми фаъолияти ба ҳар навъ ҳамкориҳо равона шуда, аз эътимод оғоз ва ба пояи он ба роҳ монда мешаванд. Ҷаласаи Вазирони корҳои хориҷӣ ҳамчун ниҳоди муҳимтарини Машварат мебошад ва дар ду сол як маротиба доир мегардад, тамоми масъалаҳоро баррасӣ ва натиҷаҳои хулосавии онро ба Ҳамоиши сарони давлатҳо ва Хукуматҳо ба ҳайси ниҳоди олии МҲТБО, ки дар ҳар чор сол як маротиба, дар кишвари ба садорати он интихобшуда доир мегардад, манзур менамояд. Бояд ёдовар шуд, ки тамоми масъалаҳои мавҷуда дар асоси эътимод ва мувофиқаи ҳамагонӣ (консенсус) қабул шуда, дар анҷоми ҳар Ҳамоиш (Саммит) дар Эъломияи он инъикос меёбанд.

Тавре маълум аст, қитъаи Осиё дар муқоиса бо дигар қитъаҳои олам хусусиятҳо ва мушаххасоти хоси худро дорад. Ин қитъа дар иҳотаи се баҳрҳои бузурги сайёра: Баҳри Ором, Ҳинд ва Атлантик қарор дошта, 30 дарсади минтақаи ҷаҳонро ишғол карда, дар он беш аз 60 дарсади аҳоли рӯйи замин сукунат доранд. Қитъа макони фарҳангҳои хеле бостонии инсоният аст, ки кишварҳои он, ба монанди Юнон, Миср, Чин, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Эрон ва дигарон дар бунёди тамаддуни башарӣ саҳми бузург доранд. Бо дарназардошти ин зарфияти фикрӣ ва тамаддунӣ, дар қарни мо низ ин ҳавзаҳои тамаддунӣ ва фикрӣ дар тарзи ҳамзистиии осоишта нақши умда дошта метавонад, ки кӯшиши ба он рӯ овардан яке аз рисолатҳои боарзиштарини МҲТБО мебошад. Ҳамчунон қитъаи Осиё макони фарҳангҳои гуногуни дунёст, ки дар он панҷ бузургтарини динҳои ҷаҳонӣ, равияҳову мактабҳои бузурги қадимаи фалсафӣ, илмӣ, фарҳангӣ ба вуҷуд омадаанд ва макони чандин ҳазор забонҳои бумӣ мебошад.

Аз ҷониби дигар , дар ин қитъа, пас аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, дар асари сиёсатҳои абарқудратон, нуқтаҳои ноамн ва шиканандаву осебпазир ҳам бештар шуданд, ки алҳол ба 37 адад мерасанд. Аз ин рӯ, кам кардани ин гуна нуқтаҳои ташаннуҷ, бори дигар зарурат ва нақши умдаи МҲТБО-ро дар таъмин амнияту субот ва тавсеаи ҳамкориҳо, ки аз ҳам ҷудонопазиранд, таъкид месозад. Ба ақидаи бисёр олимон қарни 21 қарни Осиё хоҳад буд, ки бори дигар гувоҳи аҳамияти Осиё дар ҷаҳон аст. Бо дарки зарурат ва нақши мусбати он, ҳамкории он бо созмонҳои дигари байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, тариқи имзои Ёддоштҳои тафоҳум амалӣ мешавад. Ҳамчунон, МҲТБО ҳамчун форуми байналмилалии байнидавлатӣ аз соли 2007 то кунун дар сатҳи СММ бо қарори Иҷлосияи 62-уми Маҷмаи Умумии СММ мақоми нозирро соҳиб гардидааст.

Бо дарназардошти ин воқеиятҳо ва гуногунии кишварҳои Осиё, қарор шуд, ки фаъолияти МҲТБО аз тадбирҳои боварӣ дар соҳаи мубориза бо таҳдиду хатарҳои нав оғоз шавад. Пас аз он ченакҳои иқтисодӣ, экологӣ ва гуманитарӣ, ки барои тадбирҳои сиёсию низомӣ замина мебошанд, дар асоси фаъолияти он қарор гирифтанд.

Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хаёту фаъолитяи ин Созмони байналмилалӣ воқеан ҳам назари дақиқтар мехоҳад. Бояд зикр шавад, ки нақши назарраси Тоҷикистони соҳибистиқлолу нисбатан ҷавонро дар миқёси ҷаҳон ҳамчун кишвари ҷонибдори амну субот, ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ ва дорои таҷрибаи нодири ҳалли низоъҳоро тамоми кишварҳо эътироф кардаанд. Ва маҳз ба ин хотир аз байни 27 кишвари узви доимӣ, ки собиқаи тӯлонии сиёсӣ ва дипломатӣ доранд, Тоҷикистон чорумин кишваре аст, ки дар замони барои қитъа ҳассос ба Раёсати МҲТБО пешниҳод гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки раисии Ҳамоиши панҷуми МҲТБО-ро ба зимма доштанд, аз ҷумла Консепсияи нави амниятӣ, робитаи бевоситаи байни амнияту рушдро дар сатҳи қитъа бори дигар таъкид карданд, ки он аз чор усули асосӣ; умумӣ, фарогир, кооперативӣ ва амнияти устувор иборат буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти гуногунии фарҳангӣ, этникӣ, динӣ таърихӣ ва ғайра, ҳанӯз дар Саммити соли 2014 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин: "Осиёро хонаи умумии ҳамаи сокинони қитъа" эълон карда, таваҷҷуҳи кишварҳоро бори дигар ба масъалаҳои умдатарини қитъа, аз ҷумла таҳдидҳои анъанавӣ ва бахусус ғайрианъанавӣ, амсоли терроризм, экстремизм, ҷинояткориҳои фаромиллӣ, муҳити зист ҷалб намуданд. Аз ҷумла таъкид доштанд, ки Ҳамоиши панҷуми МҲТБО майдони мусоиди баҳс барои дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти гузашта ва нав, ҳамчунон, ташшабусҳо барои коркард ва таҳияи механизмҳои нави таҳкими эътимоду ҳамкорӣ мебошад.

Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои кишвари мо, ки дар ҳассостарин маркази қитъа ҷойгир аст, чунин таъкид карданд: "Айни ҳол минтақаи фарохи Осиё бо таҳдидҳое рӯ ба рӯ аст, ки дар пасманзари онҳо тақдири таърихии мардум дар роҳи саъю талошҳо баҳри рушди иқтисодию устувори муштарак ва пешрафт бо ҳам пайвастаанд".

Ҳамчунон, таъкид доштанд: "Баъди аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми қарни гузашта Тоҷикистон қадру қимати сулҳу суботу оромиро ва зарурати мутлақи ҳифзу таҳкими онҳоро дарк намуда, гиромӣ медорад. Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ, давоми соли гузашта ва ҷорӣ ду конфронси байналмилалии сатҳи баландро, дар мавзӯи таҳкими ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ, дар ҷодаи мубориза бо ин хатарҳои ҷаҳонӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории онҳо баргузор намуд. Дар зимн, мусоидат ҷиҳати ҷалби Афғонистон ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ дар доираи панҷ ченаки Машварат, метавонад нақши муҳим дошта бошад". Бо дарназардошти мавқеи хоси ҷуғрофии кишвар, ки 93 дарсади онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва "ҳамеша ба оқибатҳои харобиовари табиӣ ва хисороти зиёди он рӯ ба рӯ аст, пешниҳод карданд, ки василаҳои самарабахши расонидани кумаки ҳамаҷониба ба кишварҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд, таҳия гарданд".

Дар Ҳамоиши номбурда таваҷҷуҳи саривақтӣ ба масъалаҳои доғи экологӣ ҷалб гардид, ки яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои кишварҳои узви Созмони мазкур, аз ҷумла аз байн рафтани пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи об ва табъан худи ҳаёт ба шумор меравад, ҷалб карда шуд. Вобаста ба он, нақши махсус ва муассири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва ҳамкории муштарак судманд дар ин соҳа бори дигар нишон дода шуд.

Дар Эъломияи муштараки Ҳамоиши панҷуми Душанбе, тибқи дидгоҳи усулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони раисии он, тамоми масъалаҳои қитъа зери шиори "Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО" дар 49 банд ҷамъбандӣ гардиданд. Аз ҷумла дар он омадааст: "Мо (кишварҳои узв) эътироф менамоем, ки дар Осиё ва ҷаҳон тағйироти мураккабу душвор ба амал меоянд". Ин ишора бар он аст, ки танҳо ҳамкорӣ дар пояи боварӣ ба ҳамдигар метавонад амнияту суббот ва рушдро таъмин намояд.

Кишварҳои қитъаи Осиё иброз карданд, ки мо раванди идомаёбандаи ислоҳоти низоми СММ-ро, ки ба баланд бардоштани қобилияти вокуниш нишон додани он ба чолишҳои замони муосир равона гардидаанд, ҷонибдорӣ менамоем. Мо тасдиқ мекунем, ки дар замони ҳамалоқамандӣ ва ҳамбастагии ҷаҳонишуда амният мафҳуми васеъ гаштааст ва давлатҳои минтақа дар фароҳам овардани муҳити устувор, ки ба сулҳу амният мусоидат мекунад, ҳавасмандии умумӣ доранд.

МҲТБО ҳамчун механизми бисёрҷонибаи муҳими ҳамкорӣ дар минтақа бояд муколама ва ҳамкории ҳамаҷонибаро тақким бахшад ва ҳамчунин дар пешбурди амният ва рушди умумии баробар ва ҷудонопазир, ки бар тавофуқоти ягонаи айни замон бадастомада дар Осиё асос ёфтааст, нақши бузург гузорад. Тоҷикистон ҳамчун раиси Машварат ба он кӯшиш намуд, ки кишварҳо бори дигар мавқеашонро доир ба зарурати ҳалли бетаъхири низоъҳо дар асоси Оинномаи СММ, меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва инчунин қарору санадҳои дахлдор, ки дар санадҳои ҷамъбастии қаблии МҲТБО дарҷ гардидааст, тасдиқ намоянд.

Ҳамчунон, дар Эъломияи Душанбе ба шакли алоҳида таъкид карданд, ки раванди сулҳу оштӣ дар Афғонистон бояд фарогири ризояти афғонҳо ва марбут ба мардуми он давлат бошад. Ҳама кишварҳо эътироф карданд, ки терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба амният ва субот дар Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон таҳдид мекунанд. Тамоми кишварҳо даъват шуданд, ки бар зидди терроризм, экстремизм ва истеҳсоли ғайриқонунии маводи мухаддир, ки заминаи молиявиро барои террористон фароҳам меорад, муборизаи муштарак баранд.

Иштирокдорони Ҳамоиш уҳдадориҳояшонро ҷиҳати иҷрои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва меъёрҳову принсипҳои байналмилалии умумиэътироф ҳангоми иҷрои қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ намуданд. Аз таъсиси минтақаи аз силоҳи ҳастаӣ ва дигар анвои силоҳи қатли ом озодро дар Шарқи Наздик бар асоси тавофуқоти ихтиёран бадастомада байни давлатҳои манфиатдори минтақаи мазкур тарафдорӣ карданд.

Ҳамоиш бо як овоз эълом дошт, ки таъмини рушду шукуфоии фарогир ва устувори иқтисодӣ, инчунин, аз байн бурдани камбизоатӣ ва бесаводӣ яке аз тадбирҳои муассир дар самти бартараф намудани муҳити ёридиҳандаи терроризм ва экстремизм ба шумор мераванд. Ҳамчунон, кишварҳои қитъаи Осиё омодагии худро ба ҳамкорӣ дар самти таъмини дастрасӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, бо истинод ба қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ аз 21 декабри соли 2016 кӯшишҳои Тоҷикистонро дар самти баргузории "Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028", инчунин, беҳдошт барои ҳама бо мақсади расидан ба ҳадафу вазифаҳои дахлдори рушди устувори марбут ба захираҳои обӣ тасдиқ намуданд. Ҳамоиши панҷуми ин форуми байналмилалӣ гуногунии фарҳангҳоро ҳамчун захираи арзишманди Машварат дар ин қитъаи бузурги рангоранг шуморид, ки барои таҳкими пояи муколама ва эътимод ниҳоят муҳим аст

Муҳимтарин нуктаи ин нишаст ба назари мо он буд, ки тамоми кишварҳои Осиё дар андешаи таҳаввул ва такомули тадриҷии Машварат буданд ва барои ба як Созмони ҷаҳонии амнияту ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё табдил додани он изҳори назар ва якдилӣ нишон доданд. Чунин пешниҳод расман садо дод, ки дар пояи зарфиятҳову имкониятҳои фаровони қитъаи бузургтарини дунё, заминаҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Машварат, нақши геополитики қитъа ва ниҳоят амалӣ шудани он на фақат барои кишварҳои алоҳида ва ё танҳо қитъаи Осиё, балки тамоми ҷаҳон нақши мусбату ҳалкунандаро хоҳад бозид.

Имомназар Ҳақназар,

муовини сардори Раёсати таҳлил ва

ояндабинии сиёсати хориҷии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон