Асосӣ: Сиёсати хориҷӣ Истинодҳои пешниҳодкардашуда Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо
+++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз507
mod_vvisit_counterДирӯз2491
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4992
mod_vvisit_counterДар ин моҳ37580
mod_vvisit_counterҲамагӣ1680903
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июни
19
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо

27.05.2019

Сиёсати хориҷӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ буда, дар таъмини манфиатҳои миллии кишвар ва ҳифзи амнияту истиқлолияти давлат нақши муҳим дорад.

Дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла дар ду асри охир тавозуни геополитикӣ дар атрофи минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамеша дар таҳаввул буд.

Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, ин таҳаввул мураккабтар шуда, вазъияти комилан нави геополитикиро дар атрофи ин минтақа ба вуҷуд овардааст. Табиист, ки ин тағийрот ба вазъи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ҷиддии худро мегузорад.

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳо дар минтақа аҳамияти авлавиятнок дода шуда, пешбинӣ мешавад, ки таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон минбаъд низ бояд аз рӯйи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шаванд. Ҳадафҳо ва вазифаҳои муштарак дар минтақа кишварҳоро водор месозанд, ки бо истифода аз зарфиятҳои ҳар як кишвари минтақа барномаҳо ва стратегияҳои муштаракро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ коркард намуда, бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои ҳамсоя сиёсати созанда ва устуворро пеша намоянд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳатҳо ба ҳам наздик мебошанд. Гузаштаи ягонаи таърихӣ, анъанаҳои фарҳангӣ ва мазҳабӣ, шароиту мушкилоти мавҷудаи ба ҳам монанд, ҳадафҳо ва вазифаҳои муштарак ин кишварҳоро водор месозанд, ки бо ҳамдигар робитаи зич дошта бошанд.

Бинобар ин, Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ, ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ меҳисобид.

Аз ин лиҳоз, дар ҳама марҳалаҳо Тоҷикистон дар самти равобит ва сиёсати хориҷӣ ғояҳои ҳамкорӣ ва тарҳҳои ҳамгироии минтақавиро дастгирӣ намудааст. Аз ҷумла, ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (соли 1991), ғояи ташкили Созмони Иқтисодии Осиёи Марказӣ (соли 1998) ва Иттиҳоди Кишварҳои Осиёи Марказӣ мисоли он шуда метавонанд. Тоҷикистон дар ташкил ва кори чандин созмонҳои хусусияти ҳамгироӣ ва дастаҷамъона дошта, иштироки фаъол ва бевосита дошт.

Барои мисол яке аз иқдомҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев доир ба мулоқоти кории Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар остонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ пешниҳод намуд, аз ҷониби Тоҷикистон бо камоли хушнудӣ пазируфта шуд. Аз ин рӯ, 15-уми марти соли 2018 мулоқоти кории Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гашт. Дар натиҷаи мулоқоти кории мазкур кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ расман изҳор намуданд, ки барои ҳамкории минтақавӣ, дастгирии мутақобила, ҳалли муштараки масъалаҳои мубрами марбут ба амнияту субот ва рушди устувори тамоми минтақаамон талош менамоянд.

Бешубҳа, дар оянда низ ташкил ва баргузор гаштани чунин вохӯриҳо дар сатҳи Сарони давлатҳо барои ҳал ва пешгирии як қатор мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ кумак хоҳад кард.

Бояд қайд намуд, ки имрӯз ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ як қатор гурӯҳҳои ҷинояткори террористиву экстремистӣ таҳдиду хатар доранд. Мувофиқи мушоҳидаҳои охир ва таҳлилу назари коршиносони ватаниву хориҷӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Ӯзбекистон ҷангҷӯёни гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла “ДИИШ”, “Толибон”, Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон”, “Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ”, “Иттиҳодияи экстремистии Салафия”, “Ҷундуллоҳ” ва “Ансоруллоҳ” дар ҳолати омодабоши ҷангӣ қарор гирифтаанд.

Ин гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мақсад доранд, ки ҳадафҳои нопоки худро дар зери ниқоб ва парчами дини мубини ислом дар қаламрави Осиёи Марказӣ амалӣ созанд. Ҳадаф аз ҷанг ба даст овардани манфиат ва зери итоати худ даровардани минтақа аст, ки онро мехоҳанд тавассути аз байн бурдани давлатҳои милливу дунявии минтақа ва дар заминаи он созмон додани давлатҳои хусусияти ифротидошта роҳандозӣ намоянд. Мавриди зикр аст, ки гурӯҳҳои мазкурро ташкилотҳои ҷиноятии махсуси террористии байналмилалӣ миллионҳо доллар аз ҳисоби даромади гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, фурӯши одамон, пулшӯйӣ ва ғайра маблағгузорӣ намуда истодаанд.

Вобаста ба ин, рӯзҳои 16-17 майи соли 2019 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ, САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ конфронси хеле муҳиму зарурии сатҳи баландро таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» дар шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор намуданд, ки яке аз иқдомҳои саривақтӣ ба шумор меравад.

Бояд қайд намуд, ки ин гурӯҳҳои террористии мазкур қудрати рахна кардани хатти сарҳадӣ ва ворид гаштан ба кишварҳои Осиёи Марказиро надоранд, зеро кишварҳои минтақаи мазкур узви як қатор созмонҳои ҳамгироии минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай, Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд. Мувофиқи принсипу ваколатҳои созмонҳои мазкур дар ҳолатҳои фавқулода аз ҳамгироии дастаҷамъона кор мегиранд. Дар баробари ин, қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои Осиёи Марказӣ қудрат ва тавоноии кофии пешгирӣ ва бартарафнамоии чунин таҳдиду хатарҳоро доро ҳастанд.

Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати минтақавии худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ афзалияти бештар медиҳад. Ҳамчунин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба равандҳои ҳамгироии минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ нигоҳи созанда ва ҳадафнокро доро мебошанд.

Азимзода Табассум, мутахассиси пешбари

Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон