Асосӣ: Маркази матбуот БРИФИНГИ САФОРАТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАВЗӮИ "ҚАТЪНОМАИ МАҶМАИ УМУМИИ СММ "МАЪРИФАТНОКӢ ВА ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ" ВА РАВАНДИ ИСЛОҲОТИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН"
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз258
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2025
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23389
mod_vvisit_counterҲамагӣ1626003
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

БРИФИНГИ САФОРАТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАВЗӮИ "ҚАТЪНОМАИ МАҶМАИ УМУМИИ СММ "МАЪРИФАТНОКӢ ВА ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ" ВА РАВАНДИ ИСЛОҲОТИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН"

14.03.2019

Рӯзи 14 марти соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинги Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи "Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ "Маърифатнокӣ ва таҳаммулпазирии динӣ" ва раванди ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони сафоратҳои мамолики хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, донишмандону коршиносон ва рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода кушода, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон кишвари дӯсту ҳамсояи наздики мо мебошад. Боиси хурсандист, ки робитаҳои дипломатӣ, иқтисодиву фарҳангии байни ду кишвари ҳамҷавор солҳои охир беш аз пеш густурда ва мустаҳкам гардида истодаанд. Кушода шудани беш аз даҳ гузаргоҳи сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва то як моҳ бе раводид рафтуомад кардани шаҳрвандони ҳар ду кишвар, барои ривоҷу равнақи робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду давлати ҳамсоя мусоидат кард. Сафарҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тамоми самтҳои муносибатҳои ҳар ду кишвар уфуқҳои нав ба навро боз намуд. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши куллӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро аз ҷумлаи се рӯйдоди муҳими таърихии соли гузашта номида, қайд карданд: "Ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсию иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии мардум мебошад. Ба ин дастовард мо баъди мулоқоту музокироти дуҷониба, сафарҳои давлатии роҳбарони ҳар ду давлат ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни кишварҳои бо ҳам дӯсту бародар муваффақ гардидем, ки дар натиҷа рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардида, дар зарфи нуҳ моҳи соли 2018 беш аз дуюним миллион нафар шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба дидори хешу табори худ муяссар шуданд ва ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ ба маротиб таҳким ёфтанд". Бовар дорем, ки муносибатҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя ва шарики стратегӣ–Тоҷикистон ва Ӯзбекистон минбаъд низ беш аз пеш хубтару беҳтар мегарданд.

Сипас Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов дар мавзӯи "Раванди ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон" суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла тазаккур дод, ки Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ "Маърифатнокӣ ва таҳаммулпазирии динӣ", ки ташаббускораш Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст, ба ҳалли масъалаҳои мубрами замони муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш андохтааст, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, зӯроварӣ, таҳаммулнопазирӣ равона гардида, маърифатнокӣ ва таҳаммулпазирии динӣ, адолат, эҳтиром гузоштан ба динҳои дигар ва сиёсати сулҳпарваронаро дар минтақа ва ҷаҳон тарғиб менамояд. Дар Ӯзбекистон беш аз ду ҳазор ташкилотҳои динӣ фаъолият дошта, халқу миллатҳои гуногун дар ҷомеаи таҳаммулгаро осоишта зиндагӣ мекунанд. Ташаббуси Ӯзбекистон ҳамзамон барои ҳалли мушкилоти минтақа, таъмини амният ва рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Гуфта шуд, ки Қатъномаи мазкур ба таври фаъол ташаббуси Ӯзбекистонро дар масъалаи маърифатнокӣ ва таҳаммулпазирии динӣ тасдиқ менамояд. Маркази тамаддуни исломӣ, марказҳои байналмилалии илмию тадқиқотии ба номи Имом Бухорӣ, ба номи Имом Тирмизӣ, Академияи байналмилалии исломӣ дар Ӯзбекистон аз тарҳҳои бузург дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд, ки дар рушди маърифатнокӣ ва таҳаммулпазирии динӣ нақши арзишманд доранд.

Ҳамзамон, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба татбиқи раванди ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ин кишвар сухан ронда, афзуд, ки дар доираи ин ислоҳот Ӯзбекистон дар зарфи солҳои охир ба дастовардҳои чашмрас дар бахши иқтисодиёту иҷтимоёт ва илмию фарҳангӣ ноил гардидааст.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар минтақа шарикони стратегӣ буда, дар рушди устувор ва суботи минтақа нақши муассир доранд. Сафарҳои давлатии Президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар, ки моҳҳои март ва августи соли гузашта ҷараён гирифтанд, дар тавсеаи муносиботи ду давлати ҳамсоя саҳифаи нав боз карда, он яке аз се рӯйдоди муҳиму таърихӣ барои Тоҷикистон дар соли 2018 дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ шуд. Соли гузашта байни ду давлати ҳамсоя 53 созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонида шуда, 46 ҳайат аз давлатҳои ҳамдигар боздид анҷом доданд. Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли гузашта 389 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки аз рушди равобити мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии ду давлати дӯсту ҳамсоя шаҳодат медиҳад.

Баъдан директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дар мавзӯи "Вазъи динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; мушкилот ва дастовардҳо" маърӯза кард.

Дар охир директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ҳамоишро натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳамаи иштирокчиёни брифинг изҳори сипос намуд.

Брифинг дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон